Ҷаласаи нахусти КМИҲ: Муҳоҷирон имкони ҷамъоварии имзо надоранд

Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон дар нахустин ҷаласаи худ баъд аз эъломи рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ нақшаи тадорукот, тартиб ва муҳлати пешниҳоди номзадҳо ва таъсиси ҳавзаҳои интихоботиро тасвиб кард.
Ҷаласаи аъзои Кумисиюни интихобот ва ҳамапурсӣ (КМИҲ) субҳи рӯзи шанбеи 31 август, як рӯз пас аз эъломи рӯзи интихобот тавассути порлумон, таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси ин кумисиюн, ба таври камсобиқае дар ҳузури хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор шуд.
Оқои Шоҳиён дар оғози ҷаласа эълом кард, ки дар тӯли беш аз ду моҳи тадорукот ва муборизоти интихоботӣ ҳамаи ҷаласаҳои Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ ба таври озодона ва шаффоф бо ширкати намояндагони расонаҳо доир хоҳад шуд.
Дар ҷаласаи нахусти аъзои Кумисиюни интихобот ва ҳамапурсӣ нақшаи тақвимии тадобир барои омодагӣ, баргузорӣ ва натиҷагирӣ аз интихобот, ки аз 26 банд иборат аст, тасвиб шуд.
Аз умдатарин масоили марбут ба интихобот пешниҳоди номзадҳо ба симати раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки тибқи тасмими аъзои кумисиюн, аз 17 сентябр то 7 октябр анҷом хоҳад ёфт.
Бар асоси қонун, аҳзоби сиёсӣ, намояндагони маҷолиси маҳаллӣ, иттиҳодияҳои синфӣ ва созмони ҷавонони Тоҷикистон ҳаққи пешниҳоди номзад ба мақоми раёсати ҷумҳуриро доранд.
Афроде, ки номзад мешаванд, бояд аз миёни беш аз чаҳор милюн шаҳрванди воҷиди раъйи Тоҷикистон имзои панҷ дарсад аз раъйдиҳандагонро ба тарафдорӣ аз худ ҷамъоварӣ ва ба кумисиюн пешниҳод кунанд. Дар ғайри ин сурат, ин афрод радди салоҳият хоҳанд шуд.
Яке аз масоили баҳсбарангез дар мавриди ҷамъоварии имзо таъйиди баргаҳои имзошуда аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон аст. Дар интихоботи гузашта бархе аз аҳзоби мухолиф аз вуҷуди мавонеъи ҷиддие дар ин замина интиқод карда буданд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки беш аз як милюн нафар аз атбоъи Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, ин суол матраҳ аст, ки оё муҳоҷирон метавонанд номзади худро пешниҳод кунанд ё ба тарафдорӣ аз ин оё он номзаде имзо ҷамъоварӣ кунанд?
Оқои Шоҳиён дар ҷаласаи аъзои кумисиюни интихобот ва ҳамапурсӣ гуфт, ки бар асоси қонун таъйиди баргаҳои раъй танҳо ба уҳдаи ҳукуматҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон аст ва ба ин далел имкони ҷамъоварии имзо дар хориҷ аз кишвар вуҷуд надорад.
Ҳуқуқдонҳо мегӯянд ин бад-он маъност, ки дастикам як чаҳоруми шаҳрвандони воҷиди шароити раъйи Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, аз ҳаққи ҷамъоварии имзо ва ҳамин тур, пешниҳоди номзади мавриди алоқаи худ ба симати раёсати ҷумҳурӣ маҳруманд.
Аммо Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи Кумисиюни интихобот ва ҳамапурсӣ, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Бар асоси пажӯҳишҳои мо шумори муҳоҷирон тақрибан 900 ҳазор нафар аст. Бештари онҳо муҳоҷирони мавсимӣ ҳастанд, ки бо сард шудани ҳаво, дар моҳҳои октябру ноябр, ба ватан бармегарданд. Дар замони интихобот ҳудуди 200 ҳазор дар хориҷа боқӣ мемонанду бас."
Бар асоси тасмими аъзои Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ, 68 ҳавзаи интихоботӣ дар саросари Тоҷикистон бо такя бар асли "як ҳавза дар ҳар шаҳру ноҳия" таъсис дода шудааст.
Масъулони ин кумисиюн гуфтанд, ки дар бархе аз шаҳрҳои Русия ва Қазоқистон, ки атбоъи зиёди тоҷик ба сар мебаранд, низ дар ҳамоҳангӣ бо вазорати хориҷа ҳавзаҳои интихоботӣ таъсис дода хоҳанд шуд, аммо шумори ин ҳавзаҳо ва марокизи раъйгирӣ ҳануз рӯшан нест.
Аъзои Кумисиюни интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон ҳамчунин ҳайъати кории маркази матбуъотии ин кумисиюнро, ки иборат аз нуҳ нафар буда ва таҳти раҳбарии Нурулло Маҳмадуллоев, яке аз аъзои кумисиюн, фаъъолият хоҳад кард, таъйид карданд.
Бештари афроде, ки дар ин маркази матбуъотӣ истихдом шудаанд, хабарнигорони нашрияҳо, родию ва телевизиюнҳои давлатӣ ва хабаргузории расмии "Ховар" ҳастанд. Асомии намояндагони нашрияҳо ва расонаҳои мустақил дар миёни онҳо ба мушоҳида намерасад.
Кумисиюни интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон ниҳоди баргузоркунандаи интихобот ва ҳамапурсиҳо дар Тоҷикистон аст, ки 15 узв дорад. Аъзои ин ниҳод аз намояндагони гурӯҳҳо ва аҳзоби мухталифи сиёсӣ, ба истиснои ҳизби сусиёл-демукрот, иборат аст.
Манбеъи ин Кумисиюни интихобот ва ҳамапурсӣ гуфтанд, ки дар ҳайъати ин кумисиюн намояндаи ҳизби сусиёл-демукрот расман узвият надорад. Аммо "дар феҳристе, ки Раҳматилло Зойиров, раҳбари ин ҳизб, ҳангоми сабти он ба Вазорати адлия пешниҳод карда, аз Ҷамшед Ҷамшедов, яке аз аъзои кумисиюн ба унвони яке аз аъзои ин ҳизб ном бурда шудааст.
