Озмун барои беҳтарин пӯшиши масоили фасод
Дар Тоҷикистон озмуне барои рӯзноманигорони расонаҳои дохилӣ барои таҳияи беҳтарин матлаб дар мавзӯъи фасод ва ришвахорӣ эълом шудааст.
Масъулони Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги ин кишвар дар бораи оғози ин озмун таҳти шиъори “Расонаҳо алайҳи фасод” рӯзи панҷшанбеи 28 март хабар доданд.
Масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ин озмун дар чорчӯби барномаи истротежики давлати кишвар барои мубориза бо фасоди молӣ барои солҳои 2013-2020 амалӣ мешавад.
Алоқамандон барои ширкат дар ин озмун метавонанд матолиби худро, ки аз якуми феврали соли ҷорӣ то моҳи феврали соли 2014 дар нашрияҳо, родию телевизюн ва саҳафоти интернетӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавандро ба масъулони озмун ироа кунанд.
Дар ин озмун 13 номгӯ ҷоиза барои рӯзгноманигорон дар назар гирифта шудааст. масъулони озмун мегӯянд, ҳадафи аслӣ аз баргузор кардани ин озмун эҷоди тафаккури зидди фасод дар ҷомеъаи Тоҷикистон будааст.
