Ҳушдори Ҷунбиши муҳоҷирон аз боздоштҳои густардаи атбоъи тоҷик дар Русия

  • 31 Июл, 2013
Муҳоҷирони тоҷик
Image caption Бар асоси гузоришҳои расмӣ дар Русия беш аз як милюн муҳоҷир аз Тоҷикистон ба сар мебаранд

Ҷунбиши муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия, як созмони фаъъол дар хориҷи Тоҷикистон муҳоҷирони кории тоҷикро ҳушдор додааст, ки дар ин рӯзҳо ҳушёр бошанд ва аз рӯёрӯӣ бо пулиси рус худдорӣ кунанд.

Дар вебсойти ин созмон омадааст, ки дар рӯзҳои оянда имкони боздошти дастаҷамъонаи муҳоҷирон дар шаҳрҳо ва навоҳии Русия вуҷуд дорад.

Ҳамроҳ бо ин иттилоъия, ки рӯзи чаҳоршанбеи 31 июл мунташир шуда, наворе видиюӣ аз як муҳоҷири ҷавони тоҷик ниҳ пахш шуда, ки дар он фарде ки худро Ҷамшед Юсуфов ном мебарад, аз боздошти ғайриқонунии худ аз сӯйи кормандони пулиси Маскав шикоят мекунад.

Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, рӯзи чаҳоршанбеи 31 июл дар гуфтугӯе телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфт, ки беш аз 90 дарсади афроде, ки дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳҳои муваққати Русия ба сар мебаранд, аз ҷумлаи муҳоҷирони тоҷик ҳастанд.

Оқои Шарифов афзуд: "Бештари ин афрод аз нодорӣ ва ночорӣ ба Русия омадаанд, то барои хонаводаҳои фақири худ дар Тоҷикистон кумак кунанд. Замоне расидааст, ки давлати Тоҷикистон ба ҳимоят аз шаҳрвандони худ иқдом кунад."

Оқои Шарифов бо ишора ба ончи "бетаваҷҷуҳии мақомоти Тоҷикистон ба тақдири бисёре аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия" хонд, гуфт, ки муҳоҷирон қишри "муҳофизатнашуда" дар Русия ҳастанд. Ба ин хотир пулиси рус низ бештар ба таҳқиру боздошти тоҷикистониён машғул аст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи сойти расмии Вазорати умури дохилаи Русия, пулиси рус дар ду рӯзи амалиёти вижае зери унвони "Ҷурмзудоӣ" (декриминализация) дар бозорҳои шаҳри Маскав садҳо тан аз афроди ғайрирусро боздошт ва ба боздоштгоҳҳои муваққат интиқол додааст.

Масъулони пулиси Русия мегӯянд, ки ин амалиётро дар пайи ҳамла ба як корманди вазорати умури дохила ва шадидиан лату кӯб шудани вай анҷом медиҳанд.

Тибқи иттилоъи расонаҳои Русия, рӯзи шанбеи 27 июл Антон Кудряшов, корманди пулис, ба ҳангоми боздошти як сокини ҷумҳурии Доғистони Русия ба иттиҳоми таҷовуз ба номус, ҳадафи ҳамлаи ҳудуди 25 нафар қарор гирифта ва аз ноҳияи сараш шадидан захмӣ шудааст.

Бар асоси хабари пулиси рус, танҳо дар бозори мавсум ба "Ясенево" дар ҷанубу ғарби пойтахти Русия 530 тан аз сокинони кишварҳои Осиёи Миёна боздошт ва ба гуфтаи пулис, барои мушаххас кардани ҳувияти онҳо ба боздоштгоҳи ин ноҳияи Маскав интиқол дода шудаанд.

Ҳарчанд дар ин хабар гуфта намешавад, ки чанд нафар аз ин афрод атбоъи Тоҷикистон ҳастанд, аммо Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, гуфт, ки бо дарназардошти он ки аксаран дар чунин амалиёт муҳоҷирон боздошт мешаванд, имкон дорад, ки бештари афроди боздоштшуда аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, ки аз ҳодисаи боздошти муҳоҷирони корӣ дар бозорҳои шаҳри Маскав бохабар ҳастанд ва имкон дорад, ки дар миёни ин афрод шаҳрвандони Тоҷикистон низ бошанд.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯйи ин сафорат, ба Би-би-сӣ гуфт, ки кормандони интизомии Русия сабаби роҳандозии ин амалиётро пайдо кардани афроди муқассир дар ҳамла ба як корманди пулис унвон кардаанд.

Вай афзуд: "Аммо бо сабаби он ки бештари афроди боздоштшуда танҳо ба хотири мушаххас кардани ҳувияти онҳо, яъне расидагӣ ба мадорикашон, ба боздоштгоҳҳо интиқол дода ва баъдан озод мешаванд, мушаххас кардани шумори онҳо имконнопазир аст."

Оқои Эгамзод ҳамчунин афзуд, ки масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия барои беҳбудии вазъи муҳоҷирони кории тоҷик иқдомотеро анҷом додаанд.

Вале бисёре аз намояндагони созмонҳои ғаридавлатии марбут ба муҳоҷирон дар хориҷ ба ин назаранд, ки бетаваҷҷуҳии мақомот ва ба вижа кормандони сафорати Тоҷикистон ба мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия мунҷар ба афзоиши нақзи ҳуқуқи онҳо гаштааст.

Тибқи таҳқиқоти коршиносон танҳо дар шаҳри Маскав 265 нафар аз муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҷонҳои худро аз даст додпанд, ки панҷ дарсади онҳо дар пайи хусумати миллӣ ба қатл расидаанд.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилоъи "Эхо Москви", шабакаи родиюии пойтахти Русия, шаби гузашта кормандони пулис дар шаҳри Перм раҳбари анҷумани тоҷикони ин шаҳрро боздошт кардаанд.

Пулиси рус аз ин мард Сайфиддин Одинаев ном бурда ва гуфтааст, ки алайҳи оқои Одинаев тибқи модди 91-и қонуни кайфарии Русия, яъне сирқат, парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқи он мушаххас кардааст, ки вай дар дуздидани як телефуни ҳамроҳ даст доштааст.

Дар ҳамин ҳол, бисёре аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, ки умедворанд яке аз масоили калидии матруҳа дар мулоқоти фардои Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, руасои ҷамоҳири ду кишвар, мушкилоти марбут ба буду боши муҳоҷирони корӣ бошад.

Аммо масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, ки иттилоъи дақиқе дар мавриди масоили умдаи мулоқоти ҷонибҳоро ҳануз дар даст надоштаанд.

Матолиби муртабит