Суханони Ислом Каримов мунҷар ба таъқиби гадоҳо шудаааст

  • 25 Июн, 2013
гадоҳо
Image caption Hиҳодҳои зирабт ба поксозии бозорҳои ин шаҳр аз гадоҳо, чарчинфурӯшҳо ва коргарони кироя пардохтаанд

Дар пайи суханони Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, ки муҳоҷирони кории ӯзбакро "танбал" хонда ва вуҷуди гадоҳоро дар кишвар рад карда буд, дар шаҳри Тошканд тадобири ниҳодҳои интизомӣ барои поксозии бозору хиёбонҳо аз гадоҳо ва мардикорон шурӯъ шудааст.

Ба гуфтаи Ҷаҳонгир Шосалимов, тоҷири бозори "Чорсу"-и шаҳри Тошканд, рӯзи шанбе бо баҳонаи мубориза алайҳи СПИД ниҳодҳои зирабт ба поксозии бозорҳои ин шаҳр аз гадоҳо, чарчинфурӯшҳо ва коргарони кироя пардохтаанд.

Оқои Шосалимов мегӯяд, ин афрод аз манотиқи рустоӣ барои пайдо кардани кор ва гузарони рӯзгор ба шаҳри Тошканд омадаанд.

Ӯ гуфт: "Пас аз сӯҳбати Ислом Каримов дар миёни бозориён дар қиболи раиси ҷумҳурӣ ғазаб ва нафрат бештар шуд. Бахусус, афроде, ки аз вилоятҳо ба пойтахт омадаанд, аз ин суханон ғазабноканд."

Зимнан, Президент Каримов зимни дидор аз вилояти Ҷиззахи Ӯзбакистон дар авохири ҳафтаи гузашта муҳоҷирони кории ӯзбакро, ки дар хиёбонҳои Маскав рӯфтгарӣ мекунанд, "танбал" гуфта ва таъкид дошт, ки "аз ин гуна афрод ҳазар мекунад."

Ҳамчунин, ӯ гуфта буд, дар Ӯзбакистон гадоҳо вуҷуд надоранд ва ӯ дар бозорҳо бо ҳеч гадое рӯбарӯ нашудааст.

Image caption Президент Каримов гуфт, дар Ӯзбакистон гадоҳо вуҷуд надоранд

Ин суханони раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар шабакаҳои иҷтимоъии Интернет вокунишҳои ғазабнокеро ба миён овард.

Як тоҷири бозори Тошканд мегӯяд: "Дар зарфи 6-7 соли ахир Ислом Каримов ба бозор наомадааст. Ба ҳангоми дидори ахираш тадобири амниятӣ дар бозор ташдид шуд. Садҳо муҳофизони мусаллаҳ атрофи бозорро иҳота карда ва ба касе имкон намедоданд, ки ба раиси ҷумҳурӣ наздик шавад."

Раиси ҷумҳурии ноогоҳ

Сергей Ежов, хабарнигори маҳаллӣ дар Тошканд мегӯяд: "Ислом Каримов аз дохили худрав гадоҳоро намебинад. Ба ҳар ҷое, ки ӯ меравад, фақирону бечорагонро аз маҳалл берун мекунанд. Агар ногаҳон гадое аз паҳлӯи раиси ҷумҳурӣ убур кунад, мақоми маҳаллӣ барканор хоҳад шуд."

Оқои Ежов дар сойти интернетии "uzmetronom.com" дар мавриди афзоиши теъдоди гадоҳо дар Ӯзбакистон матлабе навиштааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар куҷо, дар ошхона ё бозор гадоҳо бо тақозои садақа пайдо мешаванд.

Ба эътиқоди коршиносон, гадоҳо дар кишварҳои пешрафта ва сарватманд низ ба чашм мехуранд. Танҳо дар ин кишварҳо вуҷуди ин мушкилро такзиб накарда ва роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯ мекунанд.

Image caption Ин афрод аз манотиқи рустоӣ барои пайдо кардани кор ба шаҳри Тошканд омадаанд

Аммо дар Ӯзбакистон на танҳо вуҷуди гадоҳоро эътироф намекунанд, балки аз тариқи таъқиб ва рондани гадоҳо аз хиёбону бозорҳо талош мекунанд адами чунин мушкилро собит кунанд.

Ба гуфтаи Сергей Ежов Ислом Каримов аз воқеъияти кишвар иттилоъ надорад. Аммо Дилором Исҳоқова, сокини шаҳри Тошканд мегӯяд, ки Президент Каримов аз вазъият хуб огоҳ буда, танҳо худро ноогоҳ вонамуд мекунад.

Хонум Исҳоқова гуфт: "Ҳадафи аслӣ дар миёни мардум ташаккули ин ақида аст, ки гӯё раиси ҷумҳурӣ аз воқеъияти кишвар огоҳ нест. Ба ин васила мехоҳанд мардумро мутақойид кунанд, ки гунаҳкорони аслӣ раисони ҳукуматҳои маҳаллиянд ва онҳо раиси ҷумҳуриро фиреб дода ва аз вазъият огоҳ намекунанд."

Ба эътиқоди Дилором Исҳоқова "раиси ҷумҳурие, ки аз зиндагии мардуми худ бехабар аст, раиси ҷумҳурӣ маҳсуб намешавад. Ӯ ҳаққи "ман падари миллат ҳастам" гуфтанро надорад."

Матолиби муртабит