Муҳоҷири тоҷик дар ошғолгоҳе дар Пудулск тасодуфан кушта шуд
Як муҳоҷири тоҷик, ки дар тӯдаи зуболаҳо дар партогоҳе мехобид, зери чархи мошини зуболаруб монда ва ҷон додааст.
Манобеъи Вазорати умури дохилаи Русия ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтаанд, ки як ронандаи комюни зуболарӯб ба ҳангоми ҷамъоварии зуболаҳо дар минтақаи Пудулски Русия ин шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар тудаи зуболаҳо мехобид, тасодуфан пахш кардааст.
Ин муҳоҷири тоҷик дар ҷойи ҳодиса дар натиҷаи бардоштани ҷароҳоти зиёд ҷон додааст.
Ба гуфтаи Интерфакс ин муҳоҷири корӣ, худ дар ҳамин корхонаи ҷамъоварии зуболаҳо кор мекардааст.
