Ташхиси ҳарорати бадани мусофирони Русия дар фурӯдгоҳҳо

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки зарфи як ҳафтаи ахир назорат дар фурӯдгоҳҳои байналмилалиро барои ташхиси нишонаҳое аз бемориҳои мусрӣ дар миёни мусофирон тақвият додаанд.
Як масъули идораи беҳдоштию ҳамагиршиносии ин вазорат мегӯяд, ки баъд аз дарёфти иттилоъ дар мавриди бурузи бемории мусрии илтиҳоби пардаҳои мағзи сар (серозный минингит) дар Русия дар миёни муҳоҷирон, масъулони ин ниҳод назоратро дар фурӯдгоҳҳо тавассути дастгоҳҳои беҳдоштии вежаи мушаххаскунандаи ҳарорати бадан ташдид карданд.
Наврӯз Ҷаъфаров, рӯзи ҷумъаи 28 июн ба Би-би-сӣ гуфт, дар як ҳафтаи ахир касе бо нишонаҳое аз ин беморӣ дар миёни афроде, ки аз Русия ба Тоҷикистон меоянд, ташхис нашудааст.
Оқои Ҷафаров таъкид кард, ки бештари афроде, ки дар Русия ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, кӯдакон буда ва имкони ба бемории ҳамагир табдил ёфтани илтиҳоби пардаҳои мағзи сар (серозный минингит) дар Русия вуҷуд надорад.
Вай мегӯяд, ки тибқи қарордод бо Вазорати беҳдошти Русия дар сурати мубтало шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин беморӣ дар он кишвар, кормандони идораи беҳдоштию ҳамагиршиносии Русия ҳамтоёни тоҷики худро дар ҷараён хоҳанд гузошт.
Бурузи бемории мусрии илтиҳоби пардаҳои мағзи сар (серозный минингит) дар вилояти Ростов-на-Дони Русия дар авосити моҳи июн гузориш шуд. Дар натиҷаи ин беморӣ ҳудуди 150 нафар аз сокинони ин вилоят, ки бештари онҳоро кӯдакон ташкил медоданд дар бемористонҳо бистарӣ шуда ва ду кӯдак ҷони худро аз даст додаанд.
Бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар Русия шумори зиёде аз муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд, нигарониҳое дар мавриди интиқоли ин беморӣ ба ин кишвар тавассути муҳоҷирон ба вуҷуд омадааст.
