Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва ниёзи рӯзноманигорон барои таъсиси созмони муваққатӣ

  • 15 Июл, 2013
Мизи гирди расонаҳо
Image caption Ин ҳамоиш намояндагони созмонҳои марбут ба рӯзноманигорӣ ва сардабирони расонаҳо ва нашрияҳои мустақилли Тоҷикистонро гирдиҳам овард

Дар шаҳри Душанбе дар мизи гирде имкони таъсиси як созмони муваққатии дифоъ аз ҷойгоҳи рӯзноманигорон дар ҷараёни пӯшиши гузоришҳои марбут ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст ҳамчунин инъикоси воқеъии ҷараёни тадорукот, раъйдиҳӣ ва натиҷагирии интихоботи пойизи соли равон ва роҳ надодан ба иштибоҳот ба ҳангоми пӯшиши ин мавзӯъ дар расонаҳои мустақил матраҳ шуд.

Ин ҳамоиш, ки дар остонаи оғози тадорукот ба интихобот доир мешавад, рӯзи душанбеи 15 июл намояндагони созмонҳои марбут ба рӯзноманигорӣ ва сардабирони расонаҳо ва нашрияҳои мустақилли Тоҷикистонро гирдиҳам овард. Ҳамчунин иддае аз ҳуқуқшиносони саршинос низ дар ин мизи гирд ҳузур доштанд.

Мубтакирони баргузории ин мизи гирд рӯзноманигорони бархе аз расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон буда ва тавре, ки Лола Олимова, масъули

Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Бритониё дар Тоҷикистон гуфт ин намояндагӣ барои баргузор кардани ин ҳамоиш саҳм гирифтааст.

Марат Мамадшоев, сардабири бахши русии хабаргузории "Озодагон" мегӯяд, ки яке аз сабабҳои сарҷамъ омадани рӯзноманигорон дар ин нишаст, таъйини хатти машйи расонаҳо ва нашрияҳои мустақил дар ҷараёни баргузории корзорҳои марбут ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст.

Оқои Мамадшоев афзуд: "Мо ба намояндагони расонаҳои мустақил ва нашрияҳо ин назарро пешниҳод кардем, ки дар мавриди зарурати таъсиси як эътилоф ва ё созмони муваққатӣ барои рӯзноманигорон ва дифоъ аз мавқеъи онҳо дар замони пӯшиши интихобот фикр кунанд."

Image caption Оқои Мамадшоев гуфт, ки ахиран озодбаёнии нисбӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо ӯ мегӯяд маълум нест, ки дар замони интихобот чи иттифоқоте хоҳад уфтод

Ин рӯзноманигори тоҷик ҳамчунин гуфт, ки ахиран озодбаёнии нисбӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо ӯ мегӯяд, ки ҳоло маълум нест, ки дар замони интихобот дар Тоҷикистон чи иттифоқоте хоҳад уфтод.

Вай афзуд: "Ҳамчунин дар Тоҷикистон маъмулан расонаҳои давлатӣ ба номзадҳои мустақил имкони таблиғ ва ё изҳори ақидаро намедиҳанд. Ва ман фикр мекунам, ки мардум бояд тафаккури ҳамаи довталабони ширкаткунанда дар интихоботро дошта бошад. Ва ин имконро ба онҳо расонаҳои мустақил метавонад, фароҳам кунанд.”

Суханронон дар ин ҳамоиш гуфтаанд, ки рӯзноманигорон ҳаққи дахолат ба сиёсатро надоранд ва бештар рисолати пахш кардани иттилоъот ва хабарҳои дақиқ дар мавриди ҳаводии сиёсӣ ва иҷтимоъиро доранд.

Ба ин далел иддае аз намояндагони расонаҳои мустақил дар ин мизи гирд гуфтаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна иттифоқот бо рӯзноманигорон расонаҳои мустақил дар пӯшиши гузоришҳои интихоботӣ бояд ба се нукта, яъне бетарафӣ, таъодул ва адами ҷонибдорӣ аз касе риъоят кунанд.

Ҳамчунин дар мизи гирди имрӯзи намояндагони расонаҳои мустақил гуфта шуд, ки имкон дорад дар ҷараёни пӯшиши масоили марбут ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон таъқибу фишор ба расонаҳо ва рӯзноманигорони мустақил дар ин кишвар афзоиш ёбад. Аз ин рӯ дар ҳамоиш ба зарурати иттиҳод ва инсиҷоми рӯзноманигорон дар Тоҷикистон низ таъкид шуд.

Матолиби муртабит