Каримов аз имкони ташаннуҷи авзоъи минтақа ҳушдор додааст

  • 16 Апрел, 2013
Каримов-Путин
Image caption Руасои ҷумҳурии Ӯзбакистону Русия дар Кремлин дидор карданд

Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон гуфтааст, хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар соли оянда мумкин аст ба бурузи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар ва ташаннуҷи вазъи минтақа дар кулл мунҷар шавад.

Ислом Каримов, ки рӯзи душанбеи 15 апрел, дар шаҳри Маскав бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дидор дошт, гуфтааст: “Тавозуни нерӯҳо дар минтақа дар ҳоли дигаргунӣ аст ва ин тағйирот ба самти беҳбудӣ нест. Аз ин лиҳоз, мо зуд-зуд дидор карда ва масоили марбут ба хатароти террурисм ва бунёдгаройии мазҳабиро баррасӣ кунем. Табиъист, ки ҳеч касе ҷуръати эъломи ҷанг бо мо намекунад. Аммо хатароти террурисм ва бунёдгаройӣ аз ҷанги мустақим бадтар аст.”

Бино ба иттилоъи расонаҳои Русия, оқои Каримов ҳамчунин масоили обу энержӣ дар минтақаро матраҳ карда, аммо аз вокуниши оқои Путин ба ин масоил иттилоъе пахш нашудааст.

Зимнан, дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Қирғизистон дар тирамоҳи соли гузашта дар заминаи сармоягузории Русия дар бунёди нерӯгоҳи “Қамбарота-1” ва нерӯгоҳҳои дигар дар рудхонаи Норини Қирғизистон санади ҳуқуқӣ имзо шуда буд.

Ӯзбакистон аз он нигарон аст, ки бунёди нерӯгоҳи бузург дар рудхонаи фаромарзӣ дар танзими тақсими манобеъи оби минтақа ва вазъи муҳити зист асари номатлуб хоҳад гузошт.

Дар мулоқоти оқоён Путин ва Кариов мавзӯъи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории ӯзбак дар Русия матраҳ шудааст.

Тибқи иттилоъи расмии Русия, феълан дар Русия ҳудуди 3 милюн атбоъи Ӯзбакистон фаъолият карда ва дар соли гузашта ин афрод ба кишвари худ ба миқдори 6 милёрд дулор пул интиқол додаанд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз сиёсатмадорони Русия, бо шумули Дмитрий Рогозин, муъовини нахуствазири ин кишвар мукарраран мавзӯъи ҷорӣ кардани муқаррароти визо бо кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ кардаанд.

Дар ҷараёни дидори Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аз Русия миёни ин ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, илму фанн, сармоягузорӣ ва ҷилавгирӣ аз мавориди пулшӯйӣ 4 санади ҳамкорӣ имзо шудааст.

Умумиятҳои Путин ва Каримов

Пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Русия дар соли 2000 сафари нахустини Владимир Путин ба Ӯзбакистон анҷом шуда буд.

Аз он замон коршиносон ба муштаракоти аъмол ва хислатҳои руасои ҷумҳурии Русия ва Ӯзбакистон таъкид мекунанд.

Дар замони раёсати ҷумҳурии оқои Путин миёни Русия ва Ӯзбакистон дар заминаи ҳамкории истротежӣ санади ҳуқуқӣ имзо шуда буд. Вале дар пайи хуруҷи Ӯзбакистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ин санад аҳамияти худро аз даст додааст.

Ҳамчунин, Ислом Каримов ба пешниҳоди Владимир Путин дар бораи таъсиси Иттиҳодияи Уруосиё мухолифат кардааст.

Ба гуфтаи Камолиддин Раббимов, коршиноси масоили сиёсии муқими Порис, мумкин аст ин гомҳои Ӯзбакистон Президент Путинро аз Ислом Каримов дилсард кунад.

Оқои Раббимов гуфтааст: “Бо ин ҳама миёни Путин ва Каримов умумиятҳое ба чашм мехӯуранд. Оқои Каримов раҳбари нерӯманд ва худхоҳро эҳтиром мекунад. Оқои Путин низ аз Ислом Каримов бисёр чизҳоро омӯхта ва агарчӣ ба шахсияти ӯ эҳтиром надорад, аммо ба тарзи идораи оқои Каримов эҳтиром қоил аст.”

Матолиби муртабит