Муҳаммадюсуф Исмоъилов ба далели таҳдид ба бадномӣ боздошт шудааст

  • 27 Июн, 2013

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки кормандони ин ниҳод Муҳаммадюсуф Исмоъилов, рӯзноманигори маҳаллиро, ки дар солҳои 2010 ва 2011 ҳудуди як солро ба иттиҳоми тавҳини мақомдорони ноҳияи Ашт дар боздоштгоҳ сипарӣ карда буд, ин бор бо иттиҳоми таҳдиди (шантаж) як сокини ноҳияи Ашт боздошт шудааст.

Дар вебсойти расмии вазорати кишвар омадааст, ки Муҳаммадюсуф Исмоъилов, хабарнигори мустақил дар ин ноҳияро, рӯзи 24 июн ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт кардаанд. Санавбар Аҳадова, як сокини ноҳияи Ашт ба кормандони пулис шикоят бурда, ки оқои Исмоъилов ба ӯ таҳдид кардааст, ки агар вай ва ӯ 100 дулор надиҳад “маълумотҳои бадномкунандае” дар бораи ин занро ба ҳамагон ифшо хоҳад кард.

Тибқи хабари пулис барои собит кардани шикояти ин зан амалиёти вижаеро доир ва дар ҷараёни он оқои Исмоъиловро ба ҳангоми гирифтани сармоя боздошт кардаанд.

Аммо хонуи Муҳаммадюусуф Исмоъилов дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, ки муътақид аст, ки шавҳарашро як зани ба гуфтаи ӯ “бадгард” тӯҳмат кардааст.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз дӯстони Муҳаммадюсуф Исмоъилов боздошти ӯро ба фаъъолияти рӯзноманигор рабт медиҳанд.