Идораи иртиботот: "Мо шабакаи Ютюбро набастаем"

Масъулони Идораи иртибототи Тоҷикистон масдуд шудани шабакаи интернетии Ютюб (You Tube) дар ин кишварро ба сурати расмӣ рад кардаанд.
Рафиқҷон Шокиров, муъовини раиси ин идора гуфтааст, ки онҳо ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетӣ фармони катбӣ ё шифоҳӣ дар ин мавридро надодаанд.
Ин дар ҳолест ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта иддае аз истифодабарандагони интернет аз масдуд шудани ин шабака шикоят карда буданд.
Аз сӯйи дигар масъулони ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетӣ аз додани тавзеҳот дар мавриди сабаби адами дастрасӣ ба ин шабака худдорӣ мекунанд.
Вале таҳлилгарон мегӯянд, ки эҳтимол дорад, сабаби мушкили дастрасӣ ба шабакаи интернетии Ютюб (You Tube) нашри як видию бо тасовири маҳфили арӯсии Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз тариқи ин шабака бошад.
Дар ин видию нишон дода мешавад, ки маросими арӯсии Рустами Эмомалӣ бо ширкати аҳли хонавода, бархе масъулони давлатӣ ва аҳли ҳунари кишвар баргузор шудааст. Тайи як ҳафтаи ахир пас аз интишор ин видию даҳҳо ҳазор нафар бинандаро ҷалб кардааст. Ин видию яке аз мавзуъоти баҳсҳои доғ дар интернер ва дар ҷомеъаи Тоҷикистон шудааст.
Бори нахуст ин видиюро бо тавзеҳоти савтии интиқодии худ аз тариқи телевизиюни К+ Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигор ва сиёсатмадори мухолифи давлат, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, рӯзи 18 май мунташир кард.
Дар ин видию оқои Атовуллоҳ мегӯяд, ки навори аслии маросими арӯсии фарзанди президент Раҳмонро аз Ассадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи родию телевизюни давлатии Тоҷикистон бо қимати гарон харидорӣ кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон аз додани тавзеҳот дар бораи ин ки чӣ гуна он роҳ ба расонаҳо ёфтааст, худдорӣ кардаанд.
Пас аз нашри ин видию дар расонаҳои давлатӣ ва интернет як пайкори расонаӣ алайҳи оқои Атовуллоҳ ба роҳ уфтодааст.
Дар Тоҷикистон дар гузашта низ дар ҷараёни бархе аз рухдодҳои сиёсӣ дастрасӣ ба бархе аз сойтҳои интернетӣ масдуд шудааст, ки интиқодоти расонаҳои кишвар ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз озодии баёнро дар пай доштааст.
Масъулони идораи иртиботот мушкилоти дастрасӣ ба ин сойтҳоро ба масоили фаннӣ иртибот додаанд.
