Боздошти як рӯзноманигор ба занни "тамаъҷӯӣ" дар ноҳияи Ашт

  • 26 Июн, 2013
Муҳаммадюусуф Исмоъилов
Image caption Ин барои бори дуввум аст, ки оқои Исмоъиловро кормандони интизомӣ боздошт мекунанд

Кормандони пулиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд мегӯянд, ки Муҳаммадюсуф Исмоъилов, хабарнигори мустақил дар ин ноҳияро ба занни тамаъҷӯӣ боздошт кардаанд.

Тавре, ки як масъули бахши вазорати умури дохила дар ин ноҳия мегӯяд, боздошти вай дар пайи ироаи номаи шикоятии як сокини ин ноҳия дар мавриди тамаҷӯъйӣ сурат гирифтааст.

Абдуғаффор Холиқов, муъовини раиси бахши пулиси ноҳияи Ашт, рӯзи чаҳоршанбеи 26 июн дар суҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт: "Муҳаммадюсуф Исмоъилов ду рӯзи пеш барои тамаҷӯъӣ ё ришвагирӣ боздошт шуд. Як сокини ноҳия аз ин ҳодиса ба пулис шикоят навиштааст ва мо баъд аз анҷоми таҳқиқот Муҳаммадюсуфро боздошт кардем."

Оқои Холиқов ба баҳонаи халадор накардани таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин ҳодиса аз ифшо кардани номи марди шокӣ ва ҷузъиёти дигари ин парванда худдорӣ кард.

Кормандони пулиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд мегӯянд, ки таҳқиқоти павранда дар робита ба ин боздошт тибқи модаи 250 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне тамаҷӯъӣ анҷом мегирад.

Дар ҳамин ҳол Фазлиддин Худойбердиев, вакили мудофеъи оқои Исмоъилов низ гуфт, ки муваккмли ӯ дар тамаҷӯйӣ муттаҳам шуда ва оқои Исмоъилов дар мулоқот бо ӯ гуфтааст, ки вай танҳо хостори кумаки молӣ шудааст.

Оқои Худойбердиев афзуд: "Муҳаммадюсуф мехост ки ин афрод ба ӯ кумаки молӣ кунанд на тамаҷӯъйӣ кардааст. Ва ӯ ҳангоми гирифтани пули нақд аз ҷабрдидагон боздошт шуд.”

Аммо иддае аз пайвандон ва дӯстони Муҳаммадюсуф Исмоъилов мегӯянд, ки кормандони интизомӣ ин рӯзноманигорро барои фаъъолиятҳои ҳирфаӣ боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо ӯ қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд дар чанд ҳафтанома матолиби интиқодомезеро дар мавриди иҷтимоъи ноҳияи Ашт ба табъ расондааст.

Ҳамчунин Маҳтобӣ Абдуллоева, ҳамсари ӯ гуфт, ки шавҳарашро як хонуме, ки бо пулис ҳамкорӣ мекунад, тӯҳмат кардааст.

Ин нахустин бор нест, ки ин рӯзноманигори тоҷик аз сӯйи кормандони интизомӣ боздошт мешавад.

Дар авохири соли 2010 Муҳаммадюусуф Исмоъилов, ки он замон хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ" буд боздошт ва ҳудуди 11 моҳро дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар вилояти Суғд пушти сар карда буд.

Сипас додгоҳи шаҳри Табошар оқои Исмоъиловро ба пардохти беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум карда буд.

Мудофеъони ҳуқуқи рӯзноманигорон он замон сабаби ба додгоҳ кашида шудани оқои Исмоиловро навиштани матлабе дар мавриди фасод дар миёни кормандони мақомоти ҳукумати вилояти Суғд унвон карда буданд.

Он замон боздошт ва муҳокимаи оқои Исмоъилов аз суи созмонҳои байналмилалии дифоъ аз озодии баён мавриди интиқод қарор гирифта буд.

Матолиби муртабит