Афзоиши фишору маҳдудиятҳо бар мухолифон ва рӯзноманигорон

Эътилофи ҷадиди “Барои ҳифзи демукросӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ” аз фишор ба аъзои ин эътилоф аз рӯзи таъсиси он хабар додааст.
Масъулони ин эътилоф, рӯзи чаҳоршабеи 29 май хитоб ба ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон номаи саргушодаеро нашр карда ва дар он аз фишорҳо ба аъзои ин эътилоф ибрози нигаронӣ кардаанд.
Ин нома тавассути Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби сусиол демукротҳо ва як узви шӯрои ин эътилоф интишор шуд.
Раҳматулло Зоиров аз номи эътилофи тозатаъсиси “Барои ҳифзи демукросӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ” дар номаи худ аз мақомоти зидахлӣ давлатӣ дархост кардааст, ки ба фишор ба аъзои ин эътилоф хотима диҳанд.
Ӯ ба унвони намунаи фишорҳо ба "даъват шудани" Рамзия Мирзобекова, рӯзноманигори “Asia Plus” ва узви эътилофи "Барои ҳифзи демукросӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ" ба Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ишора кард.
Дар ин нома ҳамчунин мехонем, ки Қирғизбек Қонунов, ҳуқуқдони ҷавон ва аъзои дигари эътилоф низ таҳти фишор қарор гирифта ва кормандони амниятӣ ба ӯ таҳдид карданд, ки вайро аз симмате, ки феълан доштааст, сабукдӯш хоҳанд кард.
Ин номаи саргушода ҳамчунин хабар додааст, ки Маҳмурод Одинаев, падари муътаризи яке аз зиндониёни ба гуфтаи ӯ "шиканҷашуда" ва узви эътилофи мавриди назар, аз сӯйи пулиси ноҳияи Ҳисор иҷборан ба бинои бахши вазорати умури дохилаи ин ноҳия бурда ва бозпурсӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол пайвандони Рамзия Мирзобекова, ки субҳи имрӯз барои мулоқот бо маъмурони амниятӣ ба бинои Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон даъват шуда буд, гуфтанд ин мулоқот беш аз 30 дақиқа тӯл кашида, аммо аз ироаи муҳтавои суҳбати маъмурони амниятӣ бо ин хабарнигор худдорӣ карданд.
Бархе аз хабарнигорони дигар низ бо шароити ифшо нашудани номашон ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки кормандони амниятӣ бо онҳо телефунӣ ва ҳузурӣ суҳбат анҷом дода ва тақозо кардаанд, ки аз интишори матолиби интиқодӣ худдорӣ кунанд.
Би-би-сӣ натавонистааст, таъйид ё такзиби ин иддаъоҳоро аз Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дарёфт кунад.
Раҳматулло Зоиров аз номи эътилофи тозатаъсис аз мақомоти зидахлӣ давлатӣ хостааст, ки ба фишор ба аъзои ин эътилоф хотима диҳанд, зеро ба гуфтаи ӯ ин эътилоф дар чаҳорчӯби қонуни кишвар таъсис ёфтааст ва аъзои он ба ҳеҷ амали ғайриқонунӣ даст назадаанд.
Эътилофи ҷадиди “Барои ҳифзи демукросӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ”, рӯзи 25-уми май дар Душанбе аз сӯйи гурӯҳе аз ҳуқуқдонҳо, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва иддае аз рӯзноманигрони ин кишвар таъсис ёфта буд.
Мубтакириони ин эътилоф мукарраран эълом дотаанд, ки ҳадафи ин эътилоф ҳимоят аз демукросӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Онҳо гуфтанд, ки "яке аз самтҳои аслии фаъъолияти эътилоф дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи “Тоҷикистони нав” хоҳад буд.
Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" рӯзи 19 май, дар Душанбе боздошт ва алаҳйи вай иттиҳомоти зиёде, аз ҷумла ришваситонӣ, азхудкунии корхонаи “Тоҷикатлас", сӯйиистифода аз мақомоми хидматӣ, тақаллуб ва тамаъҷӯӣ ва чандҳамсарӣ ворид шуд.
Дар ҳоле, ки бархе аз сиёсатмадорон билофосила пас аз боздошти оқои Саидов, парвандаи ӯро "суфоришӣ ва сиёсӣ" хонданд, Раиси ожонси мубориза бо фасод гуфт, ки ин қазия ангезаҳои сиёсӣ надошта ва таҳқиқи фаъъолияти оқои Саидов тайи як соли ахир идома доштааст.
Оқои Саидов, ки қаблан раҳбарии вазорати саноъеи Тоҷикистонро бар уҳда дошт ва дар солҳои ахир машғули соҳибкорӣ буд ва гуфта мешавад ҳаҷми муъомилоти тиҷоратии қобили мулоҳизае дошт.
Нигаронӣ ва шикоёт дар мавриди фишорҳо ба аъзои эътилоф "Барои ҳифзи демокросӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ" дар ҳоле аз сӯйи мунтақидони дохилии давлати Тоҷикистон матраҳ мешавад, ки ҳафтаи ҷорӣ шабакаи телевизюни мустақаили 'К+' барномаҳои вижаеро бо интиқод ва иттиҳомоте шадидуллаҳн алайҳи мақомот ва Президенти ин кишвар пахш кард, ки аз сӯйи Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мунтақиди давлат дар хориҷи кишвар таҳия шудааст.
Пахши барномаҳои ин шабака, ки тавассути моҳвора қобили дарёфт буд дар Тоҷикистон қатъ шудааст. Манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд ахиран дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ба манозили иддае аз сокинони ноҳия даромада ва коноли шабакаи 'К+'-ро аз листи конолҳои телевизиюнии онҳо ҳазф карданд. Аммо мақомоти маҳаллӣ ин иттилоъро такзиб кардаанд.
Се барномаи Додоҷони Атовулло дар шабакаи 'K+' иборат аз пахши наворҳои маҳфили арӯсии Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва суханронии оқои Атовулло хитоб ба ҳукумати ин кишвар буд, ки дар он Додоҷони Атовулло дар канори муттаҳам кардани мақомоти давлати ин кишвар дар фасод ва бемасъулиятӣ аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархости истеъфо мекунад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ин барномаҳо ба асабонияти давлати Тоҷикистон дар чанд моҳ қабл аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар афзуда ва имкон дорад, мавориди таъқибу фишори мунтақидони давлат ва рӯзноманигорони расонаҳои мустақил аз сӯйи кормандони ниҳодҳои зирабт дар кишвар руиҳамрафта афзоиш ёбад.
