Вокуниши Кабирӣ ба “маъракаи васеъи таблиғот алайҳи ҲНИТ”

  • 31 Июл, 2013

Раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вокуниш ба ончи "маъракаи васеъи родию ва телевизиюни давлатии ин кишвар алайҳи ҲНИТ" хондааст, номаи интиқодие ба раҳбарияти ин родию ва телевизиюн ирсол кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар ин номааш родию ва телевизиюни давлатиро дар интишори "таҳқир ва бӯҳтон" муттаҳам кард.

Оқои Кабирӣ аз Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи родию ва телевизиюни давлатӣ тақозо кард, ки фурсат барои посухи намояндагони ҳизбаш ба "тақҳир ва бӯҳтонҳое", ки дар барномаҳои телевизиюни давлатӣ дар чанд рӯзи ахир дар бораи фаъъолиятҳои ҲНИТ садо дод, фароҳам кунад.

Оқои Кабирӣ гуфт, ки таҳия ва нашри чунин барномаҳои таҳқиромез "хилофи қонунгузории кишвар ва сулҳу ваҳдати миллӣ буда, ба якпорчагӣ ва суботи кишвар зарба мезанад".

Чанд рӯз қабл телевизиюни давлатии ин кишвар, барномаеро дар бораи мулоқоти мақомоти ноҳия бо сокинони ноҳияи Муъминобод пахш кард, ки дар он бархеҳо аз он шикоят карданд, ки ассомии онҳо бидуни ризояташон ба суфуфи аъзоёни ҲНИТ ворид шудааст.

Аз ҷумла як марди солманд дар ин мулоқот гуфтааст, ки ӯ ва ҳамаи сокини ҷамоъати ӯ ба унвони узви ҲНИТ номнавис шудаанд, дар ҳоле, ки худи онҳо аз ин бехабаранд. Ин мард тақозо кардааст, ки ҲНИТ барои ин кор "посух гӯянд".

Солманди дигаре дар ҳамин барнома гуфтааст: "Шумо ҳизби шайтон ҳастед. Ҳизби исломӣ фақат ҳизби Худо аст, ки дар Қуръон онро "Ҳизбуллоҳ" мегӯянд." Ин суханҳо кафкубиҳои баландро ба дунбол дошт.

Аммо раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, "Агар мақсад аз пахши чунин барномаҳо таъмини гуногунандешӣ ва плюролизми сиёсӣ бошад, зарур аст, ки назари тарафи дигар ҳам дар расонаҳои давлатӣ инъикос гардад".

Муҳиддин Кабири аз родию ва телевизиюни давлатӣ тақозо кард, ки тибқи муқарароти қавонини Тоҷикистон "Дар бораи аҳзоби сиёсӣ" ва "Дар бораи матбуъот ва дигар воситаҳои ахбори омма", ба масъулони ҳизб "шароит барои нашри раддия дар ҳамон воситаи ахбори оммаи давлатӣ ва ҳамон вақти пахшгардида", фароҳам шавад.

Ин барнома, ки рӯзи 28-уми июн дар соъати 20:00 шом, ки замони "прайм тайм", унвон мешавад, зеро ин пурбинандатарин замони барномаҳои телевизиюнист, пахш шуда ва дар рӯзи оянда низ такрор шуд. Ба ин хотир дар номаи раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъкид шуда, ки соъати пахши вокуниши ин ҳизб низ дар замони мушобеҳ фароҳам шавад.

Раҳбари Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ба ин тақозои раҳбари ҳизби наҳзати исломии кишвар, умдатарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш нишон надодааст.

'Минбари умдаи мубаллиғи ҳукумат'

Интиқоди раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз раҳбари родию ва телевизиюни давлатии ин кишвар дар ҳолест, ки дар авоили соли ҷорӣ оқои Кабирӣ ин мавзӯъро дар порлумон, ҳангоми баррасӣ ва тасвиби ислоҳи қонун дар бораи родию ва телевизиюн матраҳ карда буд.

Оқои Кабирӣ дар он замон гуфта буд, ки "Телевизиюни давлатӣ моли тамоми миллат аст, моли шахсии касе ё ҳизбе нест. Аз он бояд тамоми қишри ҷомеъа истифода кунанд."

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон аз ҷумла таъкид карда буд, ки аҳзоби сиёсие, ки расман дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, бояд ҳаққи истифода аз телевизиюни давлатиро дошта бошанд ва нуқтаи назари онҳо дар шабакаҳои телевизиюн мунъакис шавад.

Зимнан телевизиюни давлатии Тоҷикистон баҳсҳои доғеро, ки гаҳ гоҳе дар порлумон иттифоқ меафтанд, барои бинандагони кишвар пахш намекунад.

Ин дар ҳолест, ки ҲНИТ тайи як соли гузашта дар пайи талошҳое нофарҷоме барои касби муҷаввиз барои таъсиси родию ва телевизиюни ҳизбӣ будааст.

Аммо масъулони ниҳоди вобаста ба Кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон, ки чунин муҷаввизро содир мекунад, гуфтаанд, ки қабл аз дархости муҷаввиз ин ҳизб бояд ҳамаи имконоти фаннӣ барои таъсиси телевизиюнро дарёфт ва мушаххасоти кормандони онро ба ин ниҳод пешниҳод кунад.

Барномае, ки боиси баҳси додгоҳии Тӯраҷонзода шуд

Барои бори нахуст нест, ки мухолифон дар мавриди яксӯя будани мӯҳтавои барномаҳои телевизиюни давлатӣ садои эътироз баланд мекунанд.

Аҳзоби мухолиф ва мунтақидони ҳукумати Раҳмон пайваста Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистонро минбари умдаи таблиғотии ҳукумати феълӣ хонда ва мегӯянд, ин родю ва телевизиюни саросарӣ намегузорад дар барномаҳояш ақоид ва дидгоҳҳои "ғайриҳукуматӣ" садо бидиҳанд.

Зимнан рӯзи 31-уми июл додгоҳи шаҳри Хуҷанд шикояти Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва мунтақиди давлатро алайҳи се тан аз уламои вилояти Суғд, мабнӣ бар "тӯҳмати" онҳо бар ӯ ва хонаводааш тавассути телевизиони давлатиро рад кард.

Ин барнома дар соли гузашта дар телевизиюни давлатии Суғд пахш шуда буд. Қозии парванда гуфтааст, ки иддаъои Ҳоқӣ Акбари Тӯраҷонзода "дар бораи паст задани шаъну эътибораш аз сӯи се рӯҳонии суғдӣ" асос надорад. Қарор аст оқои Тӯраҷонзода шикояти худро ба додгоҳи вилоятӣ бибарад. Гуфта мешавад додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил нестанд ва дастури ҳукумати иҷроияро амалӣ мекунанд.

Матолиби муртабит