Сойти “Озодагон” сафҳаи вижа ба хатти форсиро роҳандозӣ кард

Хабаргузории “Озодагон” дар "Рӯзи матбӯъоти озод" саҳфаи ҷадиди хабарии хешро ба хатти форсӣ фаъъол кардааст.
Яке аз аҳдофи роҳандозии ин сойт ҷалби таваҷҷӯҳи ҷавонон ба омӯзиши хатти форсӣ унвон шудааст. Барои бори нахуст аст, ки як хабаргузории мустақили Тоҷикистон сафҳаи худро ба хатти форсӣ роҳандозӣ кардааст.
Аъзам Ҳуҷаста, сардабири сойти форсии хабаргузории "Озодагон", гуфт, ки ҳадаф аз роҳандозии ин сойт ҳамчунин фароҳам кардани дастарсии иттилоъоти дақиқ ва даст аввал барои хонандагони форсизабон дар кишвар ва хориҷ аз он будааст.
Вай гуфт: “Мутаассифона бисёре аз сойтҳои интернетӣ, ки ба хатти форсӣ нашр мешаванд, хабарҳо дар мавриди Тоҷикистонро аз забони дигарон, бо иштибоҳоти фарвон дарёфт ва нашр мекунанд. Ман баъд аз фаъъолият дар Эрон тасмим гирифтам, ки ҳатман як сойти хабарӣ ба хатти форсӣ таъсис медиҳам.”
Ӯ мегӯяд чунин пешниҳодро ба Зафари Суфӣ, муассиси "Озодагон" дода ва дар натиҷа дар рӯзи матбӯъоти озод ин сойт ифтитоҳ шуд.
"Озодагон" дар моҳи апрели соли 2011 таъсис ёфта ва то ҳоло хабарҳои худро ба ҷуз аз ҳафтанома, дар сойти интернетиаш ба форсии сириллик ва забони русӣ интишор медод.
