FinCEN: 'Тоҷикистон бо пулшӯйӣ мубориза барад'

Тоҷикистон иқдомоти лозимро барои ҷилавгирӣ аз пулшӯйӣ ва сармоягузорӣ ба терурисм дар ин кишвар рӯйи даст нагирифтааст.
Ин матлаб дар гузориши машваратии Шабакаи Мубориза бо Ҷароими Молӣ (FinCEN), як ниҳоди марбут ба вазорати хазонадории Иёлоти Муттаҳидаи Омрико гуфта шудааст.
Ин ниҳоди омрикоӣ, ки ҳамасола аз раванди мубориза бо пулшӯйӣ ва ҷилавгирии давлатҳо аз сармоягузории терурисм дар кишварҳои ҷаҳон гузориш медиҳад гузориши машваратии худро рӯзи 24-уми апрел интишор дод.
Ин ниҳоди омрикоӣ аз Тоҷикистон ва Марокко ба унвони ду кишваре ном бурд, ки дар чорчуби барномаи кори ҳамоҳангшуда бо "Гурӯҳи кории Амалиёти Молии" (FATF), ниҳоди нозир ба раванди иҷрои таъаҳҳудот дар робита ба мубориза бо пулшӯйӣ, ба сурати лозим пешрафт накардаанд.
Дар ин гузориш мехонем, "ҳарчанд Тоҷикистон дар сатҳи олӣ барои ҳамкорӣ бо Гурӯҳи кории Амалиёти Молӣ (FATF) таъаҳҳуди сиёсӣ кардааст, аммо мақомоти молии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз дастовардҳои ин кишвар дар иҷрои нақшаи мубориза бо террурисм қонеъ нестанд.
Ин гузориши машваратӣ ҳушдор додааст, ки дар сурати анҷом надодани муқаррароти калидии барномаи кории ҳамоҳангшуда дар ин кишварҳо то моҳи июни соли 2013, ин ниҳод кишварҳои узви худро дар ҷараёни таҳдидҳои бармеомада аз ин кишварҳо хоҳад гузошт.
Дар ин гузориш дар мавриди Тоҷикистон аз ҷумла омадааст: “Тоҷикистон бояд ҳамкории худро бо FATF идома диҳад ва (1) дар заминаи ҷиноисозии пулшӯйӣ ва сармоягузории теруристҳо иқдом кунад, (2) барои мусодираи маболиғи марбут ба пулшӯйӣ ва ошкор ва блук кардани сармояи теруристҳо муқаррароти кофӣ таҳия карда ва ба иҷро дародад, (3) барои ҳалли масоили марбут ба Воҳиди Иттилоъоти Молӣ ва иттихози тадобири лозим барои гузориш кардани муъомилоти машкук ва ҳаққи муштарӣ иқдом кунад.”
FinCEN дар ин гузориш аз иқдомҳои давлати Қирғизистон дар заминаи мубориза бо пулшӯйӣ истиқбол карда ва аз ин кишвар хостааст, талошҳоро барои иҷрои нақшаи муборизаи алайҳи пулшӯйӣ ва сармоягузории террурисм идома бидиҳад.
Ин дар ҳолест, ки дар моҳи гузашта Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни ислоҳи Кодекси ҷинойии кишвар шеваи мубориза бо мавориди пулшӯйиро ташдид карда буд.
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар иҷлоси порлумон гуфта буд, ки тағйиру иловаҳо ба ин санади ҳуқуқӣ бар асоси тақозои Гурӯҳи кории Амалиёти Молӣ (FATF) ворид шудааст.
Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон аз соли 2004 узви ин ниҳоди молии байналмилалӣ буда, вале то ҳол қавонини ин кишвар ба меъёрҳои Гурӯҳи кории Амалиёти Молӣ мутобиқ нашуда буданд.
Тибқи тағйироте, ки ба моддаи 262-и Кодекси ҷинойии Тоҷикистон ворид шуд, ҳама гуна маболиғе, ки ба таври ғайримуҷоз ва аз роҳҳои ҷинойӣ дарёфт мешавад, ба нафъи давлат мусодира хоҳад шуд.
Дар иҷлоси порлумон ҳадаф аз ин ислоҳ ошкор сохтани ин маболиғ ва ҷилавгирӣ аз истифода онҳо барои сармоягузории туррурисм унвон шуда буд.
Аз сӯйи дигар мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин бонк бахши ҷадиди Идораи назорати молӣ фаъол аст, ки ба назорати муъомилоти молӣ аз тариқи бонкҳои Тоҷикистон муваззаф аст.
Оқои Ширинов дар як нишасти хабарӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд, ки то ба ҳол мавориди пулшӯйӣ ва сармоягузории террурисм дар ин кишвар ошкор нашудааст.
Гурӯҳи Татбиқи Амалиёти Молӣ (FATF) дар соли 1989 ба манзури муқобала бо мавориди пулшӯйӣ ва сармоягузории террурисм таъсис шуда ва беш аз 30 кишвари ҷаҳон ба ин ниҳод шомил шудаанд.
