Корзори расонаии давлат алайҳи мухолифон дар Тоҷикистон

Бо наздик шудани замони интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ, муборизаи сиёсӣ миёни ҳизби ҳокими халқи демукрот (ҲХДТ) ва рақиби аслии он, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), шиддат мегирад.
ҲНИТ давлатро бо ишора ба барномаҳои таблиғотии телевизиюнӣ алайҳи ин ҳизб ба роҳандозии корзори расонаӣ алайҳи ин ҳизб муттаҳам кардааст. Кумитаи давлатии родию ва телевизиюн ин иддаъоҳоро рад карда ва аммо аз додани минбар ба ҲНИТ худдорӣ мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ ва раҳбари ҲХДТ, ки аз соли 1992 дар сари қудрат аст, ҳанӯз эълом накарда, ки оё дар интихоботи қарибулвуқӯъ худро номзади раёсати ҷумҳурӣ хоҳад кард ё хайр. Бо ин вуҷуд, ҳамагон интизор доранд, ки ӯ дар ин интихобот ширкат кунад.
Таблиғоти ҳизби ҳоким
Таблиғоти раҳбари ҲХДТ барои интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябр, ҳарчанд ғайрирасмӣ, аммо дарвоқеъ оғоз шудааст.
Мулоқотҳои зиёди номзади эҳтимолӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони манотиқи мухталифи кишварро, ки дар телевизиюнҳои давлатӣ бозтоби густарда доранд, метавон бахше аз таблиғоти интихоботӣ унвон кард.
Рӯзи 4 июл ӯ бо муллоҳо ё рӯҳониёни таҳти нуфузи давлат дидор дошт. Бархе аз суханронҳо дар ин мулоқот раиси ҷумҳуриро "шоҳ" ва "фиристодаи худо" унвон карданд. Онҳо ҳатто пешниҳод карданд, ки калимаи "ислом" аз унвони ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ барчида шавад.
Дар вокуниш ба ин, Саидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари ХНИТ, тавзеҳоте ироа дод ва гуфт ҳассоияте, ки дар ин мулоқот алайҳи ҳизбаш нишон дода шуд, бахше аз фишорҳои идомадори мақомоти давлатӣ алайҳи ҲНИТ аст.
Мулоқотҳои мушобеҳе дар шаҳру навоҳии кишвар бидуни ҳузури раиси ҷумҳурӣ низ баргузор шуданд. Ин мулоқотҳо дар телевизиюнҳои саросарии давлатӣ, замоне ки чашму гӯши мардум ба телевизиюн аст ("прайм тайм"), бозпахш шуданд. Унвони ин барномаҳо "вокунишҳо ба мулоқоти раиси ҷумҳурӣ бо рӯҳониён" буд.
Дар ин барномаҳо мардум ба тавсифу ситоиши президент мепардозанд ва мегӯянд, ки ҳамеша тарафдори ӯ хоҳанд буд ва "ҳеҷ гоҳ ҳушёрии сиёсии худро аз даст намедиҳанд."
Ибрози назароти бавижа тунде алайҳи ҲНИТ дар мулоқоте, ки дар ноҳияи Муъминобод баргузор ва рӯзи 28 июл дар телевизиюн бозтоб ёфт, мушоҳида мешуд. Тақрибан ҳамаи афроде, ки назди микруфун омаданд, бо шумули як рӯҳонии маҳаллӣ, аз ҲНИТ барои истифода аз калимаи "ислом" дар номи ин ҳизб интиқод карданд.
Як пирамард гуфт: "Шумо ҳизби шайтон ҳастед. Ҳизби исломӣ фақат ҳизби Худо аст, ки дар Қуръон онро "Ҳизбуллоҳ" мегӯянд." Дар гузориши дигаре, ки рӯзи 6-уми август дар телевизиюни давлатӣ пахш шуд, ду сокини ноҳияи Восеъ иддаъо карданд, ки асомии онҳо бидуни ризояташон ба феҳристи аъзои ҲНИТ ворид шудааст.
Дар ин гузориш, ки хабари аввали барномаи ахбори телевизиюн буд, гуфта шуд, ки ин афрод иддаъоҳои худро дар мулоқоти фаъъолон ва рӯҳониёни маҳаллӣ, ки ҳадафаш баррасии мулоқоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳониён буд, матраҳ карданд.
Корзор алайҳи ҲНИТ
Мақомот дар бораи таблиғоти расонаии худ алайҳи ҲНИТ, ҳизбе ки дар солҳои ахир шумори тарафдоронаш мунтазам дар ҳоли афзоиш аст, мегӯянд, ки ин ҳизб метавонад нерӯе бошад, ки субот дар кишварро ба ҳам занад.
ҲНИТ дар зарфи як соли ахир ба сурати афзояндае мавриди фишори давлат қарор гирифтааст. Ин ҳизб гузориш дод, ки мақомоти маҳаллӣ иҷозаи баргузории ҷаласоти ҳизбӣ дар минтақаҳоро намедиҳанд ва бархе аз аъзои ҳизбро водор ба қатъи узвият дар ҳизб кардаанд. ҲНИТ ҳамчунин дар бораи ҳамлаҳои машкук алайҳи бархе аз аъзояш гузориш додааст.
Дар таҳаввуле дигар раҳбари бахши маҳаллии ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ, дар вилояти худмухтори Бадахшон, тавассути телевизиюни саросарӣ алайҳи ҳизби худ шикоят кард. Ин изҳороти Асрор Булбулов ба вокунишҳое доман зад. Аз ҷумла ин иддаъо матраҳ шуд, ки ин мард таҳти фишори мақомот муҷбур шудааст алайҳи ҲНИТ сухан гӯяд.
Оқои Булбулов, ки батозагӣ раҳбарии ҲНИТ-ро дар шаҳри Хоруғ бар ӯҳда гирифта буд, аз ҷумла дар изҳороташ гуфт: "Мо эълом мекунем, ки фаъъолияти ҲНИТ дар Бадахшон бояд қатъ шавад. Аслан ба ин ҳизб ягон ниёз вуҷуд надорад."
Ӯ гуфт, ки вай аз мақоми раҳбарии ин ҳизб дар Бадахшон канор рафта ва афзуд: "Ин ҳизб алайҳи манфиъати мо аст."
Оқои Булбулов ин изҳороти худро дар рӯбарӯи дурбин бо садое заъифу машкук қироат кард. Сараш ба тарафи чап хам шуда буд ва зоҳиран изҳоротро аз рӯйи коғаз мехонд. Мавқеъияти ӯ дар тӯли тамоми мусоҳиба иваз нашуд.
Ин мусоҳибаи нӯҳдақиқаӣ дар буллетани хабарии Ахбор, пас аз гузорише дар бораи сафари оқои Раҳмон ба Эрон ва мусоҳибаи ду сокини ноҳияи Восеъ дар бораи тақдири онҳо аз мулоқоти раиси ҷумҳурӣ бо рӯҳониён дар ҷойи сеюм қарор гирифта буд.
Ин бори нахуст буд, ки ба як узви ҳизби наҳзати исломӣ дар телевизиюни саросарӣ минбар дода шуд. Мусоҳибаи оқои Булбулов дар ҳамаи барномаҳои хабарии шоми он рӯз такрор шуд.
Изҳороти Булбулов
Рӯзи дигар изҳороти оқои Булбулов дар ҳамаи расонаҳо ва матбӯъот пӯшиш ёфт ва бо вокунишҳои зиёди мухотабон мувоҷеҳ шуд.
Дар ин миён Муслима Броимшоева, раҳбари бахши маҳаллии ҲНИТ дар вилояти Бадахшон, гуфт, ки маъмурони амниятӣ оқои Булбуловро таҳти фишор қарор додаанд.
Ӯ гуфт ахиран оқои Булбулов ба вай гуфтааст, ки бим дорад, ки "тақдири Шерик Карамхудоев ӯро низ таҳдид мекунад." Шерик Карамхудоев, ки дар моҳи июли соли гузашта, дар ҷараёни амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ боздошт шуда буд, чанде пеш барои 14 сол маҳкум ба зиндон шуд.
Хонуми Броимшоева изҳороти оқои Булбуловро "беасос" хонд ва гуфт, ки ӯро мешиносад ва баъид буд аз ӯ "изҳороти тӯҳматангезе" алайҳи ҲНИТ пахш шавад.
Бахши маҳаллии ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ пас аз ин изҳороти оқои Булбулов дар телевизиюн ҷаласаи изтирорие баргузор кард ва изҳороти ӯро маҳкум кард. Раҳбари ин бахш аз ҷумла гуфт: "Асрор Булбулов ҳаққи пахши изҳорот аз номи тамоми вилояти Бадахшонро надорад."
Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи ҲНИТ, гуфт, ки оқои Булбулов воқеъан раҳбари бахши маҳаллии ҳизб дар шаҳри Хоруғ буда ва ахиран аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт ва ба Душанбе эъзом шуда буд.
Баҳс дар шабакаҳои иҷтимоъӣ
Аксари назароте, ки дар вокуниш ба ин гузоришҳо дар расонаҳои иҷтимоъӣ пахш шуд, ба тарафдорӣ аз ҲНИТ буд. Бархе аз назароте ҳам буданд, ки дилсӯзии худро ба оқои Булбулов изҳор доштанд.
Корбар Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари ҲНИТ, дар вебсойти ин ҳизб тавзеҳотеро зери гузориш дар бораи ин мусоҳибаи телевизиюнӣ нашр кард. Ӯ гуфт, ки соли гузашта, пас аз тазоҳуроти эътирозии зиддидавлатӣ дар Хоруғ "Булбулов ба унвони нафари фаъъол дар ин эътирозҳо дар феҳристи сиёҳи ниҳодҳои интизомӣ қарор гирифт."
Оқои Ҳайит иддаъо кард, ки мақомот ӯро маҷбур кардаанд, ки дар телевизиюн чунин изҳороте пахш кунад. Ӯ афзуд, ки ин мусоҳиба ҳадафе ба ҷуз бадном кардани ҲНИТ надошт. Ба гуфтаи ӯ, мақомот аз он бим доранд, ки мардум дар интихоботи қарибулвуқӯъ ба монанди интихоботи порлумонии соли 2010 ба тарафдорӣ аз ҲНИТ раъй хоҳанд дод.
Корбаре, ки худро "Асрор" муъаррифӣ карда, дар зери ин назар дар вебсойти ҲНИТ навиштааст: "Шумо дурӯғ мегӯед. Касе маро маҷбур накардааст [изҳорот пахш кунам]. Ман ба касе иҷоза намедиҳам маро лату кӯб кунад. Хоҳиш мекунам, дурӯғ нанависед, вагарна ман маҷбур мешавам ҳарфҳое бизанам, ки набояд гуфта шаванд."
Корбаре, ки худро "Одам" муъаррифӣ карда, дар ин бора назаре таҳти гузориши Тоҷнюз навишта ва гуфтааст: "Ман ин изҳоротро дар телевизиюн дидам. Бечора бисёр нигарон ва тарсида буд ва иштибоҳ мекард. Ба назар мерасид аз коғазе, ки барояш омода кардаанд, мехонад."
"Ба фикрам, ин бечораро чунон задаанд, ки ӯ ҳар коре, ки гӯянд, мекунад. Мутаассифона, давлат мехоҳад аз ин тариқ мушкилотро пинҳон кунад. Аммо ин роҳи дуруст нест. Ин роҳест, ки мардумро ба хунрезӣ оварда буд."
Маҳрумияти ҲНИТ аз минбари телевизиюн
Дар вокуниш ба таблиғоти зидди ҲНИТ аз сӯйи мақомот, ин ҳизби мухолиф аз телевизиюни давлатӣ хоста буд, ки барои посух додан ба "туҳматҳо" алайҳи ҳизб ё раддия тавассути ин телевизиюн шароит фароҳам кунад.
Аммо Кумитаи давлатии родию ва телевизиюн ин дархостро рад кард ва навишт: "Ҳадафи аслии фаъъолияти мо нигаҳдории субот ва ваҳдат дар кишвар аст. Барои ҳамин, мо ҳеҷ гоҳ туҳмат ва таҳқир пахш намекунем."
Дар номаи ин кумита ҳамчунин омадааст, ки агар манзури ҲНИТ гузоришҳо дар бораи мулоқоти рӯҳониён дар шаҳру навоҳии кишвар бошад, пас бояд таъкид шавад, ки ибрози назар дар ин мулоқотҳо ҳаққи конститутсионии ҳар ширкаткунанда барои ибрози назари шахсӣ аст.
Собиқа
Дар Тоҷикистон, кишваре бо ҳашт милюн ҷамъият, моҳи ноябри соли ҷорӣ интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бонуфузтарин ҳизби сиёсӣ пас аз ҳизби ҳоким ва танҳо ҳизби мазҳабӣ дар Осиёи Миёна аст, ки ба сурати қонунӣ фаъъолият дорад.
Ин ҳизб дар замони ҷанги дохилии панҷсола бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар набард буд. Ҷанге, ки дар соли 1997 бо миёнҷигарии СММ ба анҷом расид. Муҳиддин Кабирӣ, ки пас аз марги Саид Абдуллоҳи Нурӣ раҳбарии ҲНИТ-ро ба ӯҳда дорад, ахиран гуфт, ки ҲНИТ аз номзади ҳизби ҳоким дар интихоботи қарибулвуқӯъ ҳимоят нахоҳад кард.
Чаҳор ҳизби мухолифи давлат, яъне ҲНИТ, ҳизби демукрот, ҳизби сусиёлист ва ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ахиран эътилофе ба номи "Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳталаб барои интихоботи демукротик" созмон доданд, то номзаде ягона ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кунанд.
