Боздошти ҳудуди 1400 муҳоҷири корӣ дар Маскав
Вазорати умури дохилаи Русия аз боздошти 1383 муҳоҷири корӣ дар шаҳри Маскав ва интиқоли онҳо ба боздоштгоҳҳои пулис иттилоъ додааст.
Дар вебсойти расмии Вазорати умури дохилаи Русия омадааст, ки аксари ин хориҷиёни боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ҳастанд.
Ин афрод дар ҷараёни як амалиёти муштараки пулис, кормандони умури изтирорӣ ва хадамоти муҳоҷирати Русия боздошт шуданд. Тибқи иттилоъи ин манбаъ ин афрод барои ширкати сохтмоние кор мекардаанд ва дар минтақаи ҷанубу шарқи шаҳри Маскав "шаҳрчаи кучаке" бунёд кардаанд, ки дар воҷеъ сохтмоне будааст, ки дар он муҳоҷирон "дар ҳар утоқе то ҳаштнафарӣ ва дар шароити зиддибеҳдорӣ ва муғойир ба муқарраротӣ ошташнишонӣ ва эманӣ зиндагӣ мекарданд.
Акнун дар боздоштгоҳҳо ба асноди муҳоҷират ва кори ин афрод расидагӣ мешавад ва пулис мушаххас хоҳад кард, ки ин афрод қавонини муҳоҷирати кишварро нақз кардаанд ё хайр.
Дар ин хабар омада, ки кормандони интизомии Русия беш аз як ҳазору 300 парвандаи идорӣ дар робита ба нақзӣ қонуни ворид шудан ба қаламрави Русия ё қонуни иқомат дар ин кишвар боз карданд.
Ҳарчанд дар хабар гуфта нашудааст, ки чанд нафар аз ин шумораро шаҳрввандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, вале қарор аст ин афрод аз кишвар ихроҷ шаванд.
