Интихоботи раиси ҷумҳурӣ: омили васлкунанда ё фаслкунанда?

Ба эътиқоди намояндагони порлумон ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ бояд ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу сабот дар кишвар мусоъидат кунад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 30 август, дар иҷлоси муштараки маҷолиси улё ва суфлои порлумон суҳбат мекард, гуфт: "Интихоботи президентӣ муҳиммтарин маъракаи сиёсиест, ки ҳамчун омили муҳимми ваҳдати миллӣ ва муттаҳидкунандаи миллат, ҳушёрии миллӣ ва бедории маънавӣ арзёбӣ мешавад."
Бештари аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон низ ба ин нукта таъкид карданд, аммо онҳо ҳамзамон, ба таври ғайримустақим аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, ҳимоят карда ва ӯро омили сулҳу сабот ва пешрафти кишвар хонданд.
Назира Ғаффорова, муъовини раиси Маҷлиси Намояндагон, ба хидматҳои ин "фарзанди фарзонаи миллат" дар пешрафтҳои кишвар ишора карда ва гуфт, ки "ин роҳ бояд идома ёбад."
Ғайбулло Афзалов, устондори Хатлон, Қобиламоҳ Ғуломшоева, узви Маҷлиси Миллӣ ва Убайдулло Давлатов, вакили Маҷлиси Намояндагон аз Эмомалӣ Раҳмон ситоиш карданд ва дастовардҳои солҳои ахири кишварро ба ӯ мунтасаб донистанд.
Дар ҷараёни иҷлоси муштараки порлумон чунин эҳсос мешуд, ки гӯё номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод шудаю ин афрод аз хидматҳою нақши вай дар пешрафтҳои иқтисодию сиёсии кишвар таъриф мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон, интихоботи раёсати ҷумҳуриро "рӯйдоде ҳассос" хонда ва пешниҳод кард, ки дар раванди интихобот "аз якдигар душман натарошем, бар зидди якдигар суҳбат накунем, бахусус аз тариқи расонаҳои хабарӣ."
Оқои Кабирӣ гуфт: "Тоҷикистон кӯчак аст, тақирибан мо ҳамдигарро мешиносем. Бояд ин интихобот тарзе гузарад, ки пас аз он мо ба чашми якдигар нигоҳ карда тавонем."
Ба гуфтаи ӯ, интиқод аз ҳамдигар тавре бояд сурат бигирад, ки рӯҳияи сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва меъёрҳои қонуниро зери суол набарад ва раванди интихобот омили васлкунанда бошад, на фаслкунанда.
Раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ, бонуфузтарин ҳизби мухолиф ва танҳо ҳизби мазҳабӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, гуфт: "Як бор иштибоҳ кардем, гуфтем дасти хориҷиҳо буд. Агар ҳоло Тоҷикистон ба мушкилӣ кашонда шавад, айби дохилиҳо хоҳад буд."
Зимнан, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон фишори ниҳодҳои давлатӣ бар аҳзоби мухолиф, бахусус Ҳизби наҳзати исломӣ, афзуда ва дар расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла шабакаҳои телевизиюн, мукарраран ҳамалоти лафзӣ алайҳи аъзои ин ҳизб сурат мегирад.
Дар барномаҳое, ки бархе онҳоро "корзори зиддинаҳзатии" телевизиюни Тоҷикистон хондаанд, рӯҳониён ва уламои исломӣ ва афроди мухталиф ба зарурат надоштани ҳизби сиёсӣ дар ислом таъкид карда ва аз ҷумла хостори ҳазфи вожаи "исломӣ" аз ҳизби наҳзати исломӣ шудаанд.
Аммо ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот, яке дигар аз аҳзоби мухолиф, ба далели дастрасӣ надоштани аҳзоби мухолиф ба родию ва телевизиюнҳои давлатӣ имкони посух гуфтан ба ин гуна ҳамалоти лафзӣ душвор аст.
Гуфта мешавад, ки ҳатто телевизиюнҳои мустақил дар шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон таҳти назорати ҳукуматҳои маҳаллӣ кор мекунанд ва имкони истифодаи аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф аз ин расонаҳо ночиз арзёбӣ мешавад.
Аз сӯйи дигар, оқои Ҳакимов гуфт, ки тибқи гузориши намояндагони ин ҳизб дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, бар асоси дастури ғайрирасмии ниҳодҳои давлатӣ ба мардум талқин мешавад, ки иваз шудани раҳбари давлат боъиси нооромию бесаботиҳо дар кишвар хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Президент Раҳмон дар паёми худ ба порлумон дар 26 апрели соли ҷорӣ қавл дода буд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон озоду шаффоф баргузор хоҳад шуд.
Оқои Раҳмон гуфта буд: "Ман ҳамчун ҳомии Конститусия (Қонуни асосӣ), қонунҳо ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат бо масъулияти баланд ва эътимоди комил кафолат (замонат) медиҳам, ки интихоботи дарпешистода ба таври демократӣ ва озоду одилона баргузор хоҳад шуд."
Нуралӣ Давлат, коршиноси мустақил, дар иҷрои ин гуна ваъдаҳо тардид дорад. Вай мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон баргузории интихоботи шаффофу демукротикро дар интихоботи порлумонии соли 2010 низ замонат дода буд, вале мавориди нақзи қонун ва тақаллуб дар ин интихобот дар муқоиса бо интихоботҳои қаблӣ бештар сабт шудааст.
Ӯ гуфт, ки боздошту таъқиби мухолифону мунтақидон ва рақибони эҳтимолии Президент Раҳмон, назири Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мавсум ба "Гурӯҳи 24" дар фурӯдгоҳи шаҳри Дубай дар декабри соли гузашта ва Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи мубтакирон барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" имкони рақобати баробару солим дар интихоботро зери суол бурдааст.
