Баррасии тавофуқоти низомию молии Тоҷикистон дар порлумон

  • 22 Апрел, 2013

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Мувофиқатномаи ҳамкорӣ дар бахши таъминоти муҳандисии Нерӯҳои Мусаллаҳи ИДММ ва созишномаи Тоҷикистон бо Бонки Таҷдиду Тавсеъаи Урупо баррасӣ шудааст.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуъоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ин мувофиқатнома ба манзури тавсеъаи ҳамкориҳои низомӣ дар чорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Муштаракулманофеъ имзо гардидааст.

Дар ин ҷаласа, рӯзи душанбеи 22 апрел баргузор шуд, пешнависи ислоҳи қавонини “Маҷлиси олии Тоҷикистон”, “Телевизюн ва радиошунавоӣ”, “Ҳуҷҷатҳои электронӣ” ва Кодекси “Меҳнат” низ матраҳ шудаанд.

Ҳамчунин, Маҷлиси намояндагон таърихи баргузории муҳокимаҳои порлумонии раванди иҷрои Буҷети давлатии Тоҷикистон ва мусаваббаи давлати ин кишвар дар бораи тасдиқи нақшаи Истротежии солимии репродуктивӣ то соли 2014-ро мушаххас кардааст.