Зоиров: 'Ба ҳамаи иддаъоҳои додситонӣ посухи ҳуқуқӣ додам'

  • 5 Август, 2013
Image caption Зоиров: Ҳам кумитаи амният ва ҳам додситонӣ аз соли 2006 борҳо ҳаракатҳо барои парвандасозӣ алайҳи ман талош кардаанд

Раҳбари ҳизби сусиол демукроти Тоҷикистон пас аз пурсиши якрӯзаи худ дар Додситонии кулли Тоҷикистон дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки алорағми интизороти мақомоти додситонӣ тавонистааст, ба ҳамаи иддаъоҳои ин ниҳод алайҳи ӯ посух бидиҳад.

Оқои Зоиров, раҳбари ҳизби сусиол-демукроти Тоҷикистон аз субҳи имрӯз то пас аз зӯҳр дар сохтмони додситонии кулли Тоҷикистон машғули ироаи тавзеҳот ва посух додан ба саволҳои мақомоти интизомӣ дар бораи изҳороташ дар робита ба масоили мухталиф, аз ҷумла дар бораи амалиёти низомии давлати Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон дар тобистони соли гузашта буд.

Дар ҷараёни ин амалиёт, ки давлат мегӯяд ҳадаф аз он боздошти афроди мазнун дар қатли раиси амнияти вилоят буда, даҳҳо нафар кушта шуданд.

Ӯро мақомоти додситонӣ рӯзи ҷумъа барои анҷоми ин пурсиш ба додситонӣ эҳзор карда буданд ва ӯ аз онҳо хост, ки саволҳо ва иддаъоҳои худро ба сурати катбӣ барояш ироа кунанд ва ӯ ба сурати катбӣ барояшон дар рӯзи душанбе посух хоҳад дод.

Оқои Зоиров пас аз ироаи посух ва тавзеҳоти худ дар Додситонии кул гуфт: "Дуруст будани ҳар иддаъои худро аз ҷиҳати илмӣ ва меъёрҳои байналмиллалӣ исбот кардам. Саволҳо бештар дар ин бора буд, ки оё ин ё он коратон хато нест магар?... Ман ба ҳамааш посух гуфтам. Бояд гӯям, ки додситонӣ бештар бо кодекси ҷиноятӣ кор кардаанд ва дар масоили ҳуқуқи байналмилалӣ сусттаранд. Ман медонам, ки саволномаро низ худашон тайёр накардаанд."

Ин дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир шабакаҳои иҷтимоъӣ саршор аз шарҳу навиштаҳои тарафдорони Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби мухолифи сусиол демукроти Тоҷикистон дар бораи он аст, ки алайҳи оқои Зоиров парвандасозӣ дар ҷараён аст.

Дар ҳоле, ки сухангуи Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин маврид ибрози беиттилоъӣ мекунад, худи оқои Зоиров ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ин бора шакке надорад. Ӯ афзуд, ки ба талошҳои худ барои тақозо аз давлати Тоҷикистон мабнӣ бар "арзёбии ҳуқуқии ҳаводиси Хоруғ" идома хоҳад дод.

Вай афзуд: "Ҳам кумитаи амният ва ҳам додситонӣ аз соли 2006 борҳо талош кардаанд ки алайҳи ман парвандасозӣ кунанд, маро борҳо даъват кардаанд. Аммо маро на дар фасод, на дар дигар ҷурм муттаҳам карда наметавонанд, фақат аз ҷиҳати ҳуқуқӣ агар тавонанд, аммо ман 30 сол собиқаи ҳуқуқшиносӣ дорам ва ҳар ҳарфамро санҷида мегӯям, бедалел ҳарф намезанам, барои ҳамин коре карда наметавонанд."

Раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл бо интишори паёме унвонии Эмомалӣ Раҳмон дар сафҳаи "Facebook"-и хеш амалиёти соли гузаштаи нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғро, "як амали аз қабл тарроҳишудаи терурисми давлатӣ" хонда буд.

Ин паёми Раҳматилло Зойиров ба ҷуз аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони порлумони ин кишвар низ ироа шуд.

Оқои Зойиров бо ёдоварӣ аз амалиётҳои мушобеҳи нерӯҳои давлатӣ дар водии Рашт, ноҳияи Исфара ва Кӯлоб навишта, ки дар солҳои ахир давлати Тоҷикистон таҳти шиъори "мубориза бо терурисм" худ даст ба терури мардум мезанад.

Ӯ дар истинод ба мавозини байналмилалӣ, аз ҷумла, Эъломияи Женев дар бораи терурисм дар соли 1987 ва бо такия ба навиштаҳои файласуфҳои саршиноси ҳуқуқ ин амалиётро навъе терурисми давлатӣ хонда ва аз Президент Раҳмон низ тақозо кард, ки амалиёти шаҳри Хоруғро ба унвони "терурисми давлатӣ" эътироф кунад.

Ин нома дар остонаи солрӯзи амалиёти шаҳри Хоруғ, ки 24-уми июли соли гузашта анҷом ёфт, интишор ёфт. Оқои Зойиров пешниҳод кард, ки аз ин ба баъд рӯзи 24 июл дар Тоҷикистон ба увнони "Рӯзи ёдбуди ҳамаи қурбониёни саркӯб ва амалиётҳои хушунатомези ғайриқонунӣ" эълом шавад.

Раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ҳамчунин хостори он шуд, ки афроде, ки дар судури фармон барои баргузории ин амалиёт даст доштанд, муҷозот шаванд ва ба сазои аъмоли худ бирасанд.

Дар тобистони соли гузашта баъд аз чанд рӯзи ин амалиёт раёсати Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот бо интишори баёнияе давлатро ба истифода аз равишҳои "ғайримутамадин ва муғойири қонуни асосӣ" муттаҳам карда буд.

Ба додситонӣ хондани раҳбари ҳизби сусиол демукроти Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ эълом карда, ки дар интихоботи қарибулвуқуъи раёсати ҷумҳурӣ дар тирамоҳи соли ҷорӣ ширкат хоҳад кард. Бо ин ҳол оқои Зоиров пас аз пурсиши имрӯзиаш дар додситонии кул гуфт, ки рӯёрӯии ахир бо мақомоти додситонӣ ба кори ҳизбии вай, ба хусус дар заминаи омодагӣ ба интихобот латма ворид мекунад.

Бисёриҳо ҳадс мезананд Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки беш аз бист сол аст раҳбарии кишварро дар ихтиёр дорад, номзади асосӣ дар ин интихобот хоҳад буд. Агарчи ӯ ҳанӯз тасмими худ дар бораи номзадӣ дар интихоботро ба сурати расмӣ эълом накардааст, вале қавл дода, ки ин интихобот ба шеваи озод ва шаффоф баргузор хоҳад шуд. То кунун ҳеҷ интихобот дар Тоҷикистон аз суи нозирони мустақил ҷавобгӯ бо усули демукротик шинохта нашудааст.

Давлати Тоҷикистон ҳамвора ба далели он чи саркӯбии мухолифон ва мунтақидон хонда шуда аз суи кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор доштааст.

Матолиби муртабит