Пешниҳоди муқаррароти ҷадиди муҳоҷират ба Думои Русия

  • 18 Июн, 2013
Муҳоҷирони корӣ
Image caption Ҳамасола аз Тоҷикистон то 200 ҳазор нафар барои чустуҷӯйи корҳои мавсимӣ ба Русия мераванд

Ба Думои Русия ба манзури коҳиши махориҷи давлат барои депорти муҳоҷирон тарҳи ислоҳот ба “Қонун дар мавриди вурудот ба Русия” ва “Вазъи ҳуқуқии атбои хориҷӣ дар Русия” пешниҳод шудааст, ки шаҳрвандони хориҷиро ба ҳангоми вуруд ба Русия муваззаф ба харидории суратҳисоби вижа (вексел) барои таъаҳҳуд мекунад.

Ба ақидаи муъаллифони ин тарҳ, дар сурати хуруҷ аз кившар муҳоҷирон метавонанд пули худро дар ивази ин вексел бозпас бигиранд, аммо дар сурати депорт шудан, давлати Русия аз ҳисоби худи муҳоҷир\ро ба ватанаш депорт мекунад.

Сойти расмии идораи муҳоҷирати Тоҷикистон зимни пахши ин хабар дар истинод ба рӯзномаи "Коммерсант"-и Русия навиштааст, ки ин пешниҳод аз сӯйи Алексей Журавлев ва Сергей Жигарев ду намояндаи Думои Русия иттихоз шудааст.

Тавре, ки дар матни қонун омадааст: “ Суратҳисоби вижа (вексел) аз сӯйи атбоъи хориҷӣ, ки бидуни раводид ба Русия ворид мешаванд, ба хотири таъмини итминон барои пардохти махориҷ дар сурати ихроҷи вай харидорӣ мешавад." Ин маблағ аммо дар сурати берун баромадани шаҳрванди хориҷӣ аз Русия бозгардонида мешавад.”

Ин пешниҳод аз сӯйи фроксиюни “Единая Россия” ба Думо ироа шудааст. Муъаллифони ин тарҳи ислоҳот мубтакирони он собит кардаанд, аз фурӯши ин суратҳисобҳо, ҳамасола ба будҷеи Русия то 225 милёрд рубл ворид мешудааст.

Пешниҳоди намояндагони Думо ба қавонини Русия дар ҳоли баррасӣ буда ва маълум нест, ки оё куллияи намояндагони ин маҷлис барои тасвиби он раъй хоҳанд дод ё хайр?

Вале тибқи арзёбии коршиносони иқтисодӣ қимати ин суратҳисоби вижа аз 30 то 40 ҳазор рубли русӣ, ки муъодил ба беш аз як ҳазору 200 дулор будааст, хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон то 200 ҳазор нафар барои ҷустуҷӯйи корҳои мавсимӣ ба Русия мераванд ва коршиносон мегӯянд, ки аксари ин афрод аз хонаводаҳои камбизоъат ҳастанд.

Пас суоли ин аст, ки чи тавр ин гуна афрод метавонад беш аз як ҳазор дулорро барои харидории иҷбории ин суратҳисоб пайдо кунанд?

Image caption Хонум Ҷӯраева гуфт, дар сурати қабули муқаррарот дар бораи харидории суратҳисоб аксари муҳоҷирони тоҷик маблағи кофӣ барои харидории онро нахоҳанд дошт.

Гавҳар Ҷӯраева, коршинос дар умури муҳоҷират мегӯяд, мусалламан фарде, ки ба хотири пайдо кардани кор барои даромади рӯзгор ба Русия меравад, чунин маблағро дар ихтиёр надорад.

Вай афзуд: “Ман фикр мекунам, дар сурате, ки мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ба ин пешниҳод вокуниши дурусте бикунанд, ба эҳтимоли зиёд ин пешниҳод аз сӯйи намояндагони Думо тасвиб нахоҳад шуд. Зеро Русия худ ба нерӯи корӣ шадидан ниёз дорад.”

Аз сӯйи дигар масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, ки ахиран дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия муҳоҷират, мавзӯъи хубе дар заминаи талош барои касби оро дар осотонаи баргузории интихоботи шаҳрдори пойтахт шудааст.

Муҳаммад Эгамзод, масъули бахши иттилоъоти ин сафорат мегӯяд: “Ба эҳтимоли зиёд афроде ки чунин пешниҳодотро ироа медиҳанд, мехоҳанд вонамуд кунанд, ки дар ҳалли мушкилоти марбут ба муҳоҷират иқдом мекунанд.”

Оқои Эгамзод афзуд, ки дар гузашта низ дар Русия иқдомоте барои таҳти назорат қарор додани муҳоҷират иттихоз шуда буд. Вале вай афзуд, ки дар оқибат бисёре аз ин пешниҳодҳо мунҷар ба афзоиши тақаллубкорӣ ба ҳангоми сабти мадорики макони зист ва ҷойи фаъъолияти муҳоҷирон дар он кишвар шуда буд ва дар ниҳоят барои муҳоҷирон мушкилоти зиёде эҷод кард.

Ин дар ҳолест, ки дар Русия тибқи гузоришҳои расмӣ беш аз як милюн нафар аз сокинони Тоҷикистон машғули кор будаанд, ки ағлаби онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Матолиби муртабит