Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ба номи қаблиаш бозгашт

  • 13 Май, 2013
Раҳматилло Зойиров
Image caption Оқои Зойиров гуфт, ки ҳизб расман бо номи қаблиаш, яъне Ҳизби Сусиёл-Демукроти Тоҷикистон муъаррифӣ шавад

Масъулони Ҳизби умумимиллии сусиёл-демукроти Тоҷикистон бо интишори изҳороте дархост кардаанд, ки ин ҳизб то интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар бо номи қаблӣ пазируфта шавад.

Ин дар ҳолест, ки ду сол қабл раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар анҷумани худ аз табдили номи Ҳизби сусиёл-демукрот ба номи Ҳизби умумимиллии сусиёл-демукроти Тоҷикистон хабар дода буд.

Аммо рӯзи душанбеи 13 май Раҳматилло Зойиров, раиси ин ҳизб, унвонии расонаҳо ва ҷомеъаи маданӣ номае ирсол карда ва дар он изҳор кардаст, ки ҳизб расман бо номи қаблиаш муъаррифӣ шавад.

Ҳамчунин оқои Зойиров таъкид кардааст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойизи соли 2013 низ ин ҳизб расман бо номи Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.

Оқои Зойров афзудааст, ки ба далели нопадид шудани гувоҳии сабти номи ин ҳизб дар декабри соли 2002, масъулони ҳизб натавонистаанд то муддати лозима мадорики зарурӣ барои дарёфти гувоҳии ҷадидро ба Вазорати адлияи Тоҷикистон ирсол кунанд.

Аъзои Шӯрои ҲСДТ дар ҷаласаи рӯзи чаҳоруми майи соли равон ин тасмимро гирифта ва тасмим гирифтаанд, ки анҷумани ояндаи ҳизб дар моҳи сентябри соли 2013 баргузор шавад.

Аз сӯйи дигар, раҳбари ҲСДТ аз эҷоди мавонеъ барои баргузории анҷумани ин ҳизб дар Тоҷикистон хабар дода ва навиштааст, ки рӯзи 5 майи соли ҷорӣ масъулони ҳизб натавонистаанд, ҳамоиши худро дар маркази хариди “Саъодат”-и шаҳри Душанбе баргузор кунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар панҷ моҳи ахир масъулони созмонҳо ва ниҳодҳое, ки бар асоси қарордод бояд толорҳои худро барои баргузории анҷуманҳои ҳизбӣ дар ихтиёри масъулони он мегузоштаанд, бо пеш овардани баҳонаҳое мухталиф иҷоза надодаанд, ки ин нишаст баргузор шавад.

Дар моҳи декабри соли 2011 раҳбари ҲСДТ бо баргузории нишасте, эълом кард, ки дар номгирии ҳизби онҳо вожаи “умумимиллӣ” изофа хоҳад шуд.

Раҳматилло Зойиров ҳадаф аз изофа кардани ин вожа ба номи ҳизбро “омодагии ҷиддӣ барои ширкат дар интихоботи оянда, аз ҷумла интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013 ва интихоботи порлумонии соли 2015 дар Тоҷикистон" унвон кард.

Ҳамчунин раҳбари ҳизб гуфта буд, ки аъзои ҳизб аз ҷумлаи миллиятҳои мухталиф буда ва ба як макони маҳдуди кишвар маҳдуд набудаанд.

Дар ҳамин ҳол, раҳабри ҲСДТ дар авоили моҳи марти соли ҷорӣ низ баёнияе интишор дода ва дар он аз афзоиши мавориди фишор, таҳдид ва таъқиби намояндагони аҳзоби мухолифи сиёсӣ дар ин кишвар хабар дода буд.

Ҳарчанд мақомоти давлати Тоҷикистон, аз ҷумла пулиси тоҷик, ин иддаъои Раҳматилло Зойировро такзиб карда буданд.

Матолиби муртабит