Шӯрои матбӯъот: 'Олга Тутубалина ахлоқи рӯзноманигориро нақз накардааст'

  • 10 Июл, 2013
Олга Тутубалина (акс аз блуги Тутубалина гирифта шудааст)
Image caption Шӯрои расонаҳо: "Олга Тутубалина дар навиштани ин матлаб “ахлоқи рӯзноманигорӣ”-ро нақз накардааст" (акс аз веблоги Тутубалина гирифта шудааст)

Шӯрои матбӯъот ва расонаҳои Тоҷикистон аз бархе хабарнигорони расонаҳои мустақил ва давлатӣ дархост кардааст, ки аз навиштани матолиби “туҳматангез ва таҳқиркунанда” алайҳи Олга Тутубалина, як рӯзноманигори хабаргузории “Asia-Plus” худдорӣ кунанд.

Ин шӯро ҳамчунин дар вокуниш ба таҳоҷуми бархе аз расонаҳо ба Олга Тутубалина барои нашри матлабе зери унвони “Тасвире бефарҳанги фарҳангиён” (Неинтеллигентно об интеллигенции) ин матлабро аз назари рӯзноманигорӣ таҳқиқ кардаанд.

Масъулони ин шӯро мегӯянд, ки баъд аз таҳлили ин матлаб ба хулосае омадаанд, ки Олга Тутубалина дар навиштани ин матлаб “ахлоқи рӯноманигорӣ”-ро нақз накардааст.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои матбӯъот ва устоди Донишгоҳи миллӣ, рӯзи чаҳоршанбеи 10 июл ба Би-би-сӣ гуфт, аксари аъзои Шӯрои матбӯъот ва расонаҳои Тоҷикистон ба ин натиҷа расиданд, ки дар ин матлаб хонуми Тутубалина ба зиёиёни тоҷик таҳқир накардааст, балки муъаллиф зимни ибрози назароти шахсӣ, аз номи нафаре дигар иқтибос овардааст, ки бархеҳо онро таҳқир ба зиёиёни тоҷик пиндоштаанд.

Оқои Шарифзода афзуд: “Баръакс пас аз чопи ин матлаб алайҳи Олга Тутубалина дар расонаҳо, бавижа дар расонаҳои давлатӣ вокунишҳои шадидуллаҳне мунташир шуда, ки пур аз таҳқиру туҳмат алайҳи ин хабарнигор иборат ҳастанд. Ин буд, ки мо тасмим гирифтем, нишасте доир кунем ва ин матлабро ба баррасӣ бигирем. Аксари аъзои шӯро муътақиданд, ки дар матлаби мавриди назари Олга Тутубалина нишонаҳои таҳқир ба ягон шахси муъайян вуҷуд надорад.”

Оқои Шарифзода гуфт, ибрози ақидаи хусусӣ дар Тоҷикистон муҷозот намешавад, аммо агар афроде, ки бовар доранд дар ин матлаби рӯзноманигор ба онҳо таҳқир шудааст, ҳақ дорад ба Шӯрои расонаҳо, Иттиҳодияҳои рӯзноманигорон ва ё ба додгоҳҳо муроҷиъат кунанд.

Шӯрои матбӯъот ва расонаҳои Тоҷикистон мегӯяд, бархе аз расонаҳо зимни нашри матолиби интиқодӣ дар вокуниш ба матлаби “Тасвире бефарҳанги фарҳангиён”-и Олга Тутубалина ба нақзи меъёрҳои рӯзноманигорӣ, аз ҷумла туҳмат ва ситоиши ноҷо ва таҳқири миллат роҳ додаанд.

Гуфта мешавад иддае аз фарҳангиёни Тоҷикистон аз ин матлаби Олга Тутубалина ба додгоҳе дар шаҳри Душҳанбе шикоят бурдаанд, вале масъулони додгоҳ ин шикоятро ҳанӯз ба баррасӣ нагирифтаанд.

Ҳамлаи расонаҳои давлатӣ ба Олга Тутубалина ба дунболи бознашри бахше аз навиштаҳои ӯ аз веблоги ин рӯзноманигор дар сойти расмии хабаргузории “Asia-Plus” сурат гирифт.

Дар ин матлаб хонуми Тутубалина ақоиди худро дар бораи бозгашти Бозор Собир, шоъири саршиносони тоҷик ба ватан иброз дошта ва ҳамзамон назари худро дар бораи сиёсатҳои феълии давлат ва мавзеъгирии фарҳангиён мунташир карда буд.

Ӯ дар навиштаҳои худ иқтибосеро аз Влодимир Ленин, пешвои инқилоби булшевик овардааст, ки гуфта буд: “Равшанфикрон мағзи миллат нестанд, онҳо гӯҳи миллат ҳастанд.” Ӯ менависад, "Замоне пешвои инқилоби октябр чунин гуфта буд ва ман низ замоне, ки дар мавриди бозгашти шоъир Бозор Собир ба ватан мехонам, мехоҳам ҳамин ҳарфро бигӯям......”

Ин навиштаҳо боъиси ранҷиш ва хашми бархе аз намояндагони ҷомеъаи равшанфикри кишвар шуд ва онҳо вокунишҳои шадидуллаҳн дар қиболи ин матлаби Тутубалина дар расонаҳо мунташир карданд.

Аз ҷумла Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар расонаҳо гуфт, ки агар хабарнигоре дар кишваре дигар, масалан Гурҷистон, Узбакистон ё Қазоқистон чунин ибрози ақида мекард, "ӯро пӯст меканданд".

Оқои Бахтӣ ин матлабро тавҳин ба Бозор Собир ва ҳазорон зиёии тоҷик хонад.

Аммо раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон баёнияеро дар ин робита пахш карда ва гуфтааст, ки шикояти гурӯҳе аз зиёиёни тоҷик ба додгоҳ алайҳи Олга Тутубалина "беасос" аст.

Раҳматилло Зоиров дар ин баёния гуфтааст, ки дар навиштаҳои хонуми Тутубалина нишонае аз таҳқир вуҷуд надорад ва хитоб ба ин гурӯҳ афзудааст: "Шикояти Шумо аз ӯ беҷо ва муғоир бо усулҳои созмонҳои иҷтимоъие аст, ки таҳти раҳбарии Шумо фаъъолият мекунанд.”

Раҳматилло Зоиров дар ин баёния аз ин афрод даъват кардааст, ки шикояти худро аз додгоҳ бозпас бигиранд.

Матолиби муртабит