Намояндаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар иртибот ба қазияи Қаюмзод дар додгоҳ тавзеҳ дод

  • 4 Июн, 2013
Вазорати хориҷа
Image caption Масъулони "Озодӣ" мегӯянд тавзеҳоти намояндаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар додгоҳ қазияи Абдуқаюми Қаюмзодро "печидатар" кард

Намояндаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ҷаласаи додгоҳ гуфтааст далели тамдид нашудани сабти номи Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори родиюи "Озодӣ" ин буда, ки ӯ бидуни таҷдиди сабти ном ба фаъъолияти хабарнигорӣ идома додааст.

Ин шарҳро Муродбек Асламов, як намояндаи вазорати хориҷа, ки дар як иқдоми камсобиқа барои муҳокимаи қазияи як хабарнигори расонаи хориҷӣ ба додгоҳ даъват шуда буд, ироа кардааст.

Абдуқаюми Қаюмзод, корманди собиқи бахши тоҷикии родиюи "Озодӣ", ки матолибе баҳсбарангезеро дар бораи масъулон ва ниҳодҳои давлатӣ мунташир карда, аз ин додгоҳ хостааст, родиюи "Озодӣ"-ро ба пардохти дастмуздаш дар замони "бекории иҷборӣ" ва барқарор кардани қарордод бо ӯ водор кунад.

Аммо масъулони родиюи "Озодӣ" мегӯянд, қарордод бо ҳамкорашонро ба далели тамдид нашудани сабти номи ӯ ба унвони хабарнигори ин расонаи хориҷӣ аз сӯйи вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ қатъ кардаанд.

Муродбек Асламов, намояндаи ин вазорат, баъд аз зӯҳри сешанбеи 4 июн, дар ҷаласаи додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтааст, бо вуҷуди поёни мӯҳлати корти хабарнигорӣ дар 31 октябри соли гузашта оқои Қаюмзод фаъолияти худро дар родиюи “Озодӣ” идома дода ва гузоришҳо таҳия кардааст.

Оқои Асламов ин амалро муғоир ба муқаррароти фаъолияти хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар кишвар хонда ва гуфтааст, ба ин далел муддати корти хабарнигории Абдуқаюми Қаюмзод тамдид нашудааст.

Аммо Хуршеди Ҳамдам, раҳбари дафтари бахши тоҷикии родиюи "Озодӣ" дар Душанбе ба Би-би-сӣ ин иддаъои намояндаи Вазорати хориҷаро рад карда ва гуфт, ки ин вазорат аз моҳи майи соли гузашта аз тамдиди муҳлати корти хабарнигории оқои Қаюмзод худдорӣ кардааст.

Ба гуфтаи оқои Ҳамдам, Давлат Назриев, раиси пешини Идораи иттилооти вазорат, ба таври шифоҳӣ гуфта будааст, ки то замони ҳалли ин мушкил оқои Қаюмзод фаъолияти худро дар родиюи "Озодӣ" идома бидиҳад.

Абдуқаюми Қаюмзод низ ин нуктаро таъйид карда, аммо гуфт: "Агар бар асоси тасмими Вазорати хориҷа аз 31 октябри соли гузашта ман ҳаққи фаъолият дар родиюи “Озодӣ”-ро надоштаам, пас чаро масъулони родию маро дар ин замина муталеъ насохтанд?"

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, Вазорати хориҷа Хуршеди Ҳамдам, масъули дафтари родию дар Тоҷикистонро аз ин қазия муталеъ сохта, вале касе ӯро аз фаъолияти ғайримуҷоз дар родиюи "Озодӣ" огоҳ накардааст.

Намояндаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бар асоси дархости Ёқуб Маъруфов, вакили мудофеъи родиюи "Озодӣ" ба додгоҳ даъват шуд, вале ба назар мерасад тавзеҳоти ӯ ин қазияро вориди марҳалаи дигаре кардааст.

Оқои Маъруфов дар ҷаласаи қаблии додгоҳ дар рӯзи 27 майи соли ҷорӣ таъкид дошт, бо таваҷҷӯҳ ба он ки муддати корти хабарнигории Абдуқаюми Қаюмзод аз ҷониби Вазорати хориҷа тамдид нашудааст, бояд ин ниҳод худ далели ин қазияро ташреҳ диҳад.

Зимнан, имтиноъ ҷустани Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз тамдиди муддати корти хабарнигорӣ мунҷар ба қатъ шудани қарордоди оқои Қаюмзод бо бахши тоҷикии родиюи "Озодӣ" шуд.

Дар ҷаласаи қаблӣ Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Абдуқаюми Қаюмзод, хостори ҳузури Соҷидаи Мирзо, раҳбари бахши тоҷикии родиюи "Озодӣ" дар ҷаласаи додгоҳ шуда буд.

Аммо Қутбиддин Ҳусайнов, қозии додгоҳи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе ин дархостро рад карда ва гуфт, иттилоъи пешниҳодии родиюи "Озодӣ" барои баррасии ин қазия кофӣ буда ва ба даъвати раиси бахши тоҷикии ин родию аз шаҳри Прог зарурате вуҷуд надоштааст.

Ҷаласаи ояндаи додгоҳ барои баррасии қазияи Абдуқаюми Қаюмзод бо родиюи "Озодӣ" рӯзи 12 июни соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 дар бахши тоҷикии родиюи "Озодӣ" фаъолият карда ва дар авохири моҳи декабри соли гузашта ин родию гуфт ба далели тамдид нашудани муддати корти хабарнигории оқои Қаюмзод аз ҷониби Вазорати хориҷа қарордодро бо ин хабарнигор қатъ кард.

Матолиби муртабит