Эҳзори дубораи Зойиров ба Додситонии кулли Тоҷикистон

Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот ва аз шахсиятҳои умдаи мухолиф, барои бори дувум дар ду ҳафтаи ахир ба Додситони кулли Тоҷикистон эҳзор шудааст.
Қарор буд вай баъд аз зуҳри рӯзи шанбе дар сохтмони Додситонии кул бо мақомҳои зирабт мулоқот кунад, аммо ба гуфтаи ӯ, ин мулоқот то рӯзи душанбе ба таъвиқ уфтодааст.
Оқои Зойиров дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт: "Ман ба идораи додситонӣ рафтам ва хеле мунтазир нишастам, аммо мақомоти додситонӣ зоҳиран ба корҳои дигаре машғул буданд. Баъд ман ба масъулон гуфтам, ки рӯзи душанбе меоям ва баромада рафтам."
Зимнан, дар бораи дувумин эҳзораш ба Додситонии кул худи оқои Зойиров субҳи рӯзи шанбеи 17 август дар сафҳааш дар Фейсбук хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, мақомот ӯро рӯзи ҷумъа даъват карда буданд, аммо ӯ имкони рафтан ба додситониро надошта, зеро ӯ ҳукми эҳзорашро дер гирифтааст.
Вай навишт: "Дирӯз, соъати чаҳори саҳар аз фурӯдгоҳ ба хона омада, се соъат хоб рафтам ва ба ноҳияҳои Шаҳринав ва Турсунзода сафар доштам, азбаски онро аз сафар пеш ба нақша гирифта будам. Соъати 17.10 ба хона баргаштам, ки даъватномаи (повесткаи) прокуратураи генералии (Додситонии кулли) ҶТ ба ҳамин рӯз, яъне 16.08. 2013 мунтазир, ки соъати 15.00 дар ин ниҳод ҳатман ҳозир шавам. Албатта, ҳозир шуда натавонистам."
Раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот хабар дод, ки ҳамчунин ду нафар аз кормандони Додситонии кулли Тоҷикистон шабҳангом ба хонаи ӯ рафта ва ҳукми эҳзорияи дигареро ба ӯ супурдаанд.
Мақомоти додситонии кул аз ӯ хостаанд, ки субҳи рӯзи шанбе дар бинои додситонӣ ҳозир шавад, аммо ӯ гуфтааст, ки танҳо баъд аз анҷоми ҷаласаи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон (ИНИТ), ташаккуле мураккаб аз азоб ва гурӯҳҳои мухолифи давлат, соъати 14 ба додситонӣ хоҳад рафт.
Оқои Зойиров гуфт: "Ман эрод гирифтам, ки а) имрӯз соъати 10.00 мо ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсози ИНИТ- ро дар дафтари ҲСДТ дорем, ва б) шанбе рӯзи корӣ нест. Ба ҳар ҳол хоҳиш кардаанд, ки бояд таъҷилан дар прокуратураи генералӣ (додситонии кул) бошед!"
"Ман пурсидам, ки "таъҷилан лозим?" ва ҷавоби тасдиқкунандаро гирифта, гуфтам, ки набошад, ман аввал дар ҷаласаи ИНИТ ширкат намуда, соъати 14.0 ба прокуратураи генералӣ (додситонии кул) меоям. Ва ҳамин тавр дар корешоки (пушти) даъватнома қайд намудам."
Оқои Зойиров бори нахуст рӯзи ҷумъаи 2 август ба Додситонии кулли Тоҷикистон эҳзор шуда буд. Пас аз бозпурсии маъмурони додситонӣ, оқои Зойиров ба расонаҳо гуфт, ки аз ӯ дар бораи изҳорот ва иброзиназарҳои матбӯъотияш перомуни амалиёти Хоруғ дар тобистони соли гузашта суол кардаанд.
Ин ҳуқуқдони маъруф ва раҳбари ҳизби мухолифи сусиёл-демукрот, ки аз номзадҳои эҳтимолӣ ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ба шумор меояд, рӯзи 24 июл, як сол пас аз амалиёти Хоруғ, бо интишори баёнияе ин амалиётро "терурисми давлатӣ" унвон карда буд.
Оқои Зойиров гуфт, ки ин натиҷагирияш мубтанӣ бар қавонин ва мавозини байналмилалии ҳуқуқи башар ва Қонуни асосӣ ва қавонини дигари Тоҷикистон аст ва метавонад исбот кунад, ки ин амалиёт як "амали аз қабл тароҳишудаи терурисми давлатӣ" аст.
Аз сӯйи дигар, гурӯҳҳои мухолиф ва мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки бо наздик шудани замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, давлати Тоҷикистон ба саркӯби густардаи мухолифон ва маҳор кардани рақибони эҳтимолии Президент Раҳмон пардохтааст.
Гуфта мешавад давлати Тоҷикистон аз эътирозоти густарда ва эҳтимоли вуқӯъи ончи "инқилоби рангин" хонда шуда, башиддат нигарон аст ва тадобири амниятӣ, аз ҷумла назорат бар фаъъолиятҳо ва рафтори раҳбарон ва фаъъолони аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифро тақвият кардааст.
