Раҳмонов: 'Рисолати телевизюни давлатӣ тарғиби сиёсати давлат аст'

  • 12 Июл, 2013
Асадулло Раҳмонов
Image caption Асадулло Раҳмонов кайфият ва мӯҳтавои барномаҳои родию ва телевизиюнҳои давлатиро "ҷавобгӯйи ниёзҳои мардум" тавсиф кард

Раиси Кумитаи родию-телевизиюни давлатии Тоҷикистон мегӯд, ки рисолати аслии ин кумита тарғиби сиёсати давлати кунунии Тоҷикистон аст.

Асадулло Раҳмонов дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъа, кайфият ва мӯҳтавои барномаҳои родию ва телевизиюнҳои давлатиро "ҷавобгӯйи ниёзҳои мардум" арзёбӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки мунтақидони давлат ва бархе аз аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон мукараран барномаҳои родию ва телевизюнҳои давлатиро "аз воқеъиятҳо ва мушкилоти мардум дур" мехонанд. Оқои Раҳмонов ин иддаъоҳоро бепоя хонд.

Вале раиси кумитаи давлатии родию ва телевизиюни Тоҷикистон ин иддаъои мухолифонро, ки барномаҳои телевизюнҳои давлатӣ якҷониба буда ва ҳамеша машғули тарғиби сиёсатҳои Президент Раҳмон ҳастанд таъйид кард.

Ӯ гуфт: “Ман борҳо гуфтаам, ки телевизюн ва родиюи давлатӣ тарғибгари сиёсати ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аст."

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ 99,09 дарсади сокинони Тоҷикистон барномаҳои телевизюнҳои давлатии ин кишварро тамошо мекунанд.

Аммо ҳафтае қабл созмони ғайридавлатии “Хома”, зимни муъаррифии натоиҷи таҳқиқоти худ эълом крада буд, ки беш аз 68 дарсади сокинони шаҳри Душанбе тамошои конолҳои телевизюни кишварҳои хориҷиро аз тариқи моҳвора ба барномаҳои телевизиюнҳои давлатии кишвар тарҷеҳ медиҳанд.

Ин пажуҳиш ҳамчунин ҳокӣ шудааст, ки аксари сокинони манотиқи рустоии Тоҷикистон низ тамошои барномаҳои телевизиюнии Русияро ихтиёр мекунанд.

Ин пажӯҳиш аз ҷониби сафорати Омрико дар Тоҷикистон ва намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Урупо ҳимояти молӣ шудааст.

Шаҳло Акобирова, раиси созмони Хома гуфт: “Дар ин пажӯҳиш ҳамчунин маълум шуд, ки дар нӯҳ ширкати телевизюни давлатӣ беш аз як ҳазор нафар кор карда ва ҳамарӯза барои 129 соъат барнома тавлид мекунанд. Аммо 15 шабакаи мустақили телевизюнӣ бо 170 корманд, ҳамарӯза 110 соъат барномаро пешкаши тамошочиён мекунад.”

Вай афзуд кайфияти барномаҳои телевизиюнии давлатӣ ва мустақил тақрибан аз ҳамдигар тафовут надоранд ва пажӯҳишгарон пешниҳод мекунанд, ки кормандони ин телевизиюнҳо ба такмили ихтисос ниёз доранд.

Аммо масъулони Кумитаи родию вателевизиюни давлатии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа гуфтанд, ки дар садади беҳбуди барномаҳои худ буда ва ба ин манзур дар авоили соли 2014 дар Душанбе Кохи вежае бунёд мекунанд, ки дар он барномаҳои ҳунарӣ, аз ҷумла консертҳо сабт хоҳанд шуд.

Матолиби муртабит