Шикояти ҲНИТ аз фишори фазоянда бар аъзо ва тарафдоронаш

  • 3 Сентябр, 2013
ҲНИТ
Image caption Ҳизби наҳзати исломӣ аз афзоиши фишор бар аъзои ин ҳизб шикоят кардааст

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар фишори равонӣ бар аъзои ин ҳизб афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла, дар баёнияи Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар вилояти Хатлон, аз мавориди фишори равонӣ ба аъзои ҳизб ва эҷоди фазои тарсу ваҳм шикоят шудааст.

Гуфта мешавад дар ин ноҳия дар канори мунташир кардани овоза ё сару садоҳои дурӯғин дар миёни сокинон дар бораи фаъъолияти ҲНИТ ва ташвиқи гурӯҳе аз рӯҳониён дар байни аъзои ҳизби наҳзат барои ихроҷ шудан аз суфуфи он, масъулони ин ҳизб ба идороти ҳукумати маҳаллӣ, умури дохила ва амният даъват шуда ва мавриди таҳдиду фишор қарор гирифтаанд.

Дар ин баёния омадааст: "Фазои носолими нобоварию беэътимодӣ нисбат ба якдигар ахиран эҷодшуда намегузорад, ки нерӯҳои сиёсӣ бо камоли итминону боварӣ ва қарзи масъулияти шаҳрвандӣ дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ширкат намоянд."

Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз мақомоти давлатии Тоҷикистон тақозо кардааст, ки ба аъмоли ғайриқонунӣ хотима дода ва шароити баробарро барои фаъъолияти аҳзоби сиёсӣ таъмин кунанд.

ҲНИТ силсилабарномаҳои шабакаи телевизиюни давлатии Тоҷикистон алайҳи худро маҳкум карда ва аз ниҳодҳои додситонию додгоҳ тақозо кардааст, ки аз пахши чунин барномаҳо, ки миёни ақшори ҷомеъа мунҷар ба афзоиши нафрату бадбинӣ шудааст, ҷилавгирӣ ва омилони онҳоро муҷозот кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва намояндаи порлумон, рӯзи сешанбеи 3 сентябр, дар ҷаласаи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ (КМИҲ) бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои маданӣ низ ин мавзӯъро матраҳ кард ва аз раиси кумисиюн хост, ки дар доираи салоҳияташ ба ин масоил расидагӣ кунад.

Дар посух ба дархости ӯ, Шермаҳмади Шоҳиён, раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, гуфт, ки КМИҲ дар доираи салоҳияташ ба мавзӯъи пахши барномаҳои тӯҳматангез дар шабакаи телевизиюни давлатӣ расидагӣ хоҳад кард.

Оқои Шоҳиён гуфт: "Фикрҳое, ки дар мавриди дастрасӣ ба телевизиюн ва дигар воситаҳои ахбори омма ва ҳамчунин, он маводҳое ки насбат ба аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикитсон дар чанд вақти охир дар шабакаҳои телевизиюни Тоҷикистон сурат мегирад, ҳатман мавриди омӯзиши КМИҲ қарор мегирад. Ҳаракат мекунем, дар доираи салоҳату ваколатамон ба ин масъала машғул шавем."

Қаблан, оқои Кабирӣ интихоботи раёсати ҷумҳуриро "рӯйдоде ҳассос" хонда ва пешниҳод карда буд, ки дар раванди интихобот "аз якдигар душман натарошем, бар зидди якдигар суҳбат накунем, бахусус аз тариқи расонаҳои хабарӣ."

Оқои Кабирӣ пас аз фориғ шудан аз ҷаласаи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ (КМИҲ) ба Би-би-сӣ гуфт, масъалаи афзоиши мавориди фишор бар ҲНИТ дар ҷаласаи Шӯрои ин ҳизб дар рӯзи гузашта матраҳ шудааст.

Вай гуфт: "Дар ҷаласа таъкид шуд, ки аввал гумон мерафт фишорҳо дар маҳаллҳо ин ибтикори ҳукуматҳои маҳаллист. Ҳоло рӯшан шуда, ки ин амали созмонёфта аз ҷониби давлати Тоҷикистон аст. Ҳоло мусобиқа миёни шаҳру навоҳӣ роиҷ аст, ки кӣ бештар алайҳи ҳизби наҳзат иқдом мекунад."

Image caption Оқои Кабирӣ гуфт, ҳоло рӯшан шуда, ки эъмоли фишорҳо бар ҲНИТ як амали созмонёфта аз ҷониби давлат аст

Ӯ гуфт, намояндагони ҲНИТ дар порлумон номаеро ба фроксиюни Ҳизби ҳокими халқи демукрот дар порлумон омода карданд. Зеро бештари аъзои порлумон ва тақрибан куллияи раҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ намояндагони ин ҳизб ҳастанд.

Ҳамчунин, дар назар аст, як нома ба Гурӯҳи Тамос ирсол шуда ва хоҳиш шавад, то давлатҳои узви ин гурӯҳ барои ҳифзи субот дар Тоҷикистон кумак кунанд. Зеро иқдомоти давлат бовару эътимодро нисбат ба сулҳу ваҳдат коста кардааст.

Гурӯҳи тамос аз Русия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ваа Покистон мураккаб буда ва дар замони музокироти сулҳи тоҷикон дар даҳаи 1990 миёни ҳайъатҳои давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифон нақши миёнҷиро ба ӯҳда дошт.

Зимнан, дар соли ҷорӣ фишори ниҳодҳои давлати Тоҷикистон бар Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлат, баякбор афзоиш ёфта ва мавориди таҳдид ва ҳатто латту кӯби аъзои ин ҳизб сабт шудааст.

Аз ҷумла, дар моҳи апрели соли ҷорӣ Маҳмадалии Ҳаит, муъовини раҳбари ҲНИТ дар назди манзилаш аз ҷониби афроди номаълум латту кӯб шуда ва дар бемористон бистарӣ шуда буд. Аммо то ҳол пулис афроди мазнун дар ин ҳамларо ошкор ва боздошт накардааст.

Аз сӯйи дигар, дар пайи дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо уламо ва имом-хатибони кишвар дар 4 июли соли ҷорӣ дар шабакаҳои телевизиюни давлатӣ пахши барномаҳои "зиддинаҳзатӣ" шурӯъ шуд.

Бархе аз уламои динӣ дар ин барномаҳо ширкат карда ва ба ниёз надоштани ислом ба ҳизби сиёсӣ ва лағви вожаи "исломӣ" аз ҳизби наҳзат таъкид карда буданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, рӯзи 31 июли соли ҷорӣ бо ирсоли нома аз Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи давлатии родию ва телевизиюни Тоҷикистон ин гуна барномаҳоро "тӯҳмату бӯҳтон ба ҲНИТ" хонда ва хост, то ба мақомоти ин ҳизб имкон диҳад барои додани посух ба иддаъоҳо дар қиболи ҳизби наҳзат аз шабакаҳои телевизиюни давлатӣ истифода кунанд.

Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, пахши барномаҳои "зиддинаҳзатӣ" хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва сулҳу ваҳдати миллӣ буда, агар ҳадаф аз пахши чунин барномаҳо таъмини гуногунандешӣ бошад, назари тарафи дигар низ дар расонаҳои давлатӣ мунъакис шавад.

Аммо мақомоти ин кумита дархости раҳбари ҲНИТ-ро рад карда ва гуфтанд, ки "шабакаҳо уҳдадор нестанд вобаста ба назари иштирокчиёни ҷамъомадҳо, ки ҳамарӯза даҳҳо адад пахш мешаванд, раддияи ҷониби дигарро дар барномаҳо ҷой диҳанд."

Матолиби муртабит