Сойти Ҳизби сусиёл-демукрот шурӯъ ба кор кард

Сойти интернетии Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, ҳизби мухолифи давлати Тоҷикистон дубора фаъол шуд.
Шокир Ҳакимов, муъовини раиси ин ҳизб гуфт, ки чанд соле қабл сойти ҲСДТ боз шуда, вале ба далели эҷоди мавонеъи маснӯъӣ аз ҷониби ниҳодҳои зирабти кишвар пас аз ду сол фаъолияташ қатъ шуда буд.
Оқои Ҳакимов гуфт, ҳоло ин сойт аз тариқи фароҳамкунандагони Интернет дар хориҷ аз кишвар роҳандозӣ шуда ва эҷоди мушкил барои дастрасии он душвор будааст.
Мавориди эҷоди мавонеъ дар фаъъолияти расонаҳо ва сойтҳои интернетии аҳзоби мухолиф аз ҷониби ниҳодҳои давлати Тоҷикистон ҳодисаи тозае нест.
Аз ҷумла, дар баҳори соли ҷорӣ “nahzat.tj”, “nahzat.net” ва “nahzat.org”, сойтҳои Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон дар ҳудуди ин кишвар масдуд шуда ва ин ҳизб бо истифода аз сарчашмаи ҷадиди интернетӣ сойти худро бо номи “nahzat.info” боз кард.
Дар саҳифаи аввали сойти ҲСДТ, ки рӯзи панҷшанбеи 1 август, фаъол шуд, ба хонандагон матолиби таҳлилии “Р.Зойиров: Президент амалиёти Хоруғро “террори давлатӣ” эътироф кунад”, “Шокирҷон Ҳакимов: ҲСДТ маблағгузори хориҷӣ надорад” ва матолиби дигар пешниҳод шудааст.
Ба гуфтаи масъулони Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, дар назар аст, дар оянда ин сойт саҳифаҳои худро ба забонҳои русӣ, инглисӣ ва ӯзбакӣ боз кунад.
Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар соли 2002 таъсис шуда ва аз он замон то ба ҳол Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдони саршиноси Тоҷикистон раёсати ҳизбро ба ӯҳда дорад.
Зимнан, Раҳматилло Зойиров танҳо аз раҳбарони аҳзоби мухолифи давлати Тоҷикистон аст, ки расман омодагии худро барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар моҳи ноябри соли ҷорӣ эълом кардааст.
Ба эътиқоди коршиносон, бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҲСДТ нашрияи худро надошта ва дастрасӣ ба расонаҳои давлатӣ, бахусус, телевизиюни Тоҷикистонро надорад, сойти интернетӣ метавонад ба унвони минбари ҳизб дар раванди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ истифода шавад.
Бино ба иттилоъи манобеъи ҲСДТ, теъдоди аъзои ин ҳизб ҳудуди 8 ҳазор нафар будааст.
