Даъвати бархе созмонҳои расонаӣ барои таҳрими радиои “Озодӣ”

Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон, созмони "Медиа-Алянс" ва Шӯрои васоити ахбори умуми ин кишвар аз ҷомеъаи хабарнигорӣ ва коршиносони мустақил даъват карданд, то аз ҳама гуна ҳамкорӣ бо бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" худдорӣ кунанд.
Радиои "Озодӣ" ва сойти интернетии он аз манобеъи собиқадори мустақил ва матраҳи иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон маҳсуб шуда, бештари нашрияҳои мустақили Тоҷикистон хабару матолиби сойти "Озодӣ"-ро бозчоп мекунанд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) далели ин тасмимро нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва кӯтоҳии радиои "Озодӣ" аз дифоъ аз ҳуқуқи кормандонаш унвон кард.
Зимнан, Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори пешини бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" ба далели нақзи ҳуқуқҳояш аз ин радио ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Оқои Қаюмзод, ки рӯзи душанбеи 29 апрел, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, авоили ҳафтаи гузашта мақомоти радиои "Озодӣ" пешниҳод кардаанд, ки бо дарёфти маоши 6-моҳа довталабона фаъолияташро дар ин радио қатъ кунад ё ин ниҳод ба таври якҷониба қарордоди худро бо хабарнигор лағв хоҳад кард.
Ӯ ин иқдоми мақомоти радиои "Озодӣ"-ро навъи нақзи ҳуқуқ ва ворид кардани фишори равонӣ болояш унвон карда ва гуфт, ин шарту шароитро напазируфт ва аз радиои "Озодӣ" ба додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.
Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Абдуқаюми Қаюмзод, ба таври якҷониба қатъ шудани қарордоди кории оқои Қаюмзод бо радиои "Озодӣ"-ро ба муфоди қавонин ва Кодекси "Меҳнат"-и Тоҷикистон муғойир хонд.
Хонуми Воҳидова гуфт: "Радиои "Озодӣ" асос овардааст, бинобар тамдид нашудани муддати сабти номи хабарнигор дар вазорати хориҷа, ки қарордоди миёни оқои Қаюмзод ва радиои "Озодӣ" ба далоили аз тарафҳои қарордод вобаста набуда, қатъ шудааст. Ин нукта дар Кодекси "Меҳнат" нест."
Хуршеди Амдамов, раҳбари дафтари бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" дар Тоҷикистон ба навбаи худ гуфт, ки иллати аслии лағви қарордод бо Абдуқаюми Қаюмзод тамдид нашудани муддати сабти номи хабарнигор дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи оқои Амдамов, тибқи қавонони Тоҷикистон хабарнигори расонаҳои хориҷӣ бидуни сабти ном дар ин вазорат ҳаққи фаъолият дар ин кишварро надоранд.
Ӯ гуфт, бо вуҷуди се муроҷиаъи расмии радиои "Озодӣ", раҳбари ин радио дар Прог ва сафорати Омрико дар шаҳри Душанбе Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз тамдиди муддати сабти номи оқои Қаюмзод худдорӣ кардааст. Аз ин лиҳоз, бар асоси моддаҳои 44 ва 53-и Кодекси "Меҳнат" "ба далоили новобаста аз тарафҳо қарордод бо Абдуқаюм Қаюмзод аз 1 январи соли 2009 қатъ шудааст."
Абдуқаюми Қаюмзод, ки дар доираҳои рӯзноманигории Тоҷикистон маъруф аст, аз кормандони собиқадори родиюи "Озодӣ" маҳсуб шуда ва дар соли гузашта ҷоизаи Абулқосим Лоҳутии Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистонро дарёфт карда буд.
Ҳамчунин, дар соли 1995 ба ӯ ҷоизаи байналмилалии Ҳелман ва Ҳеммет барои озодии баён ва дар соли 2010 дар сафорати Омрико дар шаҳри Душанбе ҷоизаи "Ҷуръати журналистӣ" эъто шуд.
