"Бузургтарин парвандаи қазоии пулшӯйии ҷаҳон" ба ҷараён уфтод

Бар асоси эъломҳои қазоии Омрико "Либерти Резув" (Liberty Reserve) аз ширкатҳои диҷитоли ироадиҳандаи хадамоти пулӣ ва молӣ, ки аввали ин ҳафта таътил шуд, дар пулшӯйии беш аз 6 милёрд дулор даст доштааст.
Аввали ин ҳафта ва тайи амалиёти нерӯҳои пулис дар 17 кишвари ҷаҳон моликон ва авомили иҷроии "Либерти Резув" боздошт шуданд ва сахтафзори ёронаии мутааллиқ ба ин ширкат ҳам тавқиф шуд.
Бар асоси эъломи вазорати додгустарии Омрико ин "бузургтарин раванди расидагии қазоӣ ба як парвандаи пулшӯйӣ дар арсаи байналмилал" ба шумор меравад.
Мадорики қазоии Омрико нишон медиҳад, ки "Либерти Резув" наздик ба як миллиюн нафар корбар дар саросари ҷаҳон дошт ва то пеш аз таътилӣ, беш аз 55 миллиюн амалиёти нақл ва интиқоли молии ғайриқонунӣ анҷом дода буд.
Нақл ва интиқоли пул
Дар ин мадорик иддаъо шудааст, ки 7 нафар дар идораи умури "Либерти Резув" нақш доштанд. Онҳо бо роҳ андохтани ин ширкати ироадиҳандаи хадамоти пулии диҷитол ба таври мушаххас ин фурсатро фароҳам карда буданд, ки "базаҳкорон ба нақл ва интиқоли ғайриқонунии пул бипардозанд."
Юриши нерӯҳои пулис ба марокизе дар Омрико, Испониё, Косторико ва чанд кишвари дигар ба боздошти 5 нафар аз масъулони "Либерти Резув" аз ҷумла Артур Будовский, поягузори он мунҷар шуд.
Масъули ин ширкат бо иттиҳомоте дар иртибот бо пулшӯйӣ ва мушорикат дар фаъъолияти як системи бидуни муҷаввизи нақл ва интиқоли пул рӯбарӯ ҳастанд.
Ҳамзамон бо масъулони мустақими ин ширкат бисёре аз мутасаддиён ва авомили саррофӣ боздошт шуданд, ки пули нақд дар ихтиёри "Либерти Резув" қарор медоданд. Ин пул ба унвони бахше аз раванди пулшӯйӣ мавриди истифода қарор мегирифт ё байни аъзои гурӯҳҳои базаҳкор ва ҷиноӣ тавзеъмешуд.
Дар амалиёте, ки анҷом шуд, серверҳое ҳам ки ба унвони пуштибони ширкат мавриди истифода буданд, ҷамъоварӣ шуданд.
Гуфта шудааст, ки 45 ҳисоби бонкӣ, ки тавассути ин сервис мавриди истифода буд, масдуд шудаанд ва иқдомоти лозим барои мусодираи дороиҳои 35 сойти дигар, ки таъмини манобеъи молии "Либерти Резув" -ро барои пулшӯйӣ ба уҳда доштанд, анҷом шудааст.
Фаъъолияти ин ширкат ба андозае бо иқбол рӯбарӯ шуда буд, ки "қутби молии дунёи ҷароими сойберӣ" хонда мешавад. Бар асоси гузоришҳо гурӯҳе аз корбарони он дар сирқати иттилоъоти кортҳои эътиборӣ, тақаллуб дар сармоягузорӣ, ҳак кардан, суиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ва қочоқи маводи мухаддир даст доштанд.
Бо ин ҳол гурӯҳе аз корбарони ин ширкат гуфтаанд ки ба таври қонунӣ ва бидуни он ки дар ҳиҷ як аз ин фароин нақш дошта бошанд, муштарии "Либерти Резув" буданд ва таътилии ин ширкат мушкилотеро барояшон ба вуҷуд овардааст.
