Тоҷикистон хоҳони судури муҳоҷирон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Мақомоти вазорати кори Тоҷикистон дар мулоқот ба ҳамтоёни худ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ пешниҳод карданд, ки ин кишвар нерӯи бештари корӣ аз Тоҷикистон бипазирад.
Вазири кор ва таъмини иҷтимоъиии Тоҷикистон бо мақомоти вазорати кори Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ин бора дар Дубай дидор ва гуфтугӯ анҷом дод.
Масъулони вазоратати кори Тоҷикистон гуфтанд, дар ҷараёни мулоқоти Мамадамин Мамадаминов, раҳбари ин вазорат ва Муборак Саъид ад-Даҳирӣ, муъовини вазири кори Имороти Муттаҳидаи Арабӣ масоили марбут ба эъзоми коргарон аз Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳида ва шароити мавҷуд дар ин кишвар барои пазириши муҳоҷирони кории тоҷик баррасӣ шуд.
Ин мулоқот дар авохири ҳафтаи гузашта сурат гирифт. Бунафша Асоева, масъули бахши равобити байналмилали Вазорати кори Тоҷикистон рӯзи сешанбеи, 2 июл ба Би-би-сӣ дар бораи ин мулоқот гуфт: “Мамадамин Мамадаминов дар мулоқот бо Муборак Саъид ад-Даҳирӣ пешниҳод кард, ки ҷалби нерӯи корӣ аз Тоҷикистон ба Иморот афзоиш ёбад.”
Мақомоти иморотӣ гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир дар низоми судури иҷозатномаи корӣ барои хориҷиён дар Имороти Муттаҳида ислоҳот дар ҷараён аст ва ҳадафи он коҳиши шумори коргарони камсавод ва афзоиши ҷалби коргарони таҳсилдида ба ин кишвар будааст.
Вазири кори Тоҷикистон ба ҷониби иморотӣ иттилоъ додааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 70 маркази вижаи бозомӯзӣ барои алоқамандони кор дар кишварҳои хориҷ фаъъол ҳастанд, ки ба ҷуз аз омӯзиши машоғили мухталиф, довталабонро бо давраҳои забонҳои хориҷӣ, (русӣ, инглисӣ, арабӣ) ва истифода аз Интернет фаро мегиранд.
Оқои Маҳмадаминов ба ҷониби иморотӣ итминон додааст, ки Тоҷикистон метавонад ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мутахассисони таҳсилдидаро фиристад.
Қарор шуд, ки дар моҳи октябри соли равон ҳайъатҳои вижаи ду кишвар ин мавзӯъро дар ҷаласае дар Абузабӣ матраҳ хоҳанд кард.
Коршиносон тағйири самти муҳоҷирати кории Тоҷикистонро аз Русия ба кишварҳои шарқиро аз роҳҳаллҳое барои таъмини сокинони Тоҷикистон бо ҷойи коре амнтар ва дорои даромади беҳтар мехонанд. Зеро мегӯянд, ки муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои шарқӣ бо мушкилоти марбут ба фарҳанг ва нажодпарастӣ, ки ахиран дар Русия афзоиш ёфта, рӯбарӯ нахоҳанд шуд.
Иттилоъи расмӣ дар бораи он ки ҳамакнун теъдоди муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ дар кишварҳои арабӣ чи қадр аст, вуҷуд надорад, вале тибқи гузоришҳои ғайрирасмӣ дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои арабӣ садҳо нафар аз сокинони Тоҷикистон машғули фаъъолиятҳои мухталиф, аз ҷумла дар тиҷорат ва умури гардишгарӣ ҳастанд.
Дидори мақомоти вазорати кори Тоҷикистон бо ҳамтоёни иморотии худ дар бораи афзоиш шумори муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки бештари муҳоҷирони кории тоҷик барои дарёфти кор ба Русия сафар мекунанд ва теъдоди онҳо дар Русия ҳудуди як милиюн хонда мешавад.
Аммо созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар пайваста аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия, таъқиб ва ҳатто қатли онҳо аз сӯйи гурӯҳҳои миллатгарои ифротӣ ва вуҷуди "бардагӣ" дар он кишвар интиқод мекунанд.
Масъалаи таъмини амнияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия солиёни дароз яке аз масоили доғ барои ҷомеъаи ду кишвар маҳсуб шуда ва баҳонаи танишҳои лафзӣ ва сардӣ дар равобити миёни Тоҷикистон ва Русия боқӣ мемонад.
Зимнан ин масоил мавзӯъи мулоқоти ахири раиси Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон бо Зафар Муҳаббатов, дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ин кишвар шудааст. Дар ин мулоқот, мавзӯъи ҳамоҳангсозии барномаҳои ин ду ниҳод барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон баррасӣ шудааст.
