ҲНИТ сафҳаи вижаи худро ба хатти форсӣ роҳандозӣ кард

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сафҳаи расмии худро дар интернет ба ҳуруфи форсӣ роҳандозӣ кардааст.
Сойти ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон аз фаъъолтарин сойтҳои аҳзоби сиёсии кишвар буда ва ҳамакнун нахустин ҳизб дар кишвар шуд, ки сафҳаи худро ба хатти форсӣ роҳандозӣ кардааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон то ҳоло ба сурати мунтазам дар сафаҳоти тоҷикӣ ва русиаш аз фаъъолиятҳои ҳизб гузориш ва таҳлилҳои соҳибназаронро дар заминаи таҳаввулоти кишвар ва минтақа интишор медод.
Дастрасӣ ба сойти ин ҳизби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон борҳо ба далоили номаълум масдуд шудааст.
Ин ҳизб тайи як соли гузашта талошҳое нофарҷом барои касби муҷаввиз барои таъсис ва фаъъолияти родию ва телевизиюн аз давлати Тоҷикистон дошт.
Аммо масъулони ниҳоди вобаста ба Кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон, ки чунин муҷаввизро содир мекунад, гуфтаанд, ки қабл аз дархости муҷаввиз ин ҳизб бояд ҳамаи имконоти фаннӣ барои таъсиси телевизиюнро дарёфт ва мушаххасоти кормандони онро ба ин ниҳод пешниҳод кунад.
Масъулони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, омода кардани имконоти фаннии шабакаи телевизиюнӣ метавонад дар сурати радд шудани дархост барои ҳизб зараровар бошад.
Бо ин ҳол раҳбари ин ҳизб таъкид кардааст, ки ҳизбаш ба талошҳои худ барои таъсиси родию ва телевизиюн идома хоҳад дод.
