Мирзоалиева: “Ман ба қазияи нопадид шудани Шамсиддинов иртибот надорам”

  • 30 Апрел, 2013
Муҳаррама Мирзоалиева
Image caption Муҳаррама Мирзоалиева, раиси ҷамъияти узбактаборони Тоҷикистон иртиботи худро ба мафқуд шудани Шамсиддинов радд кард

Раиси ҷамъияти узбакони Тоҷикистон ба пулис гуфтааст, ки ҳеҷ иртиботе ба ҳодисаи нопадид шудани Салим Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбакони вилояти Хатлон надоштааст.

Муҳаррама Мирзоалиева, раиси ҷамъияти узбакони Тоҷикистон инро дар ҷараёни бозсупрсӣ аз сӯйи пулиси ин вилоят, ки дар чорчуби таҳқиқоти парвандаи нопадид шудани Салим Шамсиддинов анҷом гирифт, гуфтааст.

Масъулони бахши вазорати корҳои дохилии ин вилоят, ӯро ахиран дар робита ба нопадид шудани Салим Шамсиддинов ба ин ниҳод даъват карда ва мавриди бозпурсӣ қарор доданд.

Пештар гузориш шуда буд, ки ҳамсар ва пайвандони оқои Шамсиддинов, ки 15-уми март аз хонааш баромада дигар барнагаштааст, дар аризаи шикоятии худ ба пулиси вилоят хонум Мирзоалиеваро дар нопадид шудани Салим Шамсиддинов муттаҳам кардаанд.

Аммо Муҳаррама Мирзоалиева дар ҷараёни бозпурсии пулис иттиҳомоти ин хонавода алайҳи худро бепоя хонд.

Хонум Мирзоалиева ба Би-би-сӣ гуфт: “Салим корманди ман дар Хатлон буд ва мо бо ӯ муносибати хуби корӣ доштем. Аммо дар соли гузашта мусоҳибааш дар ҳафтаномаи “Миллат”, ки дар он вай аз номи ҷаъмияти мо сӯҳбат мекард, боъиси нигаронии аъзои ҷамъияти мо шуд."

Image caption Аз нопадид шудани Салим Шамсиддинов ҳудуди панҷоҳ рӯз гузаштааст, аммо пулис то ҳоло сарнахи ин ҳодисаро пайдо накардааст

Хонуми Мирзоалиева афзуд: "Зеро Шамсиддинов аз муносибати сиёсии Тоҷикистону Узбакистон бештар ҳарф мезад ва ҳаққи сӯҳбат аз номи тамоми аъзои ҷамъиятро надошт. Он замон мо якҷоя ба ҳафтаномаи “Миллат” посух навиштем, ки Салим набояд аз номи мо ҳарф мезад. Дар мавриди ин ки маро дар нопадид шудани Салим гумонбар медонад, ман дар номаам ба мақомоти қудратии Тоҷикистон инро гуфтам, ки ман ҳеҷ муносибате ба ин қазия надорам.”

Пештар ҳамсари Салим Шамсиддинов дар яке аз мусоҳибаҳои худ бо Би-би-сӣ гуфта буд: “Се рӯз қабл аз ғайб задани Салим, раиси ҷамъияти узбактаборони Тоҷикистон бо номи Муҳаррама субҳ назди дари манзил омада ва бо Салим даъво кард, аммо ба хона надаромад.”

Салим Шамсиддинов субҳи рӯзи 15 март аз хона баромада ва ҳудуди панҷоҳ рӯз аст, ки нопадид шудааст.

Офоқи Қодириён, сухангӯи бахши вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки таҳқиқоти ин қазия ва ҷӯстуҷӯйи вай то ҳоло идома дорад. Вай таъкид кард, ки нопадид шудани Салим Шамсиддинов ангезаи сиёсӣ надорад.

Соле қабл Салим Шамсиддинов дар наздикии манзилаш дар шаҳри Қурғонтеппа аз сӯи як гурӯҳи номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифта буд.

Он замон кормандони пулис натавонистанд афроди муқассир дар ин ҳодисаро боздошт ва ҳуввияти онҳоро ифшо кунанд, аммо бо гузашти як ҳафта аз ин ҳодиса ошхонае, ки оқои Шамсиддинов раҳбарии онро бар ӯҳда дошт, қисман оташ гирифта ва хароб шуд.

Салим Шамсиддинов мегӯяд, ки ӯ беш аз 20 сол дар бахши вазорати умури дохилии вилояти хатлон ва муддате қабл аз бознишаста шуданаш дар ожонсии зидди фасоди ин вилоят фаъъолият кард.

Матолиби муртабит