Хонаводаҳои бемард ва издивоҷҳои хориҷии муҳоҷирон

Ҷаҳонгул, исми мустаъори як сокини шаҳри Душанбе аст, ки мегӯяд, шавҳараш дар поизи соли 2012-ум вай ва ду фарзандашро тарк кард ва дар Русия мондагор шудааст.
Ҷаҳогул нахост, ки исмашро фош кунад, аммо гуфт, ки Мирзо номи воқеъии шавҳараш аст ва ин мард ин иқдоми худро мустақиман ба ӯ нагуфта ва аз тариқи телефун ба духтари дувоздаҳсолааш эълом кард.
Ҷаҳонгул афзуд: "Шавҳарам ба духтарам занг зад ва гуфт, ки ба модарат гӯй бо касе ки хоҳад издивоҷ кунад ва маро фаромӯш кунад. Аз он рӯз вай бо мо дар тамос нест ва мо низ аз аҳволи ӯ хабар надорем. Мирзо қаблан ҳам дар шаш моҳ як бор аҳволи духтарашро пурсон мешуд,"
Ҷаҳонгулбону бар ин назар аст, ки шавҳараш дар Русия хонуми дигареро пайдо карда ва хонаводаи дигаре бунёд кардааст.
"Зани рус шавҳари маълуламро ба ман бозгардонд"
Бар асоси гузоришҳои ғайрирасмӣ Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон бо мизони бештарини занони ба истилоҳ "таркшуда" яке аз ҷойгоҳҳои аввалро ба худ ихтисос додааст.
Мақомоти зидахли Тоҷикистон дар ин бора гузоришҳое мунташир накардаанд ва дарёфти иттилоъот дар ин бора аз раҳбарияти Кумитаи зан ва хонаводаи Тоҷикистон хело душвор аст.
Аммо воқеъияти зиндагии иҷтимоъӣ дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон ҳокист, ки дар рустоҳо ва деҳоту шаҳрҳои ин кишвар шумори занону духтарон аз шумори мардон ба маротиб бештар ҳастанд ва бисёре аз занон ба танҳоӣ рӯзгори хонаводаҳоро таъмин мекунанд.
Ӯғулой Холиқова, сокини дигари шаҳри Душанбе дар муқоиса ба занони ба истилоҳ "таркшуда" дар Тоҷикистон хушшонс ба назар мерасад. Зеро вай мегӯяд, ки ҳамсарашро аз Русия бозгардонидааст. Аммо Ӯғулой бо гиря гуфт, ки "зани рус, шавҳари маълулашро ба ӯ бозгардонидаст."
Таърихи зиндагии беш аз шаш соли Ӯғулой якранг аст ва ӯ дар ин муддат аз шавҳари комилан маълули худ муроқибат мекунад.
Хонум Холиқова гуфт, ҳамсараш, ки марди зебое буд дар Русия бо зани русе дубора издивоҷ карда ва то маълул шуданаш аз аҳволи ӯ ва чаҳор духтараш дар шаҳри Душанбе аҳён-аҳён хабардор мешуд.
Вай афзуд, ки дар соли 2006 Маҳмадулло, шавҳари 49 солаи ӯро дар Русия афроди номаълуме шадидан луту кӯб карданд ва Маҳмадулло аз минтақаи сар ҷароҳоти сангин бардошту сад дарсад маълул шуд.
Хонум Холиқова мегӯяд: "Замоне, ки шавҳарам аз пой уфтод, ин хонуми рус ӯро ба ман бозгардонд. Вай телефун зад ва гуфт, ки "ман кор мекунаму шавҳари туро нигоҳубин карда наметавонам. Ӯ хост то ман ба Русия равам ва шавҳарамро ба Тоҷикистон биёрам."
Ва хонум Холиқова ҳамроҳии бародараш барои овардани шавҳари маълул ба Русия рафта ва ӯро бо мушкилоте ба Тоҷикистон бозгардонд. Аз он замон зани руси ҳамсари Ӯғулой аз аҳволи ин мард, ки чанд сол бо ӯ зиндагӣ дошт, пурсон нашудааст.
12 ҳазор арӯсии тоҷикону русҳо дар як сол
Ҳамакнун Ӯғулой Холиқова ва духтаронаш бо меҳрубонӣ аз марди маълуле, ки чандин сол онҳоро ба буттаи фаромӯшӣ супурда буд, муроқибат мекунанд. Ӯғулойбону меафзояд: "Замоне, ки шавҳарам саломат буд он зани рус ҳатто намегузошт, ки шавҳарам бо ман ва духтаронаш телефунӣ дар тамос шавад. Аммо ҳоло боре ҳам намепурсад, ки марде, ки панҷ -шаш сол ин зан бо ӯ дар як бистар мехобид, чӣ аҳвол дорад?"
Маҳмадулло, шавҳари Ӯғулой дар соли 1995 баъд аз он ки талошҳои зиёди ӯ барои пайдо кардани ҷои кор бо маъоши хуб дар Тоҷикистон номуваффақ анҷом меёбанд, ба Русия ба муҳоҷирати корӣ меравад.
Ба гуфтаи Ӯғулой шавҳараш солҳои аввал ба онҳо пули хуб мефирситод, аммо баъд аз он, ки бо ин зани рус издивоҷ кард, аъзои хонаводаи худ дар Тоҷикистонро фаромӯш мекунад.
Сарнавишти Маҳмадулло шабеҳи тақдири садҳо нафар аз мардҳои издивоҷдида аст, ки аз Тоҷикистон ба Русия барои ҷустуҷӯйи кор мераванд ва он ҷо мондагор мешаванд.. Зеро гуфта мешавад, ки бештаре аз ин мардҳо дар Русия дубора издивоҷ карда ва ҳамсарони худро ҳамроҳ бо кӯдаконашон дар Тоҷикистон фаромӯш мекунанд.
Ҳамчунин бархе аз ин мардҳо ба занҳои худ дар Тоҷикистон телефунӣ талоқ дода ва аз волидони худ дар Тоҷикистон тақозо мекунанд, ки зану фарзандони онҳоро аз манзил берун ронанд.
Бисёре аз заноне, ки шавҳаронашон дар Русия издивоҷ кардаанд, мегӯянд, ки агар дар Тоҷикистон имконоти дарёфти ҷои коре бо маъоши кофӣ барои рӯзгор ба ҳамсарони онҳо вуҷуд медошт, имрӯз ин занон ба танҳоӣ фарзандонро тарбият намекарданд.
Дар Тоҷикистон гузоришҳои расмӣ дар мавриди шумори муҳоҷирони корие, ки ҳамсарони худро тарк карда ва дар Русия дубора издивоҷ кардаанд, вуҷуд надорад.
Аммо бар асоси як пажӯҳиши коршиносони Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ҳар севумин нафар аз муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки ба Русия барои ҷустӯҷӯйи кор меравад, дар он кишвар мондагор мешудааст.
Ҳамчунин коршиносони ин созмон мушаххас кардаанд, ки дар соли 2012 дар Русия 12 ҳазор маросими арӯсии тоҷикон ва русҳо расман сабт шудааст. Тибқи ин иттилоъ ҳудуди 90 дарсади муҳоҷирон аз Тоҷикистон шаҳри Маскавро макони зист интихоб мекунанд ва панҷ дарсад аз онҳо дар Сантс-Питерсбург мондгор мешавад.
"Зану шавҳар бояд паҳлуи ҳам бошанд"
Ҷамила Ҳусейнова, рӯзноманигори ҳафтаноми "Чархи гардун" мегӯяд, ки ҳар ҳафтае ба онҳо то даҳ зан аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон телефун мезананд ва аз сарнавишти талхи худ бо ҳамсаронашон, ки дар Русия мондагор шудаанд, ҳикоят мекунанд.
Хонум Ҳусейнова мегӯяд, ки ҳафтаномаи онҳо ки бештар дар мавриди зиндагии иҷтимоъии мардум матлаб чоп мекунад, аксари занон бо ироаи нома ва ё занги телефунӣ ба ин нашрия аз издивоҷи ҳамсаронашон дар кишварҳои бегона гилоя мекунанд ва аз онҳо дархост мекунанд, ки аз ин бевафоии ҳамсарони муҳоҷирашон дар расонаҳо гузориш ба нашр расонанд.
Ӯ афзуд: "Дирӯз зане аз вилояти Хатлон бо мо дар тамос шуд ва бо гиря шикоят кард, ки шавҳараш беш аз як сол боз шумораи телефун ва макони зисти худро аз онҳо пинҳон нигаҳ медорад. Ва ин зан бо боварии комил гуфт, ки ҳамсараш бо хонуми дигаре дар Русия издивоҷ кардааст."
Ҷамилабону мегӯяд, ки мушкили издивоҷ ва муҳоҷиратро аъзои хонаводаи онҳо низ пушти сар кардаанд. Хонум Ҳусейнова афзуд: "Як бародарам баъд аз як ҳафтаи издвоҷ ба Русия бозгашт ва хонумаш ин ҷо монд, аммо баъди муддате зани бародарам ба танҳои тоб наовард ва аз манзил рафту онҳо ҷудо шуданд. Имсол бародари дигарам, ки низ дар Русия солҳои ахир таҳсил ва кор мекунад, издивоҷ кард ва мо зану шавҳарро ҳамроҳ ба Русия фиристодем."
Ҷамилабону мӯътақид аст, ки зан ва шавҳар бояд ҳамеша дар якҷоягӣ зиндагӣ кунанд ва дар ин сурат мизони талоқ низ коҳиш меёбад.
Аммо бархе аз заноне, ки шавҳарҳояшон дар Русия солҳои тӯлонӣ машғули кор ҳастанд, мегӯянд, ки ба сабаби мушкилоти молӣ наметавонанд ҳамроҳи шавҳарҳояшон ба он кишвар бираванд.
Зеро маъоши моҳиёнаи аксари муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия танҳо барои ниёзмандиҳои рӯзори иҷтимоъии як кас дар он кишвар кофӣ будааст. Ин дар ҳолест, ки миқдори бештаре аз ин сармояро муҳоҷирон барои таъмини хонаводаи худ ба Тоҷикистон мефиристанд. Аз ин рӯ ин афрод наметавонанд ба худ иҷоза диҳанд, ки занон ва фарзандони худро бо худ ба Русия бибаранд.
Уғулой Холиқова, низ гуфт, ки мехост ҳамроҳ бо шавҳараш ба Русия биравад, аммо чаҳор духтари кучулуи худро он замон наметавонист дар Тоҷикистон танҳо гузорад. Вай гуфт, ки ҳоло бо вуҷуди кумаки духтаронаш ва маъоши бознишастагӣ, ки вай барои ҳамсари маълулаш дарёфт мекунад, барои мудовои шавҳари маълулаш ва таъмини рӯзгор хонавода ниёз ба кумак дорад.
Зеро гуфта мешавад, ки қимати коло ва маводди ғазоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон дар муқоиса ба соири кишварҳои ҳаммарз ба маротиб бештар буда ва маъоиши моҳиёна ва бознишастагии мардуми ин кишвар дар муқоиса ба кишварҳои дигари мустақили ҳамсуд шадидан кам буда ва барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои якмоҳаи хонаводаҳо кофӣ набудааст.
