Додоҷони Атовулло, сиёсатмадори мухолиф пас аз бозпурсӣ дар Маскав ба Прог баргашт

  • 15 Июл, 2013
Додоҷони Атовулло
Image caption Масъулони марзбонии Русия монеъи вуруди Додоҷони Атовулло, рӯзноманигор ва сиёсатмадори мухолифи давлати Тоҷикистон ба хоки Русия шуданд

Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мухолиф ва раҳбари ҷунбиши мавсум ба "Ватандор" дар шаҳри Маскав ҳангоми ворид шудан ба фурудгоҳи Шереметево бозпурсӣ шуд ва водор сохта шуд ба Прог, пойтахти ҷумҳурии Чек баргардад.

Оқои Атовулло дар як суҳбати телефунӣ аз Прог ба Би-би-сӣ гуфт ба ҳангоми бозпурсӣ ба ӯ дар мавриди заминаи ин бозпурсӣ ва адами иҷоза барои ворид шудан ба Русия масъулони амниятӣ барояш тавзеҳе надодаанд. Аммо яке аз масъулон ба ӯ гуфтааст шумо тасаввур кунед, ки "дубора таваллуд шудаед."

Додоҷони Атовулло гуфт ҳадс мезанад, ки тасмими адами иҷозаи ӯ барои ворид шудан ба Русия тасмими сиёсии давлат нест, балки эҳтимолан тасмими афроде дар радаҳои поёнтари қудрат дар ин кишвар аст.

Пештар афроди наздик ба оқои Атовулло гуфта буданд, ки ӯ дар шаҳри Маскав ҳангоми ворид шудан ба фурӯдгоҳи Шереметево боздошт шудааст.

Яке аз дӯстони муқими Маскави Додоҷони Атовулло рӯзи душанбеи 15 июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин рӯзноманигор соъати 11:30 дақиқа ба вақти Маскав, замоне, ки аз ҳавопаймои масири Прог-Маскав пиёда мешуда, аз сӯйи кормандони интизомии рус боздошт шудааст.

Мушаххас нест, ки чаро масъулони Русия ба оқои Атовулло иҷозат надодаанд вориди Русия шавад, дар ҳоле ки ӯ қабл аз сафар ба кишварҳои урупоӣ муқими Русия буда ва зоҳиран мушкиле барои иқомат дар ин кишвар надоштааст.

Ҷузъиёти бештар ва далели боздошти оқои Атовулло номаълум аст, аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки эҳтимол дорад, боздошти вай ба интишори як силсила барномаҳо ва видиюҳои интиқодӣ алайҳи мақомоти Тоҷикистон аз тариқи телевизиюни К+ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ дар интернет дар ин авохир иртибот дошта бошад. Аз ҷумла видиюе бо тасовири маҳфили арӯсии Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳазорон бинандаро ҷалб кард.

Ин барои бори нахуст нест, ки оқои Атовулло дар Русия аз сӯйи кормандони интизомии он кишвар боздошт мешавад. Дар соли 2001 ӯ дар дар Маскав боздошт шуда буд ва муддате дар боздоштгоҳ ба сар бурд, аммо баъди чанде бо кумаки ҷомеъаи байналмилалӣ аз боздошт озод шуд.

Ҳамчунин дар зимистони соли 2012 ба ҷони Додоҷони Атовулло суиқасд анҷом гирифт ва дар пайи ин суиқасд ӯ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав бистарӣ шуд. То ҳол афроде, ки дар ин суиқасд даст доштаанд, боздошт нашудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд алайҳи ин рӯзноманигор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва ӯ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Оқои Атовулло қаблан гуфтааст ӯ аз ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дар яке аз кишварҳои урупоӣ бархӯрдор аст ва мақомоти Тоҷикистон наметавонанд аз давлати Русия тақозо кунанд, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунад.

Матолиби муртабит