Ҳаит телевизиюни давлатиро ба 'тавтеа алайҳи ҲНИТ' муттаҳам кард

Як фаъъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) гузориши телевизиюни давлатии Тоҷикистонро "тавтеъаи навбатӣ алайҳи ҲНИТ" хонд ва гуфт, ки дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ин гуна дасиса ва фишорҳо алайҳи ҳизб афзоиш ёфтааст.
Маҳмадалӣ Ҳаит, муъовини раҳбари ҲНИТ, рӯзи сешанбеи 6 август ба Би-би-сӣ гуфт гузориши шаби гузаштаи шабакаи телевизиюнии давлатии Тоҷикистонро "фармоишӣ ва фишори дигар бар ҳизби наҳзат" аст.
Шаби гузашта аз тариқи шабакаи аввали телевизиюни давлатии Тоҷикистон баёнияи Асрор Булбулов, кафили раёсати бахши ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Хоруғ пахш шуд.
Оқои Булбулов раҳбарони ҲНИТ-ро ба дурӯғгӯйӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки теъдоди аъзои ин ҳизб дар вилояти Бадахшон танҳо 37 нафарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки тибқи арқоми ҲНИТ теъдоди аъзои он дар Бадахшон ҳудуди 3 ҳазор нафар аст.
Ҳамчунин, ӯ аз қатъи фаъъолияти ҲНИТ дар Бадахшон хабар дода ва гуфт, ки дар ин минтақа ба ҳизби наҳзати исломӣ ниёзе вуҷуд надорад.
Аммо фаъъолони ҲНИТ гуфтанд, ки дар гузашта теъдоди аъзои ин ҳизб дар вилояти Бадахшон се ҳазор нафар гузориш шуда буд, аммо пас аз поксозии суфуфи ҳизб аз афроде, ки ҳаққулъузвият напардохта ва дар ҷаласоти ҳизб ширкат накардаанд, дар суфуфи ҲНИТ 1700 нафар боқӣ мондаанд.
Маҳмадалӣ Ҳаит, муъовини раҳбари ҲНИТ, гуфт, ки баёнияи Асрор Булбулов таҳти фишори ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ва бо истифода аз зарбу шатм таҳия шудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, дар пешонӣ ва бинии оқои Булбулов нишонаҳои зарбу лат ба мушоҳида расидааст.
Оқои Ҳаит гуфт: "Аз минтақа хабар расид, ки ӯ аз ҷониби ниҳодҳои интизомӣ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Зери фишор ин изҳоротро додааст. Ба ӯ шарт гузоштаанд, ки изҳорот диҳад, аз ҳизб барояд ва ҲНИТ-ро бадном созад, ӯро мебахшанд. Аммо ҳукумат то ҳол ҳеч нафарро набахшидааст. Булбуловро низ барои ҳаводиси Хоруғ муҷозот хоҳад кард."
Бино ба иттилоъи манобеъи ҲНИТ, пас аз ҳаводиси моҳи июли соли гузашта дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов ҳамчун ширкаткунандаи нооромиҳо дар ин шаҳр аз ҷониби ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон таҳти пайгард қарор доштааст.
Зимнан, Шерик Карамхудоев, раҳбари пешини бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ, дар тобистони соли гузашта ба иттиҳоми ширкат дар нооромиҳои ин шаҳр боздошт шуда ва барои мудлдати тӯлонӣ равонаи зиндон шуда буд.
Фаъъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳизб дар қиболи фишорҳои фазояндаи давлат "сабру таҳаммулро пеша карда", ҳамзамон, қасд дорад дар мавриди ин фишорҳо ва навоқиси мақомоти Тоҷикистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва муҳоҷират ба мардуми ин кишвар муроҷиъатнома пахш кунад.
Ҳамчунин, онҳо таъкид доштанд, ки бо вуҷуди фишорҳо ҲНИТ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ба таври фаъъол ширкат хоҳад кард.
Дар назар аст, ҳизби наҳзати исломӣ аз як "номзади миллии хориҷ аз ин ҳизб" пуштибонӣ кунад, вале дар сурати пешниҳод нашудани чунин номзаде бо номзади худ вориди корзори интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хоҳад шуд.
