83 маҳалли таҷаммӯъи умумӣ барои муҳоҷирони корӣ

  • 5 Август, 2013
Чодарҳо
Image caption Дар Макав барои нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ 600 чодари бузург бунёд шудааст

Идораи муҳоҷирати Русия дар садад аст, дар канори 600 чодари бузург 83 маҳалли таҷаммӯъи умумиро ба унвони боздоштгоҳи муваққатии муҳоҷирони корӣ ифтитоҳ кунад.

Маркази матбуъоти Идораи Вазорати умури дохилаи Русия дар Маскав ба Би-би-сӣ гуфт, амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар шаҳрҳо ва вилоёти Русия ҳамчунон идома дошта ва аз ин лиҳоз, ба маҳалли таҷаммӯъи бештар ниёз вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирони корӣ аз шароити ногувори зист ва кайфияти маводди ғизоӣ дар ин чодарҳо шикоят кардаанд.

Пас аз ифшо шудани корхонаи кучаки нассоҷӣ дар 1 августи соли ҷорӣ, ки ба таври махфӣ дар Маскав фаъъолият мекард, дар пойтахти Русия чодарҳо барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ пайдо шуданд.

Ба гуфтаи манобеъи пулис, дар ин корхонаи кучак 1,5 ҳазор тан аз атбоъи Ветном дар шароити бади беҳдорӣ фаъъолият доштаанд.

Бино ба иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия, чодарҳои мавҷуда барои 900 муҳоҷир пешбинӣ шуда ва ин афрод пас аз буду боши муваққатӣ ба ватанҳояшон фиристода хоҳанд шуд.

Нашрияи "Коммерсант"–и Русия ба истинод ба манобеъи Идораи муҳоҷирати ин кишвар навиштааст, ин ниҳод тарҳи бунёди 83 маҳалли таҷаммӯъи муҳоҷирон дар манотиқи мухталифи Русияро омода кардааст.

Ҳамчунин, дар Идораи муҳоҷират барои иҷрои ин тарҳ 21 бахши вижа фаъъол буда ва дар назар аст, теъдоди кормандони онҳо то ба 4,5 ҳазор нафар афзоиш ёбад.

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷироне, ки дар чодарҳо нигаҳдорӣ мешаванд, ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Русия аз шароити зист дар ин чодарҳо шикоят бурдаанд.

Ба гуфтаи Светлана Ганнушкина, як тан аз фаъъолони ҳуқуқи башар, ин маҳалли таҷаммӯъи муваққатӣ барои муҳоҷирон мақоми ҳуқуқӣ надорад.

Владимир Лукин, ваколатдори ҳуқуқи башари Русия низ пас аз дидор аз ин чодарҳо аз шароити зисти муҳоҷирон интиқод кардааст.

Муҳоҷирон аз камбуди приз ё розеткаи барқ ва мамнӯъ будани кашидани сигор ибрози норизоятӣ кардаанд.

Муҳоҷирони ветномӣ ба фаъъолони ҳуқуқи башар аз кори сангини 14-соъатӣ шикоят карда ва гуфтаанд, ки то ҳол барои иҷрои корҳо ҳуқуқ ё маоше дарёфт накардаанд.

Матолиби муртабит