Нигаронии Зоиров аз 'фишор' бар узбактаборони Хатлон

  • 17 Май, 2013
Раҳматилло Зоиров
Image caption Зоиров: "Узбактаборон низ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва ҳуқуқи баробар бо дигаронро доранд"

Раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон аз масъулони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии ин кишвар тақозо кардааст, ки ба фишор овардан бар раҳбарон ва аъзои ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон хотима диҳанд.

Оқои Зоиров ин тақозоро дар муроҷеъатномае, ки рӯзи ҷумъаи 17 май интишор ёфт гуфтааст. Ӯ дар ин изҳорот исрор мекунад, ки "узбакон низ шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистон буда ва ҳаққи зиндагии баробар бо миллиятҳои мухталиф дар ин кишварро доранд".

Ӯ ҳамчунин аз масъулони интизомии Тоҷикистон дархсоти пахши иттилоъи дақиқ дар мавриди ҷараёни расидагӣ ба парвандаи чустуҷӯйи Салимбой Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлонро кардааст.

Салим Шамсиддинов ду моҳи қабл дар шаҳри Қурғонтеппа нопадид шуда ва то ҳол кормандони интизомӣ дар мавриди таҳқиқи ин парванда иттилоъ пахш накардаанд.

Раҳбари сусиёл демукротҳои Тоҷикистон ин муроҷеъатномаи худро унвонии раҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати кишвари Тоҷикистон ва Додситонии кулли кишвар интишор дод.

Вай аз ин ниҳодҳо хостааст, ба қазияи боздошти мармузи Равшан Муталибов, муъвоини раиси мафқудшудаи ҷамъияти узбактаборон вилояти Хатлон дар Русия, ки дар қочоқи маводди мухаддир муттаҳам шудааст, расидагии мунсифона шавад.

Қаблан оқои Зоиров гуфта буд, ки Равшан Муталибов, муъовини раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон баъд аз нопадиди шудани Салимбой Шамсиддинов мавриди таъқибу фишор қарор гирифта буд.

Пас аз ин гузориш шуда буд, ки Равшан Муталибов дар фурӯдгоҳи шаҳри Краснодари Русия боздошт ва пулис аз бағоҷи ӯ ҳудуди 180 громм маводди мухаддир пайдо ва мусодира карданд. Ба бовари оқои Зоиров ин маводд ба оқои Муталибов таъаллуқ надоштааст.

Оқои Зоиров навиштааст, ки пулиси рус ҳатто нишонаи ангуштони ӯро дар бастаи маводди мухаддир пайдо накардааст. Ҳоло муъовини ҷамъияти узбактаборони Хатлон дар яке аз боздоштгоҳҳои шаҳри Краснодар ба сар мебарад.

Дар муроҷеъатнома мехонем, замоне, ки бағоҷи оқои Муталибов дар фурӯдгоҳи Душанбе кормандони зидахл бозбинӣ шуда буд ва оқои Муталибов қуфли ҷомадонашро дар фурудгоҳи Маскав шикаста ёфтааст.

Аз ин рӯ раҳбари ҲСДТ тақозо кардааст, ки убури оқои Муталибов аз гумруки Тоҷикистон ва расидагӣ ба бағоҷи вай дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанберо тавассути навори сабтшуда дар фурӯдгоҳ таҳқиқ шавад.

Оқои Зойиров дар ҳоле аз "таъқибу фишор" ба ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон ибрози норизоятӣ мекунад, ки беш аз 15 ҳазор нафар аз аъзои ин ҷамъият узви ҳизби ҳокими халқӣ- демукроти Тоҷикистон ҳастанд ва танҳо шаш нафар узбактабори ин вилоят дар узвияти ҲСДТ таҳти раҳбарии оқои Зоировро доранд.

Раҳматилло Зоиров ду моҳи қабл низ бо интишори баёнияе аз масъулони зидахли Тоҷикистон дархсоти расидагӣ ба қазияи нопадид шудани Салим Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлонро карда буд.

Пайвандони Салим Шамсидднов низ аз беиттилоъӣ дар робита ба натоиҷи тақиқи парвандаи ӯ ибрози нигаронӣ мекунанд.

Зимнан ҳудуди сӣ дарсади ҷамъияти ҷанубии Тоҷикистонро сокинони узбактабор ташкил медиҳанд.

Матолиби муртабит