Зойиров: "Равобити миёни Тоҷикистону Русия бӯҳронист"

Раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон мегӯяд, ғурури сиёсии раҳбарони Русия ва Тоҷикистон ва иҷро нашудани таъаҳҳудоти ҷонибҳо далели ба сардӣ гароидани равобити миёни ин ду кишвар шудааст.
Ин матлабро Раҳматилло Зоиров бо интишори изҳороти худ дар сойти иҷтимоъии “facebook” гуфтааст.
Раҳматулло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 8 май, ба Би-би-сӣ гуфт, ташаннуҷ дар равобити миёни Тоҷикистону Русия ба ҳадди олӣ расида ва ба ин далел, ҳизбаш зимни интишори як баёния роҳҳои беҳбуди ин равобитро пешниҳод кардааст.
Дар ин изҳороти худ оқои Зойиров аз баҳсҳои мақомоти ду кишвар дар мавриди таъйини мақоми пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ҳузури нерӯҳои марзбони рус дар марзҳои ҷанубии ин кишвар ва иҷро нашудани таъаҳҳудоти Русия мабнӣ ба тарҳҳои энержӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуд.
Ӯ гуфт, тасвиби қонуни ҷадиди забон дар Тоҷикистон, қазияи боздошти халабонҳои рус дар шаҳри Қӯрғонтеппа, мушкилот барои фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва эҷоди маҳдудият дар вуруди меваю сабзиҷот аз Тоҷикистон ба ин кишвар дар солҳои ахир ба амиқ шудани ихтилофи назарҳо миёни ин ду кишвар мунҷар гардид.
Далели ин вазъ ибрози нигаронӣ ва интишори ёддоште расмӣ аз сӯйи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва таслими он ба сафири Русия дар Тоҷикистон дар моҳи гузашта шуд.
Дар ин ёддошт сухнронии Владимир Жириновский, муъовини раиси Думои давлатӣ ё порлумони Русия ва раҳбари Ҳизби либерол-демукроти ин кишвар дар барномаи шабакаи давлатии телевизиюни Русия "таҳқир" ба Тоҷикистону раҳбари давлати ин кишвар унвон шуд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ин ва дигар барномаҳои мушобеҳро "маъракаи иттилоъотии созмонёфтаи Русия барои ворид кардани латма ба обрую эътибори Тоҷикистон” унвон карда буд.
Раҳматулло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон мӯътақид аст, танҳо дар сурати таҳким, риъоят ва иҷрои усулҳои ҳамкориҳои истротежик, ҳусни тафоҳум ва эҳтиром ба ҳамдигар ва талош барои иҷрои асноди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия, ки дар солҳои қаблӣ имзо шуда буданд, роҳро барои беҳбуди равобити миёни ду кишвар боз хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Усмон Солеҳ, сухангӯйи Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон нигарониҳои раҳбари ҳизби сусиёл-демукротҳоро дар бораи равобити миёни Тоҷикистон ва Русияро беасос хонда ва гуфт, ки Русия барои Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди истротежик боқӣ мондааст.
Оқои Солеҳ афзуд, интиқодот ва суханони таҳқиромези сиёсатмадорони рус, назири Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерол-демукроти Русия ва бархе аз мақомоти давлатии ин кишвар дар мавриди Тоҷикистон, муҳоҷирони тоҷик ва қаторҳои ин кишвар ба ҳеч ваҷҳ мавзеъи расмии давлати Русия маҳсуб намешавад.
Қазияи изҳори назарҳои бархе аз мақомоти Русия дар барномаҳои телевизиюни давлатии ин кишвар дар моҳи гузашта мунҷар ба баҳсҳо ва вокунишҳои мухталиф дар бораи равобити миёни ду кишвар шуда буд.
Аз ҷумла Владимир Жириновский, муъовини раиси Думои Русия дар барномаи “Поединок”-и шабакаителевизюни давлатии "Россия-1" дар рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ, аз ҷумла, дар бораи раванди муҳоҷирати кории Тоҷикистон ба Русия ва қимати пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон суханронӣ кард ва гуфт: “Ҳоло дӯстони шумо, кумунистони тоҷик дубора қимати пойгоҳи низомии мо дар Тоҷикистонро бешармона боло мебаранд! Барои ҳамин мо мегӯем, ки мо дигар муҳоҷирони шуморо намепазирем. Он вақт Раҳмон, раҳбари давлат чӣ кор мехоҳад бикунад? Ӯ хеле хуб мефаҳмад, ки он замон вақти ӯ ба поён мерасад. Зеро исломиҳои афғон Тоҷикистонро забт ва Раҳмонро ба монанди Наҷибулло дар маркази шаҳр ба дор меовезанд.”
Дар канори вазорати хориҷаи Тоҷикистон маҷлиси намояндагони ин кишвар низ ба ин схунронии телевизиюнии оқои Жириновский вокуниши расмӣ нишон дод.
Порлумони Тоҷикистон ибрози назарҳои оқои Жириновскиро маҳкум карда ва ибрози назарҳои ӯро "иддаъоҳои бепоя ва муғризонаи мақомоти ниҳодҳои давлатӣ ва чеҳраҳои сиёсии Русия дар мавриди давлат ва мардуми Тоҷикистон" хонд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин дар номаи расмиаш ба Думои давлатии Русия таъкид кард, ки маҷолиси ду кишвар бояд талош кунанд, то равобити ин ду кишвар дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва мушорикати истротежик рушд кунад.
