Тардидҳои раҳбари сусиол демукротҳо дар мавриди Кумитаи амнияти миллӣ

Раҳбари ҳизби сусиол демукротҳои Тоҷикистон аз масъулони Кумитаи амнияти миллии ин кишвар дархост кардааст, ки то онҳо мавзеъи хешро дар заминаи дифоъ аз манофеъ ва амнияти сокинони ин кишвар мушаххас кунанд.
Раҳматилло Зоиров, рӯзи панҷшанбеи 30 май муроҷеъатномаро аз тариқи шабакаи иҷтимоъии “Facebook” дар вокуниш ба гузоришҳо дар бораи таҳдид ба ҷони як хабарнигори тоҷик ва камфаъъолиятии кормандони интизомӣ дар ҳимоят аз ӯ ва ошкор кардани “афроди таҳдидгар” пахш кардааст.
Унвони ин номаи саргушода “Кормандони интизомӣ: Шумо ҷонибдорӣ ки ҳастед?” буда ва дар он оқои Зоиров ба кормандони интизомӣ нахуст чанд суолро дар миёни мегузорад.
Оқои Зоиров аз маъмурони амниятӣ мепурсад: “Шумо амният ва манофеъи киҳоро муҳофизат мекунед? Оё Шумо манофеъ ва амнияти шаҳрвандони оддиро низ ҳифозат мекунед ё хайр?”
Вай афзудааст, ки агар кормандони амниятӣ аз мардум дифоъ мекунед, пас чаро ахиран бисёре аз сиёсатмадорон, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва хабарнигорон дар ин кишвар таҳдид ва иддае низ луту кӯб шуданд.
Аммо оқои Зоиров таъкид кардааст, ки таҳқиқоти мушаххасе дар мавриди ин ҳодисот сурат нагирифтааст ва масъулони ин кумита вокунише дар қиболи ин ҳодисот накардаанд.
Оқои Зоиров бо ишора ба гузоришҳои ахир дар бораи таҳдидҳо ба як хабарнигори тоҷик навиштааст: “Таҳдидҳо ба ҷони Мавҷуда Соҳибназарова, хабарнигори тоҷик ва узви гурӯҳи мубтакирон барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда аст, зеро афроди номаълум ҳатто таҳдиди зӯроварӣ ба ҷони ду кӯдаки вайро кардаанд.”
Раҳбари сусиол демукротҳо менависад, ки дар бораи ин қазия тавассути коштаҳое дар саҳафоти Facebook огоҳ шудааст. Ӯ афзудааст, ки таҳдидгарон аз хонум Соҳибназарова тақозои берун омадан аз гурӯҳи "Тоҷикистони нав"-ро кардаанд.
Худи Мавҷуда Соҳибназарова дар суҳбат бо Би-би-сӣ таъйид кард, ки рӯзе қабл афроде номаълум тавассути телефун ба ҷони ӯ ва фарзандонаш таҳдид кардаанд.
Аз сӯйи дигар оқои Зоиров дар номааш аз силсилаи қазияҳои нохуш, аз ҷумла луту кӯби Муҳаммадалии Ҳайит, муъовини раҳбари ҲНИТ, таҳдид ба Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик ва бедарк шудани Салим Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон ёддовар шуда ва хитоб ба Кумитаи амнияти миллӣ менависад: "Чаро чунин ҳодисаҳо ҷилавгирӣ намешаванд, ё муқассирони онҳо ёфт намешаванд?"
Оқои Зоиров меафзояд: “Пас, чунин ба назар мерасад, ки ин ҳодисаҳо бо ризоят ё фармони масъулони Кумитаи амнияти миллӣ амалӣ мешаванд, ва ё ин кор бо кушиши кормандони бесалоҳияти ин ниҳод, ки бар асоси маҳаллгароӣ ва хешутаборӣ ба ин ниҳод истихдом шудаанд, сурат гирифтааст.”
Оқои Зоиров дар идомаи ин иддаъо менависад, ки ба ин тартиб "кормандони ғайриҳирфаӣ" ба далели нотавонии худ барои анҷоми амри раҳбаронашон ба сурати ҳирфаӣ, аз осонтарин роҳҳо, яъне "таҳдид, зӯроварӣ ва гоҳе нобудсозӣ" истифода мекунанд.
Масъулони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳозир нашудан ба Би-би-сӣ дар мавриди ин изҳорот ибрози назар кунанд.
Мавҷуда Соҳибназарова, хабарнигори таҳдидшуда гуфт, ки то ҳоло шикояти расмӣ ба ниҳодҳои интизомӣ дар бораи таҳдидҳои ворид шуда алайҳи ӯ ва хонаводааш накардааст. Ӯ гуфт: “Рӯзе қабл дар мавриди ин таҳдидиҳо шифоҳӣ ба кормандони амниятӣ хабар додам ва ба ман ваъда доданд, ки ин ҳодиса таҳқиқ хоҳад шуд.”
Хонум Соҳибназарова узви гурӯҳи мубтакирон барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" аст. Ҳодисаи таҳдиди ба вай баъд аз боздошти Зайд Саидов, раҳбари ин гурӯҳ ва яке аз соҳибкорони муваффақ дар Тоҷикистон иттифоқ уфтодааст.
Ин гурӯҳ эълом карда буд, ки бо вуҷуди боздошт шудани раҳбарашон талошҳои худро барои таъсиси ин ҳизб идома хоҳанд дод.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки мавориди даъвати хабарнигорон барои сӯҳбат бо маъмурони амниятӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш будааст.
Бархе аз хабарнигорон, ки дар чанд рӯзи охир бо онҳо сӯҳбатҳо анҷом шудааст, мегӯянд, ки дар ҷараёни ин сӯҳбатҳо кормандони амниятӣ онҳоро ба меҳанпарстӣ даъват мекунанд ва машварат медиҳанд, ки аз навиштани матолиби интиқодомез дар мавриди Тоҷикистон худдорӣ кунанд.
