Нахустнамоиш: Қиссаи ишқи як муҳоҷири тоҷик ва зане рус

Рӯзи ҷумъаи 21-уми июн дар ‘Маркази Гогол’ дар Маскав нахустнамоиши “Бим” дар таҳияи коргардони рус Владислав Насташев рӯи саҳна рафт, ки дар бораи ишқи як муҳоҷири тоҷик ва як зани солманди русро ҳикоят мекунад.
Намоишномаи оқои Насташев дар асоси достони филми коргардони олмонӣ, Ройнер Вернер Фусбиндер бо номи “Бим рӯҳро шикаст медиҳад” навишта шудааст.
Филми коргардони олмонӣ достони зани солманди олмониро, ки ошиқи муҳоҷири кории морокоӣ мешавад, ҳикоят мекунад, аммо оқои Насташев замон ва макони ҳоводиси ин достонро ба Маскави имрӯзӣ таҳвил дода ва дар намоишномаи ӯ қаҳрамонони қисса зани солманди рус ва як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ҳастанд.
Дар ин намоияшнома зани рус ба хотири ишқи худ ба муҳоҷири тоҷик мавриди интиқод, нафрат ва ҳақорати ҳамсоягон, ҳамкорон ва наздиконаш қарор мегардад.
"Бовар ба қудрати ҳунар'
Владимир Насташев, коргардони “Бим” дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ин қисса қабл аз ҳар чизе дигар, дар бораи танҳоӣ аст.
Ӯ мегӯяд, ҳарчанд мавзӯъи муҳоҷират дар Русия ва Тоҷикистон ба мавзӯъи доғи сиёсӣ ва мояи баҳсҳо ва суханпароканиҳои гурӯҳҳои миллатгаро табдил шудааст, ӯ дар намоишнома талош кардааст, аз “инсоният” ҳарф бизанад.
“Дар ҷараёни кор рӯйи ин намоишнома ман дарк мекардам, ки мавзӯъ, мавзӯъи хеле сиёсӣ ва иҷтимоъӣ аст ва маҳз барои ҳамин талош мекардам, ки бо забони инсоният ва меҳрабонӣ ҳарф бизанам. Бигӯям, ки мо ҳама инсон ҳастем, инсонҳо аз танҳоӣ ранҷ мебаранд, инсонҳо ба меҳр ниёз доранд ва агар гаҳ-гоҳе муноқишаҳои миллӣ дар Маскав ё ҷое дигар рух бидиҳад, ин ҳама натиҷаи ин дарҳои дарунии инсонҳо аст. Яъне дар воқеъ, ман дар ин намоишнома дар бораи сиёсат ҳарф намезанам.”
Оқои Насташев мегӯяд, мавзӯъи бадбинии миллӣ ва нажодпарастӣ танҳо пасманзари достоне дар бораи ишқи воқеъӣ аст, ки болотар аз табъизҳои иҷтимоъӣ, нажодӣ ва синнусолӣ будааст.
Ӯ меафзояд, агар ин намоишнома то андозае ба захмҳои мавзӯъи муҳоҷирон ва бархурд бо онҳо марҳам бишавад, шод хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд: “Ҳарчанд ман ба қудрати ҳунар бовар дорам, вале ҳамзамон тардид дорам, ки ман ва гурӯҳи ҳунарии ман батанҳоӣ битавонем масъалаеро ба ин бузургӣ ҳал бикунем.”
Бо ин ҳама, шоми ҷумъа пас аз анҷоми нахустнамоиши “Бим” тамошобинон дар толори “Маркази Гогол” ба коргардон ва ҳунарпешаҳо побарҷо кафкӯбӣ мекарданд.
Нақши аслии занро дар он Светлана Брагарник ва нақши муҳоҷири тоҷикро дар он Евгений Сангаҷиев иҷро карданд.
Вазъи риққатбори муҳоҷирони тоҷик
Намоишномае дар бораи достони ишқи як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ва зане рус дар ҳоле ба саҳна меравад, ки шумори муҳоҷирони тоҷики сабтшуда дар Русия беш аз як милюн нафар хонда мешавад.
Ҳарчанд коршиносони иқтисодӣ нақши муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро дар пешрафти иқтисоди Русия муҳимм медонанд, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия машғули кор ҳастанд, дар вазъи риққатбори иҷтимоъӣ ба сар мебаранд ва ҳадафи табъиз ва гоҳе ҳамлаҳои гурӯҳҳои миллатгароёни ифротӣ қарор мегиранд.
Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо дар соли 2012 аҷсоди беш аз як ҳазор нафар аз атбоъи тоҷик аз Русия ба ин кишвар интиқол дода шуд ва расман ҳудуди ду дарсад аз ин афрод ба дасти гурӯҳҳои нажодпарасти рус кушта шудаанд.
“Маркази Гогол”, маркази теторӣ дар Маскав аст, ки дар пояи теотри драммавии ба номи Гоголи Маскав, пас аз тағйири сохторӣ дар он, аз сӯйи коргардон Кирил Серебренников дар соли 2012 таъсис ёфтааст.
