Ташдиди мубориза бо пулшӯйӣ ва сармоягузории терурисм дар Тоҷикистон

  • 29 Май, 2013
Пулшӯйӣ
Image caption Тоҷикистон мубориза алайҳи пулшӯйӣ ва сармоягузории терурисмро ташдид кард

Тоҷикистон ба манзури ташдиди раванди муқобала бо мавориди пулшӯйӣ дар ин кишвар ва сармоягузории терурисм ба қавонини Тоҷикистон тағйирот ворид кард.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 29 май, дар иҷлоси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ҳадафи ислоҳи Кодекси ҷинойӣ, қавонини “Нотариати давлатӣ” ва “Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терурисм” ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои муқовимат ба қонунисозии даромадҳои бо роҳи ҷинойӣ бадастомада ва маблағгузории терурисм дар Тоҷикистон аст.

Тағйирот ба қавонини Тоҷикистон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба порлумон ироъа шуда ва бо аксари кулли оро тасвиб шуд.

Оқои Ширинов гуфт, ин иқдом ҳамчунин ба манзури мутобиқсозии муфоди қавонини Тоҷикистон ба меъёрҳои Гурӯҳи тадобири молии муқовимат ба шустани пул ё ФАТФ сурат гирифтааст.

Ӯ гуфт соли 2007 низоми молии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул арзёбӣ шуд ва ба далели мавҷуд набудани қонуни мубориза бо пулшӯйӣ ва мутобиқ набудани қонунгузории ин кишвар ба меъёрҳои ФАТФ (Financial Action Task Force on Money Laundering — FATF) “таҳти реҷаи монторинги қатъии ин ниҳод қарор гирифт.”

Насрулло Маҳмудов, муъовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон гуфт, тибқи тағйироте, ки ба моддаи 57-и Кодекси ҷинойӣ ворид гардид, амволи муқассир дар пулшӯӣ ба таври комил аз сӯйи давлат мусодира нашуда, балки "фақат қисмати ба ҷароими пулшӯйӣ рабтдошта" мусодира хоҳад шуд.

Зеро ба гуфтаи оқои Маҳмудов, мусодираи комили амвол ба моддаи 5-и Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ эълом шудааст, муғойират доштааст.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, бар асоси тағйироти ворида хисороти афрод ё созмоне, ки дар асари пулшӯйӣ осеб дидаанд, ҷуброн хоҳад шуд. Гуфта мешавад, дар сурати камбуди сармояи кофӣ ин хисорот аз ҳисоби фурӯши амволи мусодирашуда пардохт хоҳад шуд.

Тибқи ислоҳоте, ки ба Қонуни “Нотариати давлатӣ” ворид шуда, куллияи асноди амалиёт ва муъомилоти молии беш аз 500 ҳазорсомонӣ ба мақомоти ниҳоди вобаста ба мубориза бо пулшӯӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Зимнан, Гурӯҳи тадобири молии муқовимат ба шустани пул ё ФАТФ (Financial Action Task Force on Money Laundering — FATF) таҳияи меъёрҳои муқовимат бо мавориди пулшӯйӣ ва сармоягузории терурисмро ба ӯҳда дошта ва Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 2004 ба ин ниҳод шомил аст.

Матолиби муртабит