Видиюи маҳфили арӯсии писари раиси ҷумҳур даҳҳо ҳазор бинандаро ҷалб кард

  • 21 Май, 2013
Image caption Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сарпарастони бозии футбол ва аз мақомоти баландпояи хадамоти гумруки кишвар аст

Нашри як видию бо тасовири маҳфили арӯсии Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ширкати аҳли хонавода, бархе масъулони давлатӣ ва аҳли ҳунари кишвар аз тариқи шабакаи интернетии Ютюб (You Tube) тайи се рӯзи пас аз интишор даҳҳо ҳазор нафар бинанда доштааст, ки камсобиқа ба назар мерасад.

Ин видею, ки чандин пораи чанддақиқаӣ аз он мунташир шуда, баҳсҳои доғеро миёни бинандагони фазои маҷозӣ эҷод кардааст.

Саҳнаҳое бо тасвири рақс ва овозхонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бештарин тафовути назарро дар миёни бинандагон ба вуҷуд овардааст.

Солҳои 2011 ва 2012 низ видиюҳои кутоҳе бо саҳнаҳое аз маҳфили арӯсии писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Ютюб нашр шуда буд, аммо дар онҳо саҳнаҳои рақсу овозхонии ширкаткунандагон дида намешуд.

Шумори зиёде аз бинандагон, ки дар Ютюб назар додаанд, гуфтаанд рақс ва овозхонӣ кардани як инсон, валу раиси ҷумҳур дар маҳфили арӯсии фарзандаш ҳаққи ҳар инсон аст ва ин як амри маъмулӣ аст.

Ҷонибек Ғоибов, яке аз ширкаткунандагон дар баҳси Ютюб пурсидааст: "Магар раҳбари ҷумҳурӣ ҳақ надорад хурсандӣ кунад? Офарин ман аз ҷониби (оқои) Раҳмон хушам."

Амири Нур гуфтааст: "Бародарон инҷо ягон ҷои норавоӣ намебинам. Ҳама фарзанд дорад ва орзуи хонаабоди онҳоро мекунад. Аз ҷумла падару модари Шумо ва мо.. Барои ин шарт нест чунин ҳарф задан. Инҷо Ҷаноби Олӣ падар аст ва ҳаваси рақс дар нахустин тӯи писарашон доранд."

Бархе ҳам аз нашри ин видию изҳори хашм кардаанд ва гуфтаанд, бояд ба ҳарими хусусии афрод эҳтиром гузошт ва ин видию бояд нашр намешуд.

Бинандае таҳти номи ЛалаБаку гуфтааст: "Ҳатто диктотур ҳаққи зиндагии хусусӣ дорад."

Бинандаҳои мунтақид баргузории ин маҳфилро пурхарҷ тавсиф кардаанд ва гуфтаанд дар ҳоле ки ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон аз фақру бекорӣ маҷбур мешаванд кишварро тарк кунанд, чунин маҳфиле аз суи хонаводаи раиси ҷумҳурӣ, ки бо ҳузури худи ӯ баргузор мешавад, коре шоиста нест.

Бинандае таҳти номи taibov19938 мегӯяд: "Аз вақте ки Эмомалӣ призидент шидай ягон ҷо обод нашидай ҳама халқ омада да Россия кор кадестай."

Фарде таҳти номи Quintino Tarantino менависад: "...агар савол дошта бошед, ба ноҳияҳо рафта як бор зиндагии муъаллиму деҳқонро бинед, агар баъд ба дарди мардуми оддӣ мерасед. Дур не, дар Душанбе аз як муъаллимаи мактаби ибтидоӣ пурсед..."

Бархе афрод ҳам гуфтаанд шумори ширкаткунандагон дар ин маҳфил чандон зиёд нест ва ин маҳфил дар муқоиса бо ҷашнҳои арӯсие, ки дар минтақа гирифта мешаванд, оддитар ба назар мерасад.

Бо ин вуҷуд мушкил аст назароте, ки дар шабакаи Ютюб дар бораи видиюи маҳфили арусии фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон мунташир шудандро бозгӯкунандаи нуқта назарҳои ҳама мардум дар Тоҷикистон донист, зеро дар ин кишвар бештар афроде дастрасӣ ба шабакаи интернет доранд, ки аз қишри мураффаҳтари дар мадоро бо давлат ҳастанд ё афроде ҳастанд, ки кормандони давлат ҳастанд ва аз тариқи компютерҳои идораҳои давлатӣ дар интернет сайру гашт мекунанд.

Image caption Бархе афрод ҳам гуфтаанд шумори ширкаткунандагон дар ин маҳфил чандон зиёд нест ва ин маҳфил дар муқоиса бо ҷашнҳои арӯсие, ки дар минтақа гирифта мешаванд, оддитар ба назар мерасад

Нуқта назарҳо дар бораи ин видию дар Ютюб ба забонҳои русӣ ва форсӣ баён шудаанд ва зоҳиран бархе аз назардиҳандагон афроде ҳастанд, ки бо забони русӣ муколама мекунанд. Аз онҳое, ки ба забони русӣ изҳори назар кардаанд, бархе номҳои маҷозии русӣ ва бархе дигар номҳои тоҷикӣ доранд.

Гуфта мешавад хонаводаҳое, ки дар Тоҷикистон онтанҳои моҳвораӣ доранд, пахши ин наворро аз тариқи телевизиюни К+, ки бештар барои Қазоқистон ва Қирғизистон барнома нашр мекунад, тамошо кардаанд ва байни мардум баҳсҳои доғе дар бораи он ба роҳ уфтодааст.

Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигор ва сиёсатмадори мухолифи давлат, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, бори нахуст ин видиюро бо тавзеҳоти савтии интиқодии худ аз тариқи телевизиюни К+ рӯзи 18 май мунташир кард. Ӯ дар тавзеҳоти худ гуфтааст, ки баргузории ин маҳфили пурхарҷ хилофи қонуни танзими маросим аст, ки порлумони Тоҷикистон қабл аз ин маҳфил онро тасвиб карда буд.

Дар ин телевизиюн оқои Атовуллоҳ, ки алайҳи ӯ парванда боз шуда, мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла раиси ҷумҳурро ба фасод ва таборгароӣ муттаҳам кардааст ва гуфтааст ба унвони туҳфа ба писари ӯ мошинҳои гаронбаҳое эъто шудаанд. Ӯ муътақид аст, ки чунин туҳфаҳо бояд ба унвони дороии давлат сабт шаванд ва дар ихтиёри давлат қарор дода шаванд.

Ӯ муддаъъӣ шудааст, ки ҳатто дар кишварҳои Омрико, Олмон ва Русия раҳбарони онҳо ба худ иҷоза намедиҳанд чунин маҳфилҳои пурхарҷ баргузор кунанд.

Дар бархе назароте, ки дар робита ба видиюи дорои тавзеҳоти Додоҷони Атовуллоҳ дар Ютюб мунташир шудаанд, оқои Атовуллоҳ шадидан мавриди интиқод ва гоҳо бо алфози тунд мавриди накуҳиш қарор гирифтааст. Бархе ҳам ӯро муттаҳам ба хиёнат кардаанд.

Дар ҳамин ҳол бар мабнои гузоришҳои таъйиднашуда чандин нафар аз наворбардорон дар Тоҷикистон аз суи Кумитаи амнияти миллӣ дар робита ба нашри ин видию, ки зоҳиран қабл аз ин сирӣ буда, боздошт шудаанд.

Оқои Атовуллоев дар тавзеҳоти худ муддаъӣ шудааст, ки ин наворро бо маблағи зиёд аз яке аз мақомоти телевизиюни давлатии Тоҷикистон дарёфт кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи нашри ин видию ва тавзеҳоти марбут ба он аз тариқи телевизиюни К+ вокунише расмӣ нишон надодаанд.

Матолиби муртабит