Раҳматилло Зойиров ба Додситонии кул эҳзор шуд

Раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, аз умдатарин аҳзоби мухолифи давлати ин кишвар, ба Додситонии кулли Тоҷикистон эҳзор шудааст.
Раҳматилло Зойиров, ки баъд аз зуҳри ҷумъаи 2 август бо Би-би-сӣ сӯҳбат мекард, гуфт: "Маро соъати 16-и имрӯз ба Сарраёсати тафтиши корҳои ҷиноятии махсусан муҳимми Прокуратураи генералӣ (додситонии кул) даъват карданд. Маълум нест, ки кадом масъала баррасӣ мешавад."
Ҳамзамон, оқои Зойиров гуфт қаблан иттилоъ ёфта буд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи ӯ маводде ҷамъоварӣ карда ва ба Додситонии кул ирсол кардааст.
Ӯ гуфт, мумкин аст дар "суҳбати" ӯ бо мақомоти додситонӣ вокунишҳои шадидаш дар мавриди нопадид шудани Салимбой Шамсиддинов, раиси Анҷумани узбакҳои вилояти Хатлон, ва ҳаводиси хунини шаҳри Хоруғ дар тобистони соли гузашта матраҳ шавад.
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбӯъотии Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи эҳзори Раҳматилло Зойиров ба ин ниҳод ибрози беиттилоъӣ кард.
Дар пайи нопадидшудани Салимбой Шамсиддинов дар моҳи марти соли ҷорӣ оқои Зойиров ин қазияро сиёсӣ хонда ва ниҳодҳои амниятиро ба рабудани ӯ муттаҳам карда буд.
Оқои Шамсиддинов дар мусоҳибаи худ бо расонаҳои Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд, ки дар сурати пешниҳоди номзадии Раҳматилло Зойиров дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сокинони узбактабори вилояти Хатлонро ба пуштибонӣ аз номзади ӯ фаро хоҳад хонд.
Аз сӯйи дигар, Раҳматилло Зойиров амалиёти низомии давлати Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дар моҳи июли соли гузаштаро маҳкум карда ва онро "терурисми давлатӣ" унвон карда буд.
Ахиран, оқои Зойиров аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғро, ки талафоти зиёди ҷонӣ ба дунбол дошт, ба унвони "терурисми давлатӣ" эътироф кунанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон хабари боздошти Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот, аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар пайдо шуд.
Аммо баъдан худи оқои Зойиров ин хабарро рад карда ва онро "овозаи суфоришии" ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон хонд.
Таҳилгарон ҳадс мезананд, ки оқои Зойиров аз номзадҳои эҳтимолии умдаи мухолифон ба интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябр ва аз рақибони аслии оқои Раҳмон хоҳад буд, ҳарчанд раисҷумҳури феълӣ ҳануз дар бораи ширкаташ дар интихобот ибрози назаре накардааст.
Бархе аз гурӯҳҳои мухолиф дар шабакаҳои иҷтимоъӣ қаблан аз мардум ва аҳзоби сиёсӣ хоста буданд, ки номзадии Раҳматилло Зойировро ба раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кунанд.
Оқои Зойиров сиёсатмадор ва ҳуқуқдони маъруф аст, ки аз соли 2000 то 2003 мушовири аршади ҳуқуқии Президент Раҳмон буд. Вай моҳи июни соли 2003 дар пайи ихтилофи назар бо раиси ҷумҳурӣ аз ин симати худ истеъфо кард.
