Худдории порлумон аз ислоҳи Қонуни "Интихоботи президент"

  • 27 Май, 2013
Порлумон
Image caption Порлумони Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонуни "Интихоботи президенти Тоҷикистон"-ро рад кард

Порлумони Тоҷикистон тарҳи Эътилофи аҳзобу созмонҳои ин кишвар барои ислоҳи Қонуни "Интихоботи президенти Тоҷикистон"-ро напазируфтааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 27 май, дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон ин тарҳ баррасӣ шуда, аммо ба далели ҳамхонӣ надоштан ба Қонуни "Интихоботи президент" тағйироти пешниҳодӣ рад гардидааст.

Дар тарҳи Эътилоф барои ислоҳи Қонуни "Интихоботи президенти Тоҷикистон" танҳо як ислоҳ ба ин қонун, яъне, ширкати намояндагони расмии аҳзоби сиёсӣ дар қитъаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ пешниҳод шуда буд.

Аммо ба гуфтаи Саидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон, Усмон Охунов, масъули бахши ҳуқуқи Маҷлиси намояндагон таъкид кардааст, дар сурати пазируфта шудан ин ислоҳ ба банди марбут ба таъйини раису муъовинон ва дабирони қитъаҳо ва ҳавзаҳои интихоботии Қонуни "Интихоботи президент" муғойират хоҳад кард.

Оқои Ҳусайнӣ ворид кардани тағйирот дар мавриди ҳузури намояндагони расмии аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаҳо ва қитъаҳои интихоботиро барои баргузории интихоботи озод ва шаффоф муҳим арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, умдатан шумориши оро дар қитъаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ анҷом шуда ва имкони тақаллуб дар ин ҷо фаровон аст.

Бад ин тартиб, тарҳи Эътилоф барои ислоҳи Қонуни "Интихоботи президенти Тоҷикистон", ки аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ, намояндагони ҲНИТ дар порлумон ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар пешниҳод шуда буд, бидуни ҳаққи дубораи пешниҳоду баррасӣ рад шуд.

Зимнан, дар авохири соли гузашта тарҳи аввали Эътилофи аҳзобу созмонҳои Тоҷикистон бо се ислоҳ ба Қонуни "Интихоботи президенти Тоҷикистон" ба порлумони ин кишвар пешниҳод шуда буд.

Аз ҷумла, пешниҳод шуда буд, миқдори имзоҳо барои пешниҳоди номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 2 дарсад коҳиш ёбад, намояндагони аҳзоб ба қитъаю ҳавзаҳои интихоботӣ шомил шаванд ва протукули шумориши оро дар се нусха таҳия шуда ва дар анзори умум гузошта шавад.

Вале дар моҳи феврали соли ҷорӣ Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳодотро пас аз баррасӣ барои такмил ба Эътилоф бозгардонд.

Ин тарҳ низ, ки бар асоси тавсияҳои Маҷлиси намояндагон ислоҳ шуда ва танҳо бо як ислоҳ ба Қонуни "Интихоботи президенти Тоҷикистон" ба порлумон пешниҳод гардид, пазируфта нашуд.

Ба эътиқоди коршиносон, радди пешниҳодоти аҳзоби сиёсӣ барои ислоҳи Қонуни "Интихоботи президенти Тоҷикистон" роҳро барои тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ боз карда, ваъдаҳои Президент Раҳмон мабнӣ бар "баргузории интихоботи озоду шаффоф"-ро зери суол хоҳад бурд.

То кунун ҳеҷ як аз интихоботи баргузоршуда дар Тоҷикистон аз суи созмонҳои муътабари байналмилалӣ ва нозирони мустақил ба унвони интихоботи посухгӯи усули демукротик шинохта нашудаанд.

Порлумон ба чеҳраи демукросӣ "туф кард"

Дар ҳамин ҳол, Раҳматулло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, зимни як баёния аз радди пешниҳоди Эътилофи аҳзобу созмонҳои Тоҷикистон дар марвиди ислоҳи Қонуни "Интихоботи президенти Тоҷикистон" аз ҷониби Шӯрои Маҷлиси намояндагон шадидан интиқод кард.

Дар ин баёния иддаъои Усмон Охунов, раиси бахши ҳуқуқи Маҷлиси намояндагонро мабнӣ бар он ки тағйирот дар мавриди шомил шудани намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ҳавза ва қитъаҳои интихоботӣ мумкин аст ба таври мухталиф ташреҳ шавад, бепоя арзёбӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар ин санад гуфтаҳои оқои Охунов, ки аҳзоби бо теъдоди ками аъзо, назири аҳзоби сусиёлист, кишоварзӣ ё сусиёл-демукрот наметавонанд ба куллияи ҳавзаю қитъаҳои интихоботӣ, ки шумораашон болиғ ба 5 ҳазор адад аст, намояндагони худро фиристанд, рад шудааст.

Раҳматулло Зойиров дар ин баёния гуфтааст: "Бо ин амали худ Маҷлиси намояндагни Тоҷикитсон бори дигар собит кард, дар ин кишвар ниҳоди қонунгузор вуҷуд надошта ва Маҷлиси намояндагон ғайримустақил ва вобастаи давлат маҳсуб мешавад."

Дар баёния чунин натиҷагирӣ шудааст, бад ин тартиб, Маҷлиси намояндагон ҳаққи қонунии атбоъи кишвар дар мавриди интихоб кардан ва интихоб шуданро нодида гирифта, банди Қонуни "Интихоботи президенти Тоҷикистон" марбут ба усули ҳатмии баробарӣ дар ташкил ва баргузории интихоботро нақз кардааст.

Матолиби муртабит