Зойиров: Таъсиси чодаршаҳрҳо барои муҳоҷирон дар Русия ғайриқонунист

Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдони саршинос ва раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, бо интишори як баёния аз таъсиси чодаршаҳрҳо ва урдӯгоҳҳо барои муҳоҷирони боздоштшуда дар Русия интиқод карда ва ин иқдомро ғайриқонунӣ хондааст.
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи расонаҳои Русия, мақомоти он кишвар ба ихроҷи 32 тан аз муҳоҷирони виетномӣ, ки дар яке аз чодаршаҳрҳои муҳоҷирон дар минтақаи Голяновои шаҳри Маскав таҳти боздошт ба сар мебурданд, шурӯъ кардаанд.
Ин муҳоҷирон аз ҷумлаи наздик ба ҳазор табаъаи хориҷӣ ҳастанд, ки авосити ҳафтаи гузашта дар амалиёте вижа аз сӯйи кормандони пулиси Маскав боздошт шуда буданд.
Пулис бисёреро раҳо кард ва 585 нафар аз онҳо, ки атбоъи Виетном, Миср, Марокаш, Сурия, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Узбакистон будаанд, то кунун дар чодаршаҳре дар Голяново мунтазири сарнавишти худ ҳастанд. Гуфта мешавад дар миёни онҳо 11 табаъаи тоҷик ҳам ҳастанд, ҳарчанд мақомоти тоҷик ҳануз ҳеч вокунише нисбат ба боздошти онҳо накардаанд.
Дар ҳоле ки ба навиштаи расонаҳои Русия, мақомоти рус ба дунболи эҷоди урдӯгоҳҳо ва чодаршаҳрҳои дигаре барои нигаҳдории муҳоҷирон ҳастанд, оқои Зойиров ин тадобирро муғойир бо қавонини ҳуқуқи башар, қонунҳои асосии Русия ва Тоҷикистон хондааст.
Оқои Зойиров дар баёнияи худ, ки рӯзи шанбеи 10 август интишор дод, навиштааст: "Тасмимгирии худсарона ва бидуни таъйини вазъи ҳуқуқии тадобире, ки дар мавриди муҳоҷирон анҷом мешавад, ғайри қобили қабул аст, зеро дар ҳамаи ин маворид мо бо инсон сару кор дорем, инсоне, ки бар мабнои Қонуни асосии Русия ва Тоҷикистон ба унвони болотарин арзиш, меъёри қонунмандӣ ва иҷрои қавонин аз сӯйи ҳамаи қуво - муқаннана, муҷрия ва қазоия, шинохта шудааст."
Вай меафзояд: "Аз ҳамаи афроди зидахл, ки дар мавриди ин масоил тасмим мегиранд, тақозо мекунам, ки ба Қонуни асосӣ ва қавонини дигари кишвари худ, ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ба таъаҳҳудоти давлаташон ба ҷомеъаи байналмилалӣ дар ин замина эҳтиром гузоранд."
Бар асоси гузоришҳои расида аз Маскав, мақомоти Русия мехоҳанд барои нигаҳдории муҳоҷирони хориҷие, ки дар чандин амалиёт тайи ду ҳафтаи ахир боздошт шудаанд, аз амокини тоза, аз ҷумла урдӯгоҳҳои кӯдакон дар ҳаволии Маскав, истифода кунанд.
Пулиси Маскав гуфтааст, ки дастикам се макони тозаро барои нигаҳдории ду ҳазор муҳоҷир пайдо кардааст. Аммо ба назари оқои Зойиров, ин амр баёнгари он аст, ки мақомоти рус мехоҳанд муҳоҷиронро ба таври гурӯҳӣ ё фавҷ-фавҷ ихроҷ кунанд.
Раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон аз он ибрози нигаронӣ карда, ки дар урдӯгоҳи Голяново мақомоти рус имкони шиносоии ҳувияти 90 дарсад аз муҳоҷиронро наёфтаанд. Онҳо ҳатто вазъи ҳуқуқии ин маконро мушаххас накардаанд ва аз он гоҳ ба унвони "шаҳраки муваққатӣ" ва гоҳ ба унвони "макони муваққатӣ барои тафтиши асноди" муҳоҷирон ном мебаранд.
Оқои Зойиров муътақид аст, ки дастикам ниме аз муҳоҷирони боздоштшуда дар Русия имкон дорад ба таври ғайриқонунӣ ва худсарона аз сӯйи пулис боздошт шуда бошанд.
Ба гуфтаи ӯ, эҷоди урдӯгоҳҳо ё чодаршаҳрҳо барои нигаҳдории муҳоҷирони боздоштшуда дар Русия хилофи қавонини ин кишвар аст ва нақзи ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад. Раҳматилло Зойиров мегӯяд: "...Талош барои мушаххас кардани вазъи ҳуқуқии ин урдӯгоҳ номуваффақ буд, чун эҷоди шаҳракҳои муваққатӣ барои шаҳрвандон дар ҳеч қонуне зикр нашуда ва комилан ғайриқонунист. Аз ин ҷо мешавад гуфт, ки мафҳуми урдӯгоҳ барои муҳоҷирони корӣ аз масири қонун хориҷ аст ва бояд аз миён бурда шавад."
Ин ҳуқуқдони маъруф бо такия ба қавонини Русия мафҳуми "муҳоҷири ғайриқонунӣ"-ро низ "таърифнашуда ва баҳсбарангез" арзёбӣ кардааст.
Ӯ мепурсад: "Чи касе метавонад мақоми як муҳоҷирро "ғайриқонунӣ" ташхис бидиҳад ва бар кадом асос: додгоҳ, пулис ё корманди идораи муҳоҷират? Далели қонунияш чист? Оё муқаррароти идорӣ аз Қонуни асосӣ муътабартар аст? ...Куҷост эҳтиром ба қонун, ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон?"
Амалиёт ва боздошти садҳо муҳоҷир дар бозорҳо ва кӯчаву паскӯчаҳои шаҳри Маскав аз 27 июл дар пайи лату кӯби як маъмури пулис тавассути афроди номаълум шурӯъ шуд.
Ҳарчанд маъмурони пулиси Русия дастикам се нафарро ба иттиҳоми ҳамла ба маъмурони пулис боздошт кардаанд, аммо корзори густардаи боздошт ва ихроҷи муҳоҷирон идома дорад.
Рӯзи гузашта Дидабони Ҳуқуқи Башар, як созмони мудофеъи ҳуқуқи башари байналмилалӣ, бо интишори баёнияе боздошт ва нигаҳдории садҳо муҳоҷир дар Маскавро башиддат маҳкум карда ва хостори поён додан ба "боздошти тӯлонии муҳоҷирон бидуни фароҳамсозии шароити дифоъ, парвандасозии қавмӣ ва шароити ғайриинсонӣ" шудааст.
Таня Локшина, мудири барномаи ин созмон дар Русия, аз ин иқдом ба унвони 'рӯфтани (муҳоҷирон) ба таври ваҳшиёна' ном бурда ва гуфтааст, ки давлати Русия бо ин кор қавонин ва таъаҳҳудоти байналмилалии худро зери по кардааст.
Дар баёнияи ин созмон омадааст, ки азбас боздоштгоҳҳои пулиси Русия лабрез буда, мақомот дар қисмати шарқии Маскав урдӯгоҳе таъсис дода ва мардумро мисли рама дар хаймаҳои бидуни барқу васоили иртиботӣ, дар шароити бади беҳдорӣ, бидуни дастрасӣ ба об ва ғизо нигоҳ медоранд.
Муҳоҷирони боздоштшуда аз хадамоти вакили мудофеъ ё мутарҷим бархурдор нашудаанд ва имкони тамос бо хешовандон ва иттилоърасонӣ дар бораи худро надоштаанд. Бархе аз афроде, ки мақомоти Русия дар садади ихроҷи онҳо ҳастанд, паноҳҷӯ буда ё ҷавози иқомати қонунӣ доранд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ки боздошти усулӣ ва равишманди афроди дорои қавмият ва нажодҳои гуногун бидуни далоили кофӣ дар бораи тахаллуфоте, ки муртакиб шудаанд, амале табъизомез ва ба маънои худсарона маҳрум кардани онҳо аз озодист, ки бо қавонини ҳуқуқи башари дохилӣ ва байналмилалӣ дар таноқуз аст.
