Интиқоли 458 тобут бо аҷсоди муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 458 тобут бо аҷсоди муҳоҷирон интиқол дода шудааст.
Рамазон Раҳимов, вазири кишвар, рӯзи ҷумъаи 19 июл дар нишасти хабарии ин вазорат гуфт, ки 41 нафар аз ин афрод дар Русия ба қатл расида ва 13 нафари дигар худкушӣ кардаанд.
Оқои Раҳимов гуфт, ки ҳудуди 200 нафар аз муҳоҷирон бар асари бемориҳо ва афроди боқимонда дар натиҷаи сонеҳаи роҳ, оташсӯзӣ ва масмумият ҷонҳои худро аз даст додаанд.
Ҳарчанд омори соли ҷорӣ дар мавриди интиқоли аҷсоди сокинони Тоҷикистон аз Русия дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли гузашта тафовути чандоне надорад, аммо шумори атбоъи тоҷике, ки дар Русия ба қатл расидаанд, нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.
Бавежа, қатли Муқимҷон Абдуғаниеви 15-сола, шогирди яке аз макотиби ҳамагонӣ ва аз фарзандони муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, дар зимистони соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он вокунишҳоеи зиёдеро дар пай дошт.
Муқимҷон Адбуғаниев дар шаҳри Маскав дар моҳи феврали соли равон аз сӯйи як ҷавони ҳамсинн ва ҳамклоси худ бо зарби чоқу ба қатл расида буд.
Ҳамасола шумори зиёде аз атбоъи Тоҷикистон дар Русия дар асари ҳамлаи гурӯҳҳои нажодпараст ҷони худро аз даст медиҳанд. Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз давлати Русия барои бетаваҷҷуҳӣ ба густариши нажодпарастӣ дар ин кишвар башиддат интиқод кардаанд.
Дар соли 2012 аз Русия ба Тоҷикистон як ҳазору 55 тобут бо аҷсоди шаҳрвандони тоҷик оварда шудааст, ки 93 нафар аз онҳо занону духтарон будаанд.
Аммо бар асоси иттилоъи намояндагони созмонҳои ғайридавлатии марбут ба муҳоҷирон, ҳамасола беш аз ду ҳазор нафар аз атбоъи тоҷик дар Русия фавт мекунанд, ки шумори зиёде аз онҳо дар гӯристонҳои Русия ба хок супурда мешаванд.
