Коҳиши мавориди ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия

Дар соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, дар муқоиса бо соли гузашта се баробар коҳиш ёфтааст.
Анвар Бобоев, муъовини аввали раиси Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 1 август дар нишасти хабарии ин ниҳод дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ бар асоси мусаввабаҳои додгоҳҳои Русия 557 тан аз атбоъи тоҷик ба иттиҳоми нақзи қавонини ин кишвар аз Русия ихроҷ шудаанд. Ин рақам дар давраи мушобеҳи соли гузашта 1703 нафар будааст.
Ба гуфтаи оқои Бобоев, бештари ин афрод барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва надоштани асноди ҳуқуқӣ барои кор ва буду бош дар Русия аз ин кишвар берун карда шудаанд.
Зимнан, дар зарфи се рӯзи ахир дар бозорҳои шаҳри Маскав амалиёти вижаи ниҳодҳои интизомӣ ва Идораи муҳоҷирати Русия барои ошкор сохтани муҳоҷирони ғайриқонунӣ идома дошта ва садҳо нафар, аз ҷумла, теъдоди зиёде аз атбоъи тоҷик боздошт шудаанд.
Сергей Собянин, кафили шаҳрдории Маскав, рӯзи чаҳоршанбеи 31 июл дар ҷаласаи давлати Русия ҳадаф аз ин амалиётро "мубориза бо нақзкунандагони муқаррароти муҳоҷират" унвон кардааст, ки умдатан дар бозори "Черкизон"-и шаҳри Маскав анҷом шуда ва дар ҷараёни он беш аз 1300 нафар аз виетномиҳо ва намояндагони миллатҳои дигар дастгир шудаанд.
Бино ба гузоришҳои расонаҳои Русия, дар зарфи як моҳи ахир фишорҳои ниҳодҳои зирабти ин кишвар бар муҳоҷирони корӣ, бахусус муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бештар шуда ва намояндагони Ҳизби кумунисти Русия дар Думои давлатӣ ё порлумони ин кишвар хостори роҳандозии муқаррароти визо барои атбоъи кишварҳои Осиёи Марказӣ шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, барои анҷоми як дидори корӣ вориди Маскав шуда ва қарор аст дар ҷараёни ин дидор масоили муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла тамдиди муддати буду бош ва таъмини ҳуқуқи ин афрод, матраҳ шавад.
Тибқи иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия, ҳоло дар ин кишвар як милюну 132 ҳазор муҳоҷири тоҷик кор ва зиндагӣ мекунанд. Аммо Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русияро 763 ҳазор баровард кардааст.
Анвар Бобоев, муъовини аввали раиси ин идора, иллати тафовут дар ин арқомро ба наҳваи сабти номи муҳоҷирон дар Тоҷикистон ва Русия марбут хонд.
Оқои Бобоев гуфт, ки дар соли ҷорӣ аз тариқи фурӯдгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳани Тоҷикистон беш аз 700 ҳазор тан аз атбоъи тоҷик ба шаҳрҳои Русия рафтаанд.
Аммо ба гуфтаи ӯ, Идораи муҳоҷирати Русия дар канори муҳоҷирони тозаворид муҳоҷирони тоҷикеро ҳам, ки дар солҳои қаблӣ ба ин кишвар рафта ва дар он ҷо ба сар мебаранд, ба феҳристи муҳоҷирони корӣ ворид кардааст. Ҳамчунин, дар Русия беш аз 300 ҳазор тоҷикистонӣ, ки табаъи ин кишварро дарёфт кардаанд, кору зиндагӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон аз ихроҷи 114 тан аз атбоъи хориҷӣ аз қаламрави ин кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи масъулони ин идора, ин афрод барои нақзи моддаи 499-и Қонуни тахаллуфоти идорӣ (ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ)-и Тоҷикистон, яъне "дағалона вайрон кардани қоъидаҳои будубош" аз Тоҷикистон берун карда шудаанд.
Аз ҷумлаи ихроҷшудагон 65 нафар шаҳрвандони Чин буда ва онҳо барои ҳузур ва фаъъолияти ғайрқонунӣ дар Тоҷикистон, назири фаъъолияти корӣ бо визои ҷаҳонгардӣ, ихроҷ карда шудаанд.
