Зойиров: “Қазияи Қаюмзод ангезаҳои сиёсӣ дорад”

  • 2 Май, 2013
Раҳматилло Зойиров
Image caption Раҳбари сусиёл-демукротҳо қазияи Абдуқаюми Қаюмзодро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонд

Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон мегӯяд, радди тамдиди сабти номи Абдуқаюми Қаюмзод тавассути вазорати хориҷаи ин кишвар ба унвони хабарнигори "Озодӣ", демукротик будани Тоҷикистонро зери суол мебарад.

Ин ҳизб зимни интишори баёнияе қазияи аз кор рафтани ин хабарнигори родиюи "Озодӣ"-ро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонд.

Дар ин баёния, ки бо имзои Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл демукроти Тоҷикистон интишор ёфт, мехонем: "Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан, Вазорати корхои хориҷӣ бо ин мавқегирии худ боз як бор ба моҳияти давлати демократӣ будани Тоҷикистон шак меорад."

Оқои Зойров, рӯзи панҷшанбеи 2-юми май бо пахши баёнияе гуфтааст, ки қазияи аз фаъъолият барканор шудани Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори бахши тоҷикии родиюи "Озодӣ" бештар ангезаҳои сиёсӣ доштааст.

Дар ин баёния аз ҷумла мехонем: "Оид ба қазияи Абдуқаюми Қаюмзод, дурусттараш бархӯрди масъулони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ бо Абдуқаюми Қаюмзод аз як тараф, бархӯрди масъулони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Абдуқаюми Қаюмзод аз дигар тараф, бояд қайд намоям, ки ин қазия характери сиёсӣ гирифтааст ва Абдуқаюми Қаюмзод барои хокимияти имрӯзаи Тоҷикистон аз ҷихати сиёсӣ шахси «носазовори боварӣ» гаштааст ва роҳбарияти Радиои "Озодӣ" корманди муваффақ ва босалоҳияти худро, ки аз соли 2001 хидмат мекард, ҳимоят намекунад."

Оқои Зойиров дар ин баёния изҳор дошт, ки ҳизбаш аз даъвати бархе аз созмонҳои расонаӣ дар Тоҷикистон барои таҳрими родиюи "Озодӣ" ҷонибдорӣ мекунад. Вай афзуд, ки ин тасмимро аъзои ҳизб дар ҷаласаи Шӯрои ҳизб, ки рӯзи 30 апрел доир шуд, иттихоз карданд.

Баёнияи мазкури Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон рӯзи 2-юми май ба сафорати Омрико дар Тоҷикистон, вазорати умури хориҷаи ин кишвар ва раҳбарии родиюи "Озодӣ" ирсол шудааст.

Пештар Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақилли Тоҷикистон, созмони "Медиа-Алянс" ва Шӯрои расонаҳои ин кишвар аз ҷомеъаи хабарнигорӣ ва коршиносони мустақил даъват карданд, аз ҳамкорӣ бо бахши тоҷикии родиюи "Озодӣ" худдорӣ кунанд.

Масъулони ин созмонҳо далели ин тасмимро нақзи ҳуқуқи Абдуқаюми Қаюмзод аз сӯйи родиюи "Озодӣ" ва кӯтоҳии онҳо дар дифоъ аз ҳуқуқи кормандонаш дар Тоҷикистон унвон карданд.

Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукротҳои Тоҷикистон дар идомаи баёнияи мазкур фаъъолияти родиюи "Озодӣ"-ро баҳогузорӣ карда ва навиштааст, "Солҳои 2009-2012, хусусан, соли 2013, яъне имрӯз хабару иттилоот ва мусоҳибаҳо дар Радиои Озодӣ нодуруст, дар як сатҳи паст ва якҷониба инъикос меёбанд."

Ин вазъиятро раҳбари сусиёл-демукротҳо ба раёсати родию марбут медонад.

Чанд рӯз қабл Абдуқаюми Қаюмзод алайҳи родиюи "Озодӣ" ба додгоҳ шикоят бурда ва дархости барқарор кардани қарордоди кориаш бо ин родиюро кардааст.

Оқои Қаюмзод ҳамчунин аз ин родию хостааст, ки ин родию ба ӯ ҳуқуқи чандмоҳаеро, ки вай "бо сабабҳои ба ӯ номарбут" натавонистааст кор кунад, пардохт кунад.

Аммо раиси намояндагии бахши тоҷикии родиюи "Озодӣ" дар Тоҷикистон мегӯяд, масъулони родиюи "Озодӣ" алоқаманд набуданд қарордоди кор бо оқои Қаюмзодро лағв кунад, балки ба далели тамдид нашудани сабти номи ӯ аз сӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва бархе аз бандҳои муқаррароти қонуни кори ин кишвар, ин амр ногузир шудааст.

Хуршеди Ҳамдам мегӯяд, Вазорати хориҷаи Тоҷикистон алорағми се муроҷиъати расмии родиюи "Озодӣ" ва сафорати Омрико дар шаҳри Душанбе ба ин ниҳод дар бораи тамдиди муддати сабти номи оқои Қаюмзод, аз тамдиди сабти номи хабарнигор худдорӣ кардааст.

Ғайр аз ин Ҷуоно Левисун, муъовини раиси родиюи "Озодӣ" дар умури равобити умумӣ дар оғози соли ҷорӣ дар суҳбат бо хабарнигорони тоҷик гуфт, ки тамдид накардани сабти номи хабарнигори ин расона тавассути вазорати хориҷаи Тоҷикистон мисоли "дахолати давлат ба умури родиюи Озодӣ" аст.

Ӯ аз ҷумла гуфт: "Родиюи Озодӣ, расонаи мустақил аст ва ради сабти номи хабарнигори ин расона аз сӯйи вазорати хориҷаи Тоҷикистон талоши давлат барои кунтрул ва маҳдуд кардани фаъъолияти ин расона ва тарсондани хабарнигорони мустақил ва дахолат ба истиқлоли родиюи Озодӣ аст."

Сафорати Омрико дар Душанбе низ дар робита ба ин қазия дар моҳи феврали соли ҷорӣ баёнияе содир карда ва нигаронии худро дар бораи рафтори мақомоти давлатӣ бо рӯзноманигорон, бавижа бо Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори родиюи Озодӣ иброз дошта буд.

Сафорати Омрико дар ин баёния аз давлати Тоҷикистон хост озодии расонаҳоро эҳтиром кунад ва шеваи шаффофи сабти номи рӯзноманигорони расонаҳои хориҷӣ дар кишварро таъмин кунад.

"Иқдоми шитобзада"

Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон, созмони "Медиа-Алянс" ва Шӯрои васоити ахбори умуми ин кишвар рӯзи 29-уми апрел аз ҷомеъаи хабарнигорӣ ва коршиносони мустақил даъват карданд, то аз ҳама гуна ҳамкорӣ бо бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" худдорӣ кунанд.

Вале Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон эъломи таҳрим ба родиюи "Озодӣ"-ро як иқдоми "шитобзада" хонд.

Ӯ рӯзи панҷашанбеи 2 май ба Би-би-сӣ гуфт: "Иттиҳодияи мо ба ин таҳрим напайваст ва мо зери қатънома низ имзо нагузоштем." Оқои Сатторов мегӯяд, ки "хабарнигорон ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки аз коршиносон ва аҳзоби сиёсӣ даъвати даст кашидан аз ҳамкорӣ бо рӯзноманигорони дигарро бикунанд."

Вай афзуд, ки родиюи "Озодӣ" дар Тоҷикистон алоқамандони худро дорад ва ба гуфтаи вай бештари нашрияҳои мустақил дар ин кишвар низ хабару матолиби сойти "Озодӣ"-ро бозчоп мекунанд.

Родиюи "Озодӣ" ва сойти интернетии он яке аз аз манобеъи собиқадори мустақил ва матраҳи иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Коршиносон бавижа ба нақши ин расона дар пахши иттилоъот аз манотиқи доғи кишвар дар даврони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунанд. Зеро дар он замон дарёфти иттилоъоти дақиқ аз ин манотиқ душвор будааст.

Матолиби муртабит