“Президент Каримов бояд узрхоҳӣ кунад”

Иттиҳоди касабаи “Мустақил мардикорлар”-и Ӯзбакистон гуфтааст, Президент Каримов барои ба таври ҳақоратомез “танбал” ном бурдани муҳоҷирони кории ӯзбак бояд расман узрхоҳӣ кунад.
Дар номае унвонии раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, ки 51 нафар имзо кардаанд, ин гуфтаҳои Ислом Каримовро “суханони раиси ҷумҳурие, ки халқи худро дӯст намедорад” унвон шудааст.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ Президент Каримов зимни дидор бо кишоварзони вилояти Ҷиззахи Ӯзбакистон муҳоҷирони ӯзбакро, ки хиёбонҳои Русияро поккорӣ мекунанд, “танбал” хонда ва гуфта буд, ки аз онҳо ҳазар мекунад.
Фахриддин Тиллоев, сокини вилояти Сурхандарё, ки дар ин нома имзо кардааст, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ӯ ва ҳамроҳонаш дар18 бозори мардикорони Тошканд барои нома унвонии Президент Каримов имзо ҷамъоварӣ кардаанд.
Оқои Тиллоев гуфт: “Агар намояндагони Вазорати умури дохила монеъ намешуданд, теъдоди муроҷиъин ба раиси ҷумҳурӣ ба маротиб бештар мешуд.”
Ин дар ҳолест, Ислом Каримов муҳоҷирони кории ӯзбак дар Русияро “танбал” хонда ва суханони ӯ ба муҳоҷирони кории дохилӣ рабте надоштааст.
Аммо ба эътиқоди Фахриддин Тиллоев, Президент Каримов дар маҷмӯъ куллияи мардикоронро “танбал” унвон карда ва аз ин лиҳоз бояд дар маҳзари омм узрхоҳӣ кунад.
Иттиҳоди касабаи “Мустақил Мардикорлар” (Мардикорони мустақил) ба манзури дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, ки ба далели бекорӣ ва ҳуқуқи ночиз дар Ӯзбакистон барои дарёфти кор ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд, таъсис шудааст.
Вале давлати Ӯзбакистон ин ниҳодро сабти ном накарда ва аъзои онҳо таҳти фишор қарор додааст.
Бо вуҷуди иддаъоҳои давлати Ӯзбакистон дар мавриди рушди иқтисод ва эҷоди ҳазорҳо ҷойи нави кор милюнҳо тан аз атбоъи кишвар барои дарёфти кор ба Русия ё Қазоқистон сафар кардаанд.
Афроде, ки имкони сафар ба хориҷи кишварро надоштанд, дар шаҳрҳои Ӯзбакистон ба мардикорӣ машғул ҳастанд. Танҳо дар шаҳри Тошканд 20 бозори мардикорон вуҷуд дорад, ки дар ин гуна бозорҳо дар канори мардон занҳо низ дар ҷустуҷӯи кор ҳастанд.
Мавориди пардохт нашудани музди кори мардикорон ва таҳқири ин афрод аз сӯйи корфармоҳо ба мушоҳида расидааст. Аммо ниҳодҳои интизомии Ӯзбакистон аз ин афрод дифоъ накарда, онҳоро таъқиб ва муҷозот мекунанд.
Давлати Ӯзбакистон вуҷуди қишри мардикоронро дар ҷомеъаи ин кишвар эътироф накарда ва барои ҳалли мушкилоти онҳо талош намекунад.
